Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2671
Печать

        Равандҳои муосири муносибатҳои байналхалқӣ, қонунияти сиёси ва давлати тақозо мекунанд, ки кишварҳо дар ҳар шакле бо ҳам дар иртиботи қави бошанд ва кайфияти тақвияти муносибатҳо сатҳи ҳамкориро ба дараҷаи баландтар, ки онро зери мафҳуми “шарики стратеги” ифода мекунанд, мерасонад. Ба ин мазмун, агар ҳамкорию муносибот дар сатҳи баланд қарор гирифта,

дар арсаи муколимот бовару итминони тарафайн ва ҳусни тафоҳум мавқеи меҳвари дошта бошад, бидуни шубҳа, ин навъ давлатҳоро давлатҳои шарик ва ниҳоятан, шарики стратеги меноманд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи Русия  символи шарики ва ҳамшарикии стратегиро дошта ва дорад.  Солҳои тӯлонист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия  муносибати дӯстона ва бародарона дорад. Муносибатҳои дипломати миёни ин ду давлат дар марҳилаи нави таърихи (манзур замони соҳибистиқлоли аст) 8 апрели соли 1992 шурӯъ шуд. Қаблан дар ҳудуди аморсолори ва давлати Шӯрави тарҳи муносиботи дутарафа рехта шуда буд, вале давраҳо мутафовит буданд. Аммо муносибатҳои Русияву Тоҷикистон дар марҳилаи нави таърихи бо ду санади тарафайн -- «Муоҳида дар хусуси дӯсти, ҳамкори ва мусоидати мутақобила байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва «Созишнома байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкори дар соҳаи ҳарби», ки 25 майи соли 1993 дар шаҳри Москав аз  ҷониби Президенти Русия Борис Николаевич Елтсин ва  Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонов ба тасвиб расидаанд, пайванд хӯрдаанд. Асноди мазкур то имрӯз эътибори сиёси ва қувваи ҳуқуқии худро аз даст надода, мавриди истифода қарор доранд.

       Тибқи маълумоти таҳлилии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 27 соли ҳамкориҳои мутақобил (1992-2019) миёни ду кишвар зиёда аз 237 шартномаи байнидавлати ва байниидорави ба имзо расидааст. Ҳар ду ҷониб имрӯз зиёда 28 сол мешавад, ки бо ҳам узви аъзои СММ, ИДМ, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошанд.

Илова бар вохӯриҳои дуҷониба, Президентҳои Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкории Русия ва Тоҷикистонро дар доираи сафарҳои кори ва форумҳои гуногуни байналмилалӣ, махсусан дар ҷаласаҳои Шӯрои Сарони Давлатҳои ИДМ, Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё (аз  соли 2015 - Шӯрои Олии Иқтисодии Авруосиё), вохӯриҳои Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД, саммитҳои Созмони Ҳамкории Шанхай барраси менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар таҳкими муносибатҳои иттиҳоди ва шарики тақвият ва рушди робитаҳои дуҷониба муносибатҳои сарони давлатҳо нақши калиди доранд. Намунаи барҷастаи чунин муносибатҳо ташриф ва сафарҳои расми ва давлатии онҳо ба кишварҳои якдигар аст. Ин сафарҳо хусусияти доими гирифта, аксаран бо натиҷаҳои дилхоҳ анҷом меёбанд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон апрели 2001, июни 2004, июли 2007, октябри 2007, августи 2013, феврали 2014 ба Русия сафарҳои расми анҷом дод. Боздидҳои Президенти Русия В.В.Путин аз Тоҷикистон ноябри соли 1999, июли 2000, октябри 2001, апрели 2003, октябри 2004, августи 2008, сентябри 2011, октябри 2012 сурат гирифтанд. Ин ташрифот ва сафарҳо, ҳам аз нигоҳи фосилави ва ҳам аз нигоҳи муҳтаво ҷидди буда, аз сатҳи баланди робитаҳои дӯстона гувоҳи медиҳанд. Дар ҷараёни ин ташрифот масъалаҳои муҳими давлатию сиёси, минҷумла баҳамоии Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои ҳарби ва сарҳадот, таъмини амнияти минтақа, тавсеаи иртибототи тиҷоратию иқтисоди, танзими муҳоҷирати меҳнати ва амсоли инҳо барраси гардида, як қатор созишномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги соҳаҳои оби-барқи, фулузоти ранга, истихроҷи нафту газ ва захоири табии ба имзо расиданд.

Муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар доираи ташрифи расмии Президенти Русия В.В. Путин ба Тоҷикистон 5 октябри 2012 густариш ёфт. Дар ҷараёни ташрифоти мазкур санадҳо оид ба ҳамкори дар соҳаи низоми, энергетика, расондани маводи нафти ва вусъати ҳамкори дар соҳаи муҳоҷират ба тасвиб расиданд. Соли 2013 ҷиҳати татбиқи ин санадҳо Созишномаҳои байниҳукумати қабул гардида, тибқи он ба маҳсулоти нафтии аз Русия ба Тоҷикистон воридшаванда нархи имтиёзнок муқаррар карда шуд. Шароити будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар карда шуда, муҳлати кор ва сабти номнависии онҳо тамдид гардид. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Федератсияи Русия ба унвони шарик ва ҳамшарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оѓози муносибот то имрӯз маҳсуб меёбад. Ин нукта на як ё ду маротиба, балки садҳо маротиба аз ҷониби шахсиятҳои олимартабаи ҳар ду кишвар садо додаанд. Аз ин ҷост, ки раҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали касби Истиқлолияти давлати мавқеи бародари ва ҳамширикиро дар нисбати Федератсияи Русия  интихоб кардааст ва дар ин росто қадамҳои устувор мебардорад. Гузашта аз ин, ташрифоти расмии чандинкаратаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба Русия ва мулоқоти ӯ бо элитаи сиёсию фарҳангии кишвар баёнгари он аст, ки Тоҷикистон ҳамеша дар масири  ҳамшарики бо давлат ва ҳамгиройи бо фаъолони мадании руси ҳаракат мекунад. Аз ҷониби дигар, тайи зиёда аз дусад соли ахир мардуми тоҷик бо халқи рус дар як фазо зиндаги карда, табодули фарҳангу ҳунар ва афкору маънавиёт намудаанд. Давлати Русия дар симои Президент В.В. Путин  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон ҷиҳати сохтани фазои якдилию ҳамбастаги ва ҳамгиройии сиёсию иҷтимои  ва иқтисодию мадани саъю талоши фаровон меварзанд. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат Эмомали Раҳмон ҳанӯз дар доираи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи 23 апрели соли 2014 ба масъалаи рушду тавсеаи муносибати Тоҷикистону Русияро таваққуф намуда, афзуда буд: «Тавсеаву рушд ва густариши муносиботи дарозмуддату босуботи Тоҷикистон бо шарики асосии стратегии мо – Федератсияи Россия низ аз ҳадафҳои асосии мост. Аслан сатҳ, мазмун ва муҳтавои равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россияро на танҳо манфиатҳои геополитики ва прагматизми иқтисоди, балки ҳамчунин заминаҳои маънави, фарҳанги ва пайвандҳои инсони муайян месозанд…». Аз ин ҷост, ки сафари расмии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Русия далели дигари ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар буда, раванди ҳамшарикии стратегиро дар марҳилаи сифатан нав таҳкиму тақвият мебахшад.

          Албатта, раванди муҳоҷирати меҳнати, ки солҳост ҷомеаи тоҷикиро дунбол мекунад, як дараҷа мушкилотро ба вуҷуд меоварад. зеро ки қисмати зиёди шаҳрвандони мамлакати мо ба Русия мераванд.  Интихоби Русия ба унвони макони кору сукунат аз каробати фикри, назари, фарҳанги ва маъанавии ду халқ – тоҷику рус дарак медиҳад. Дар зимн, аз нимаи дуюми солҳои навадуми асри бисит шурӯъ карда, мардуми Тоҷикистон ба Русия муҳоҷират намуданд ва то имрӯз мсаъалаи  муҳоҷирати меҳнати ба сифати масъалаи калиди дар сиёсати давлати Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Набояд фаромӯш кард, ки муҳоҷирати меҳнати раванди фарогирест, ки ба ҳамаи давра ва марҳилаҳои таърихи хос аст ва кишвар ва ё давлате ба мушоҳида намерасад, ки аз ин ҷараёни умуми вобаста набошад. Аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз инсоният ва дар маҷмӯъ, ҷомеаҳо дар фазои муҳоҷират қарор доштаанд ва ногузир онро ҳамчун зарурати таърихи ва падидаи иҷтимои пазируфтаанд. Ниёзу хостҳои иҷтимои, ахлоқи, модди, мадани ва ҳунари мардуми як минтақаро ба минтақаи дигар муҳоҷир намудааст.

     Аммо раванди муҳоҷирати меҳнати дар шароити муосири ҷаҳонишави ба як падидаи муқаррари табдил ёфтааст ва солона миллионҳо нафар сокинони як минтақа ба минтақаи дигари сайёра муҳоҷир мешаванд. Ба ҳисоби миёна, имрӯз зиёда аз 200 миллион нафар мардуми сайёра дар муҳоҷирати меҳнати қарор доранд. Албатта, дар ин миён муҳоҷирати иҷбори, ки бо назардошти воқеиятҳои талхи таърихи иттифоқ афтодааст, раванди муътадили иҷтимои нест. Қатъи назар аз ин, кишвар ва давлатҳои зиёди минтақави ва ҷаҳони дар рӯёрӯйи раванди муҳоҷирати меҳнати қарор доранд ва ҳамарӯза бо мушкилоти мигратсиони бархӯрд мекунанд. Бемуҳобо, дар шароити феъли ҳеҷ кишвар ва давлате бидуни даргири бо ин раванд буда наметавонад ва ҳамаги онро ба унвони воқеияти замони, макони ва таърихи мешиносанд.

     Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно нестанд ва бо назардошти имконот ва шароити зисти ҳамасола насли ҷавони кишвар ба муҳоҷирати меҳнати ҷалб мешаванд. Насли ҷавони кишвар бештар ба муҳоҷирати меҳнати тамоюл дорад ва ин ҳолати табиист, зеро ки ҷавони имрӯза дунёро дидан мехоҳад ва дар ростои ҷаҳду талошҳояш барои худ зиндагии шоистаро муҳайё месозад. Ошнои бо васоити муосири техники, технологияи инноватсиони ва машѓулият дар фазои маҷози тафаккури ҷавони имрӯзаро боз кардааст. Бо мақсади дарёфти имконоти бештари кору фаъолият ва таҳсилу тадрис ҷавонон масири муҳоҷиратро интихоб мекунанд. Аз ин ҷост, ки муҳоҷирати меҳнати раванди умумиинсонист ва василаи тамоси фарҳанги ҳунари ва моддию маънави ба шумор меравад.

       Аз тарафи дигар, ҷараёни муҳоҷирати меҳнати талабот ва махсусиятҳои худро дорад. Донистани забону таърих, риояи талаботи шаҳрванди, эҳтиром ба арзишҳои миллию буми,  урфу одат ва суннатҳои кишвар аз мушаххасоти ҷараёни муҳоҷирати меҳнати маҳсуб меёбанд. Дар ин замина давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳоро роҳандози намудааст ва минбаъд ҳам ҷиҳати дар сатҳи зарури анҷом гирифтани раванди муҳоҷирати меҳнати аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Тайи чанд соли ахир давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муҳоҷирати меҳнати бо кишварҳои гуногун, аз ҷумла Федератсияи Русия созишномаҳо ба тасвиб расонидааст. Ҳамчунин барои боло бурдани сатҳи саводи муҳоҷирони меҳнати курсҳои мухтасари бозомӯзи таъсис ёфта, шумораи ихлосмандони он сол ба сол афзун мегардад. Илова бар ин, бо ҷалби мутахассисони варзида ҳамасола курсҳои мавсимии омӯзиши ташкил шуда, дар баробари омӯзиши забонҳои русию англиси ба муҳоҷирони оянда нозукиҳои ҳуҷҷатгузори ва будубош дар кишвари бегона, шароити касбу кор, талаботи рӯзмарра, тарзи муомилаю муошират бо шаҳрвандони мамлакати мавриди назар ва амсоли инҳо омӯзонида мешаванд.

         Аминем, ки дар доираи сафари расмии Президенти мамлакат ба Русия бисёр мушкилот, аз ҷумла масъалаи муҳоҷирати меҳнати, ки аз он дар расонаҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимои зиёд сӯйистифода мешавад, мавриди барраси қарор гирифта, дар ин замина асноди дуҷониба ба тасвиб мерасанд. Ҳамзамон мулоқоти Сарвари давлат бо донишҷӯён, намояндагони диаспораҳои тоҷик ва аҳли фарҳангу маскунини тоҷиктабори Русия боиси  таҳкиму тақвият ёфтани раванди ҳамбастагии милли мегардад.

         Хулоса сафари навбатии Сарвари давлат ба Русия саҳифаи наверо дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи миёни ду кишвари дӯст боз карда, ба рушди ҳамкориҳои фарогир дар тамоми соҳаҳои имконпазир ба манфиати халқҳоямон мусоидат хоҳад кард.

        

     Фаридуни Ориёӣ

     15 апрели соли 2019

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: