Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2169
Печать

Маркази матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ

аризаи маҳкумшуда - шаҳрванд Сайид Қиёмиддини Ғозиро баррасӣ карда, 29 январи соли 2019 муҳлати ҷазои ӯ 18 сол ихтисор ва аз 25 ба 7 сол расонида шуд.
Қарори мазкур бинобар сидқан пушаймон шудани Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз кирдорҳои содирнамудаи худ, мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва фош кардани ашхоси ба ин ҷиноятҳо алоқаманд қабул шуда, ба ҳукми Суди шаҳри Душанбе дар қисми таъини ҷазо тағйирот ворид гардид.
Ёдовар мешавем, ки Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, маъмул бо тахаллуси «Эшони Қиёмиддин», соли таваллудаш 1952, зодаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, яке аз муассисони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе аз 15-уми майи соли 2018 барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳои дорои характери экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: