Банда дар сомонаи иғвоангези «ksaadat» матлаби «Аз замоне ки худро шинохтаам, «босмачиён»-ро мудофеъи обухоки худ медонистам»- и боз як бегонапарасти «панктуркистӣ» Дориюши Раҷабиёнро хонда нафратам ба ин разил боз зиёдтар шуд. Магар ӯ Кури Шермат, Иброҳимбек, Фузайл Махсумро мудофеъи обу хоки худ медонад, ё ин ки Анварпошо ва Салимпошои туркро. Ба фикри банда авлоду аҷдоди Дориюши Раҷабиён аз авлодони ҳамон «босмачиён»-и ғоратгари туркнажод будаанд, ки ин қадар барои тарафдории онҳо ҷоғ мезанад. Ё Анварпошою Салимпошо «язнааш» буданд.
Дар тули ин солҳо олимони тоҷик исбот кардаанд, ки «босмачиҳо» киҳо буданд, бар зидди мардуми бечора чи зулму ситамро раво дидаанд, чи қадар зиёиён ва деҳқононро молу мулкашонро таллаву тороҷ намуда худашонро ба қатл расониданд. Агар ин «босмачиҳо»-и хунхор аз давлату меҳани худ дифоъ мекарданд магар мардум бар зидди онҳо бармехост?, ҳагиз не. Аммо ин разилон бо супориши «хоҷагони туркнажодашон» миллати худро азобу шиканҷа доданд, ба қатл расониданд то ки мардум аз ин «босмачиҳо» тарсида онҳоро тарафдорӣ намоянд, лекин аҳолӣ яқинан медонистанд, ки дар сурати ғалаба кардани ин разилон онҳо боз дар зери истисмори онҳо қарор мегиранд. Аз ин рӯ, ё марг ё озодӣ гуфта ба муқобили онҳо баромада дар лонаашон ин хунхоронро нету нобуд карданд.
Ҳамчунин барои чунин бегонапарастнони ба монанди Дориюши Раҷабиён ва роҳбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ устод Садриддин Айни дар асари таърихии «Дохунда» образи «босмачиҳо»-ро чунин нишон додааст: «ҷазои босмачӣ аҳолиро сӯхтан, куштан, овехтан ва кӯбкорӣ (бузкашӣ) кардан аст, камтарин ва осонтарин ҷазояш гӯшу бинӣ буридан аст, ки танҳо баъзе хушбахтон бо ин ҷазо халос мешаванд”. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо устод дар дигар маврид қайд кардааст: “Туғайсариғ даҳани халтаро кушода, гӯшу биниҳои буридаи одамиро ба Иброҳимбег нишон дода, гуфт ҳар кадоми ин гӯшу биниҳо гӯшу бинии ҷадид, болшевик ва хайрхоҳони онҳост, ки ба нияти устувор кардани давлати амир буридаам ва баъд аз ин ҳам ҳар қадар гӯшу бинӣ, ки дар ин роҳ бибурам, ҷамъ мекунам, ҳар вақт ҷаноби амир омаданд, ба ҳузури муборак пешкаш менамоям, дар он вақт амир медонанд, ки Туғайсариғ кӣ будааст ва марҳаматҳои муносиб дар ҳаққи ман хоҳанд кард”. Ана бинед, ки ин “босмачиҳо”-и ба гуфтаи Д.Раҷабиён «мудофеъи обухоки меҳан» ба мардуми бечора чи зулмро раво медиданд, аз рӯи мақоли халқ “Чизе ки айён аст ҳоҷат ба баён нест”. Лекин ин лаъини Раҷабиён бо супориши “хоҷагонаш” бе ягон далел ин хунхорони “босмачӣ”-ро “таърифу тавсиф” карда, мехоҳад бо ин роҳ хонанадаи закиро ба худ ҷалб кунанд, аммо таърих гувоҳ аст ва дар ҳеҷ маврид мардум ба сафсатаҳои Раҷабиёну пайравонаш бовар намекунанд.
Халқи тоҷик “босмачиён”-и золим, маккор, фосиқ ва хунхорро ки монанди мор ба назар намоён буданд, нест карданд, аммо он гурӯҳаке, ки бо номи “босмачиён”-и навбаромада дар мисоли Дориюши Раҷабиён ва роҳбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ, монанди “каждуми таги бурё” аз рӯйирост нишон додани худ тарсида, дар хориҷи кишвар садо баланд карда “заҳр мезананд”, аммо яқинан онҳо барои пешрафти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар монеъаҳо эҷод карда наметавонанд, “нешашон” ба зуди шикаста мегардад, дигар намегузорем, ки қадами номубораки ин бегонапарастони хоини давлату миллати тоҷик ба хоки сарзамини биҳиштосои мо гузошта шавад.
Фаррухи Фаридун, рӯзноманигори масолили сиёсӣ
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: