Автор: Super User Категория: ВИЛОЯТ ЯНГИЛИКЛАРИ
Дата публикации Просмотров: 3938
Печать

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Конибодом силсилаи тадбирҳо амалӣ мегарданд. Имрӯзҳо дар шаҳр азнавбақайдгирии ҳунарҳои мардумӣ, ки сокинон бо он шуғл меварзанд, оғоз гардида, дар ин самт гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, алҳол дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот зиёда аз 200 нафар ҳунармандон ба қайд гирифта шуда, дар байни халқ беш аз 70 намуди ҳунарҳо мавҷуд аст. Чуноне мудири бахши фарҳанги шаҳр Бурҳониддин Ҷабборӣ иброз дошт, дар натиҷаи фаъолияти гуруҳи корӣ маълум гардид, ки якчанд намуди ҳунарҳои мардумӣ, ки пештар нуфуз доштанд, рӯ ба таназзул ниҳодаанд. Аз  ҷумла, кулолгарӣ, ки пештар нафарони зиёд бо ин намуди ҳунар рӯзгорашонро пеш мебурданд, аз байн рафта истодааст. Бинобар он, дар мактаби санъати бачагонаи шаҳр бахши кулолгарӣ таъсис дода шуд, ки аллакай хонандагони зиёд номнавис шудаанд.

Ба иттилои Бурҳониддин Ҷабборӣ масъулин азм доранд ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ корбарӣ намуда, занони бешуғл ва ҷавононро низ ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ҷалб намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: