Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2235
Печать

 

 

ДУШАНБЕ, 22.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба фаъолияти муғризонаи ТТЭ ҲНИ  ва тавтиаангезиву туҳматпароканиҳои роҳбариятуаъзои он  мухбири рӯзномаи «Имрӯз News» Довуд Исматӣ    бо  Зикриё Акрамӣ, доктори илмҳои таърих, профессор суҳбат доир намудааст.  Матни онро дар зер бознашр менамоем.

 

— Роҳкорҳои муборизаи сиёсии роҳбарият  ва  аъзои ТТЭ ҲНИ—ро дар шароити кунунӣ чӣ гуна метавон тавзеҳ дод? Ин ҳилаҳои шаръӣ  ва баландпарвозихои сунъӣ аз нуқтаи назари амалгароии таърихӣ  ва  хиёнатҳои такрории ин ҳизб  оё ягон бунёди воқеӣ доранд?  

— Қаблан бояд гуфт, ки роҳкори муборизаи сиёсии ТТЭ ҲНИ, ки аз ибтидои фаъолияти худ тавтиаангезона буд, ҳанӯз ҳам моҳиятан тағйир наёфтааст.  Аммо раҳбарияти ТТЭ ҲНИ феълан дар андешаи тағйир додани шакли муборизаи худ ва бо пӯшиши гӯё ба ном «мардумсолорона»-ву «демократӣ» ҷилва додани талошҳои сиёсии хеш машғуланд. ТТЭ ҲНИ бо шиорпартоиҳои худ дар назди ҷомеаи башарӣ ва мардуми кишвар чунин вонамуд кардан мехоҳад, ки гӯё ҳадафи муборизаи сиёсии онҳо бунёди ҷомеаи мардумсолор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин иддаои онҳо чизе ба ҷуз як риёкории авомфиребона ва бешармона нест. Дар ин маврид бояд  ба  назар гирифт,  ки  мафҳумҳои «мардумсолор», «мардумсолорӣ», яъне «демократия» ҳамчун шакли идорӣ ва давлатдории мардумӣ аз дидгоҳи усулӣ ва бунёдӣ  бо шакли  давлатдории  динӣ  мутазоду мутаноқиз  аст. Дар  шакли давлатдории динӣ агар қонунҳои ҷомеа дар истинод ба муқаррароти  шаръӣ  қабул  карда шаванд, дар шакли давлатдории демократӣ  қонунҳо дар асоси раъй ва хостаҳои мардум мавриди қабул қарор мегиранд. Аз ин рў боиси тааҷҷуб аст, ки феълан раҳбарияти ТТЭ ҲНИ бархилофи  ин масъалаи  бунёдӣ ва мавқеъгирии  аслии  ҳизбии худ  риёкорона  ҷонибдории хешро  аз арзишҳои  демократӣ ва ҷомеаи  мардумсолор вонамуд мекунад. Ин ба ҷуз  замонасозӣ ва бозии сиёсӣ чизи  дигаре  нест. Мақсади ТТЭ ҲНИ  аз  ин гуна мавқеъгирии риёӣ танҳо он аст, ки  ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи башар ва ҷомеаи ҷаҳониро  ба сўи худ  мутаваҷҷеҳ созад.

Дар  мавриди мавқеъгириҳои  сиёсии худ феълан ТТЭ ҲНИ иддао мекунад, ки таъмини  амну  субот ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  волотарин  ҳадафҳои роҳбарияти  он мебошад.  Аммо мутаассифона, дар асл чунин нест.  Агар  дар  воқеъ  мақсади  роҳбарияти ТТЭ ҲНИ таъмини амну субот, сулҳу  ваҳдат  ва  ҳифзи  манфиатҳои миллӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебуд,  пас  чаро  роҳбарияти ТТЭ ҲНИ тобистони соли 2015  расман  шартномаи  сулҳ  ва истиқрори миллиро якҷониба беэътибор  дониста,  нисбати  сулҳ  бойкот эълон   кард,  ки  ин  худ  ба таври ошкоро эълони ҷангро дошт.  Дар  паи  ин  мавқеъгирии  тундравонаи  ТТЭ ҲНИ  аввали  моҳи сентябри  соли  2015  муборизаи  муташаккилонаву мусаллаҳонаи аъзо ва ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ ба амал омад, ки боиси нооромии вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва марги даҳҳо шаҳрвандони кишвар гардид. Бо назардошти ин вазъ суоле ба миён меояд, ки агар воқеан ҳам волотарин ҳадафи ТТЭ ҲНИ таъмини  амну  субот ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебуд,  пас  чаро  ин  ҳизб  амну  суботи  кишварро,  ки  онро  волотарин  ҳадафи  худ  муаррифӣ мекунад, ба  хотири  манфиатҳои  гурўҳиаш барҳам  зад ва ҷони миллионҳо нафар  ҳамватанону мавҷудияти давлатдории миллии моро,  ки  он  бузургтарин  дастоварди  миллат дар тўли ҳазор соли охир аст, зери хатар  гузошт?

Роҳкорҳои муборизаи сиёсии ТТЭ ҲНИ аз ибтидо тавтиаангезиву моҷароҷӯӣ ва туҳматпароканӣ алайҳи сохторҳои давлатӣ буд ва ҳанӯз ҳам ин роҳкор тағйир наёфтааст. Ҳангомае, ки ахиран онҳо дар робита ба марги адвокати шинохта Ф.Воҳидова роҳандозӣ карданд, далели ин гуфтаҳост.  Онҳо  ҳатто аз мусибати хонаводагии шаҳрвандони кишвари мо низ ба нафъи худ истифода бурдан мехоҳанд. Дурӣ аз Ватан, эҳсоси набзи воқеиятро дар тинати наҳзатиҳо маҳрум кардааст, онҳо дарк намекунанд, ки тибқи суннати мардуми шарифи тоҷик, дар бораи шахси фавтида бо суханҳои нек, хотираи ӯро зинда медоранду  хомӯширо дар ин мавридҳо авлотар медонанд.

— Фаъолияти ТТЭ ҲНИ—ро агар бетарафона тибқи назарияи илмҳое чун  сиёсатшиносӣ ва ё ҷомеашиносӣ арзёбӣ намоем, пас ба он чӣ гуна  баҳо додан мумкин аст?

— Дар иртибот ба фаъолияти қабливу феълии ТТЭ ҲНИ ин ниҳоди ифротгароро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон «ҳизби сиёсӣ» ва ё ҳатто «ҳизби оппозитсионӣ» номид. Тибқи тавзеҳоти маъмулии илми сиёсатшиносӣ дар ҷомеаҳои қонунсолор шеваҳои фаъолият ва роҳкорҳое, ки  «оппозитсия» , «ҳизби сиёсӣ» ва «ҳизби оппозитсионӣ» дар мавриди муборизаи сиёсӣ метавонад аз онҳо истифода кунад, бояд ҳатман қонунманд  ва мусолиматомез бошанд. Шарти муҳими муборизаи сиёсии аҳзоби сиёсӣ барои ба даст овардани қудрат дар ҳама гуна ҷомеа ва ба вижа ҷомеаи демократӣ он аст, ки усули мубориза ҳатман бояд машруъият дошта бошад, яъне  муборизаи сиёсии аҳзоби сиёсӣ дар ҳама ҳолат бояд муборизаи солим ва маданиву қонунманд бошад. Аҳзоби сиёсӣ дар ин росто ҳаргиз ҳаққи корбурди шеваҳои ғайримуҷозу ғайриқонунӣ ва хушунатбору мусаллаҳонаи муборизаро, ки амну суботи ҷомеа ва умуман, манофеи миллиро ба хатар мувоҷеҳ мекунанд, надоранд. Ҳама гуна муборизаи сиёсии афрод ва аҳзоби сиёсӣ дар ҷомеаҳои қонунсолор хатти сурхи худро дорад, ки он аслан арзишҳои бунёдии миллиест, ки аз онҳо дар маҷмӯъ ҳамчун манофеи миллӣ ёд мешавад. Риояи ин хатти қирмиз шарти муҳими фаъолияти тамоми афрод ва аҳзоби сиёсӣ дар ҳар як ҷомеа аст. Ҳар як давлат ҳамчун муҳимтарин дастгоҳи ҳифзи манофеи миллӣ  ҳақ  дорад, ки фаъолияти афрод ва аҳзоби сиёсиеро, ки  ин хатти сурхро риоя накарда арзишҳои бунёдӣ ва манофеи миллиро ба хатар мувоҷеҳ мекунанд, ҳамчун гурӯҳи хатарноки сиёсӣ мамнӯъ ва қатъ кунад. Аз ин дидгоҳ ба сароҳат метавон дарёфт, ки фаъолияти сиёсии ТТЭ ҲНИ ҳамчун «ҳизби сиёсӣ» ва «ҳизби оппозитсионӣ» ҳеҷ гоҳе ба талаботи маъмулии қонунгузорӣ ва фаҳмиши солими сиёсии замони муосир мутобиқат надошт ва надорад.  Аз ин рӯ ин ҳизб дар истинод ба фаъолияти қаблӣ ва феълии худ фақат як гурӯҳи террористиву экстремистие буду бас, ки бо дастгирии ғоявию молиявии хоҷагони бурунмарзии хеш барои ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар ҶТ талош меварзид.

ТТЭ ҲНИ-ро дар тӯли фаъолияти мадиди расмӣ ва ғайрирасмии он ҳаргиз наметавон ба ҳайси оппозитсияи солим ва созанда  дар сафи нерӯҳои мухолифи кишвар ёдовар шуд. Зеро он ҳамеша манофеи гурӯҳии худро дар қиёс ба манофеи миллӣ дар авлавият мегузошт. Ҳадафи ниҳоии гурўҳҳои сиёсӣ ҳаргиз набояд фақат бо талошҳо барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ маҳдуд шавад. Муборизаҳои сирф қудратталабонаи  аҳзобу ашхоси сиёсӣ бе назардошти эҳтиром ба  арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ хатарзо буда ҷомеаро ба сўи фоҷеа мебарад. Барои фаҳмо шудани ин матлаб метавон ҳамчун намунаи оппозитсияи солиму созанда фаъолияти ниҳодҳое ба мисли “Анҷумани нирӯҳои созанда”-и Додоҷони Атовуллоҳ ва  афроди озодманише чун Ҳафиз Бобоёров, Мирзораҳматов Саломиддин ва Ҳарамгули Қодир, ки шартан онҳоро намояндагони хати аслии  маорифпарварии “Блоки нав” дар Аврупо ва кишварҳои пасошуравӣ меномем, мисол овард. Намояндагони “Блоки нав” бо мавқеъгирии ин сиёсатмадорони муътабар маҳдуд намешаванд ва иттилооте ки мо дар ихтиёр дорем, ҷонибдорони ин хати сиёсӣ бамаротиб бештаранд. Бо мурури замон, ҳадди аксари равшанфикрони дар хориҷа қарордошта, аз адабиёт ва тафсири “Блоки нав” перомуни вазъи кунунии дастгоҳи истибдодии ҲНИ истифода хоҳанд кард.

— Омили аслии нокоми талошҳои ТТЭ ҲНИ-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани ҳокимиятисиёсӣ дар чӣ мебинед? 

— Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки талош  барои таъсиси давлати исломӣ дар ҷуғрофиёи тамоми  ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ва минҷумла дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштвонаи иҷтимоӣ надорад. Аксарияти мардум бо вуҷуди он ки аз лиҳози эътиқодӣ пайравони дини ислом мебошанд, аммо  бо мушоҳидаи вазъи пуртанишу хушунатбори сиёсиву иҷтимоии  кишварҳои исломии ҳамҷавори худ ва таассуби мазҳабие, ки дар аксари ин ҷомеаҳо ҳукмрон аст, зистан дар ҷомеаи озоди дунявиро афзал медонанд.

Ба вижа дар Ҷумҳурии мо, ки мардум тӯли солҳои 1992-1997 бевосита оқибати талошҳои сиёсии гурӯҳҳои мазҳабгаро ва исломи сиёсишударо таҷриба карданд ва дар паи ин аъмоли тундравонаи мазҳабгароён, ки ТТЭ ҲНИ қофиласолори он буд, беш аз 150 ҳазор нафарро аз даст доданд, дигар ҳаргиз наметавонанд исломи сиёсиро бипазиранд, гузашта аз ин ҳаргиз дигарбора  ба хотири мансабталошии ҳеҷ муллову рӯҳоние  барои қатли бародарони худ аз гумроҳӣ силоҳ ба даст нахоҳанд гирифт, зеро мардум ба чашми худ дида буд, ки чӣ гуна ҷонибдорони исломи сиёсӣ бо шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ Ватани азизро ба мотамсарои умумӣ табдил доданд ва дар тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нисбат ба намояндагони миллату давлати худ садҳо маротиба амалҳои террористӣ ва сӯиқасдҳо анҷом доданд. Ҳазорон нафар шаҳрвандони мо дар паи ин сиёсатбозиҳои рӯҳониён кушта шуда, аз он бештар ятиму бепарастор ва бехонумон гардиданд. Дар ин росто метавон садҳо саҳнаҳои даҳшатбори қатлу куштори ҳамватанони бегуноҳро ба дасти  афроди ифротиву тундгарои исломӣ ёдовар шуд, ки ҳатто баъд аз тасвиби Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ ба амал омада буданд.

Сониян мардум фаҳмиданд, ки ТТЭ ҲНИ аслан абзори сиёсии дасти манфиатҷӯёни хориҷист ва барои бароварда кардани аҳдофи онҳо ҳатто омодааст  ба муқобили Ватан ва ҳамватанони худ фаҷеътарин анвоъи мубориза, аз ҷумла террору экстремизмро низ мавриди корбурд қарор диҳад. Барои мардум ошкор шуд, ки исломгароёни мо аслан на дар паи амалӣ кардани ҳадафҳои миллати худ, балки дар паи татбиқи хостаҳои хоҷагони хеш будаанд. Аксари қумандонҳои наҳзатӣ дастпарварони макотиби террористии кишварҳои манфиатҷӯи минтақа буданд, ки  тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он дар мавзеъҳои мухталифи кишвари мо даҳҳо амалҳои террористӣ ва сӯиқасдҳо ташкил карда, боиси марги садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла шахсиятҳои маъруф ва шинохтаи ҷумҳурӣ шуда буданд. Терроризми мафкуравии онҳо, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта таҳти шиоргунаҳое чун “нони муаллим ҳаром аст”, “намози ҷанозаи муаллимро набояд хонд” ва амсоли инҳо зуҳур карда буд, тадриҷан ба терроризми ҷисмонӣ алайҳи дигарандешон ва ба вижа равшанфикрони кишвар табдил ёфт. Қатли рӯзноманигори шинохта Отахон Латифӣ,  олимони маъруф Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ  Ғуломов, мушовири  Президент Карим Юлдошев, адиби шинохта Сайф Раҳимзод, муфтии марҳум Фатҳуллохон Шарифзода ва ҳамчунин  20 нафар афсарони қисми низомии ФР дар ҶТ намунае аз бисёр ва муште аз хирвори ифроткориҳову ҷиноятҳои бешумори ТТЭ ҲНИ аст.

Омили  сеюми номуваффақии талошҳои ТТЭ ҲНИ барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ дар ҷомеаи мо он аст, ки ҳизби мазкур аслан тавонмандии назарӣ ва амалии саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро надошту надорад. Фаъолияти ин ҳизб фаротар аз сатҳи сиёсӣ ва идеологӣ набуду нест. Ин ҳизб бо вуҷуди ба даст овардани муҷаввизи фаъолияти расмӣ усулан натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд, аммо, мутаассифона, бо корбурди номи ислом ва сӯиистифода аз эътиқоди мардум то ҳанӯз саъю талошҳои тавтеаангез барои ҳусули ҳадафҳои сиёсии дастнораси худ мекунад.

Дар робита ба  як қатор омилҳои хориҷӣ ва дохилии кишвар метавон қотеъона натиҷагирӣ кард, ки ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аслан имконият ва қудрати ба даст овардани ҳокимияти сиёсиро ҳаргиз надошт ва низ нахоҳад дошт. Барои ба чунин хулоса омадан далелҳо ва мадракҳои муайяне мавҷуданд. Дар ин росто аз ҷумла бояд таъкид кард, ки ҳизби  мазкур аз диди омодагии сифатӣ ва миқдории кадрӣ дар сатҳи идории як давлат иқтидори ҷобаҷогузории кадриро ҳаргиз надошт ва ҳанӯз ҳам надорад. Ин вазъи норасоии кадрӣ ва бесаводии намояндагони ТТЭ ҲНИ ба вижа ҳангоми бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 ва дар асоси он ба ҷиноҳи мухолифин додани имконият барои пешниҳоди кадрҳо ба миқдори 30%-и  теъдоди умумии курсиҳои мансабӣ дар сатҳи давлатӣ ба таври бисёр равшан аён гардида буд. Он замон на фақат ТТЭ ҲНИ, балки дар маҷмӯъ тамоми ҷиноҳи мухолифини сиёсии кишвари мо натавониста буданд ҳатто барои пур кардани ҳамин миқдор курсиҳои мансаби давлатӣ кадрҳои ихтисосманду соҳибтаҷрибаи худро пешниҳод намоянд. Ин вазъи норасоии кадрии ТТЭ ҲНИ бозтоби равшани бесаводии намояндагон ва аъзои ин ҳизби тундгарое буд, ки даъвои ба даст овардани зимоми маъмурияти як давлати соҳибистиқлолро дошт. ТТЭ ҲНИТ на фақат дар он замон, балки дар тӯли қариб 18 соли фаъолияти бевосита ва расмии сиёсӣ доштани худ низ ин нуқсони ҷиддӣ ва бунёдии хешро натавонист ислоҳ намояд. Айни замон низ пояи кадрӣ ва сатҳи тахассусии  ин ҳизб ва намояндагони фазлфурӯшу бесаводи он дар ҳамон ҳоли пешин қарор дорад. Ин вазъиятро на фақат коршиносони сиёсӣ, балки ҳатто худи роҳбарияти ҲНИ, аз ҷумла Абдуллоҳи Нурӣ дар гузашта хеле хуб медонистанд ва дар чандин суханрониҳои худ ба он иқрор низ шуда буд.

Бо ин вазъи кадрие, ки ТТЭ ҲНИ дар гузашта дошт ва ҳанӯз низ дорад, аз ҳайати раҳбарии феълии муддаӣ ва фазлфурӯши он бояд пурсид, ки онҳо тўли фаъолияти расмии  тўлонии худ дар Тоҷикистон ғайр аз муташанниҷ кардани  вазъи ақидативу  сиёсии  ҷомеа  ва талош  барои  ҳифзи манофеи гурўҳии худ дигар  чӣ  коре   анҷом доданд?  Онҳо, ки аслан барои ба даст овардани ҳокимияти  сиёсӣ  талош  меварзанд,  на фақат барои мардум, балки ҳатто барои тарбияи ҳайати кадрии худ  натавонистанд кори барномавие дар ин муддати тўлонӣ анҷом диҳанд. Онҳо, ки даъвои ба даст овардани ҳокимиятро  дар кишвар доранд, ҳатто худ иқроранд, ки то ҳанўз ҳам иқтидори аз дидгоҳи сифатӣ ва теъдодӣ дар паҳнои як давлат ҷобаҷогузории кадриро надоштанду  надоранд. Пас бо ин иқтидори нокифояи  зеҳнӣ  чаро ғайримунсифона муддаии ба даст овардани қудрати сиёсӣ дар кишваранд ва худро  ҳамчун бунёдгузори заминаҳои устувори рушди давлат муаррифӣ мекунанд?

Аслан беэътибории ТТЭ ҲНИ-ро нисбат ба тарбияи кадрҳои ихтисосманд  метавон як амри маъмулӣ ва мантиқӣ донист, зеро табиист, ки ҳадафи  ин ҳизб ҳамчун як ҳизби террористӣ на саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти ҷомеа, балки фақат  ғасби ҳокимият ва политизатсияи дин асту бас.

Омили  чоруме, ки имкони ба сари қудрат омадани ТТЭ ҲНИ-ро  ҳамчун як ҳизби сиёсӣ аз байн мебарад, он аст, ки мардум ба нерӯи ваҳдатсоз будани идеологияҳои мазҳабмеҳвар бовар надоранд.  Мардум медонанд, ки ТТЭ ҲНИ ҳатто дар ҳолати расидан ба ҳадафи ниҳоии сиёсии худ низ наметавонад кафили ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон ва дар зимн кафили амну суботи ҷомеаи кишвар бошад. Зеро маълум аст, ки дар сурати ба сари қудрат омадани ҳизби динӣ ногузир мақому манзалати меъёрҳову муқаррароти динӣ афзалият пайдо карда риояи онҳо на ба меъёрҳои ихтиёрӣ, балки ҳатмӣ табдил меёбанд. Дар робита ба ин бо назардошти тафаккури мутаассибонаи диниву мазҳабии пайравони ТТЭ ҲНИ эҳтимолияти нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба вуҷуд хоҳад омад, ки ин боиси тирагии фазои ақидатии аҳолӣ ва ташаннуҷи вазъи иҷтимоӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин бо назардошти  он ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистон пайрави мазҳабҳои мухталифанд, дар ҳолати авлавият пайдо кардани меъёрҳо ва муқаррароти динӣ бар асоси яке аз  мазҳабҳо эҳтимолияти шиддат гирифтани ихтилофҳои мазҳабӣ дар кишвар низ зиёд хоҳад шуд. Ба ҳамин тафсир иктифо мекунем, вале дар ин қисмати мусоҳиба шоистаи зикр медонем, ки ҲНИ бо тамоюли бемеъёри ҳиҷратдӯстиаш, мутлақо дар ҳудуди на танҳо Тоҷикистон, балки дар кишварҳои аъзои ИДМ ҳам  пойгоҳи мардумиро аз даст додааст.  Ин омил боиси ба вуҷуд омадани тобишҳое монанди сатҳинигарӣ, ғарбзадагӣ ва миллатбадбиниро дар арзёбиҳои рӯзмарраи наҳзатиҳо  шиддат бахшидааст.

— Оё ТТЭ ҲНИ дар ҷараёни ба вуқӯъ омадани бетартибиҳои соли 2012 дар шаҳри Хоруғ даст доштанд?

— Бале, ТТЭ ҲНИ ба ин қазия мустақиман иртибот дошт. Далели ин иддао ҳамкории бевоситаи сарвари бахши вилоятии собиқ ҲНИТ Сабзалиев Маҳмадризо бо саркардагони ошӯби мазкур аст. Гузашта аз ин мавсуф худ яке аз саркардагони ин тазоҳурот буд, ки пайравони ҳизби наҳзатро дар ин вилоят ба муборизаи мусаллаҳона алайҳи нерӯҳои қудратии кишвар таҳрик медод.  Ҳамчунин дар тазоҳуроти мусаллаҳонаи мазкур нақши муҳим доштани Шерик Карамхудоев, ки низ аз фаъолони бахши дар вилояти Бадахшон будаи собиқ ҲНИТ  буд, далели рушани ҳамоҳангии фаъолияти ТТЭ ҲНИ бо муътаризон аст. Бо вуҷуди зиддиятҳои оштинопазири эътиқодии ҳизби ифротӣ бо пайравони тариқати исмоилия, ки бештар бар ақлоният асос ёфтааст ва дунявимеҳвар аст,  наҳзатиҳо бо такя ба қишрҳои маҳдуди ҷиноятӣ, ки бархе аз ҷавонони атрофи аъзои ГМҶ-и ш.Хоруғро дар мафкурасозиҳои зиддимиллӣ муттаҳид мекунад,  ҷалб намуданд. Дуруст аст, ки ин баҳогузорӣ  то ба ҳолати 15-уми сентябри соли 2018 сидқ мекунад.

— Чаро баъзе нерӯҳои сатҳи байналмилалӣ аслан ба таври пӯшида ва гоҳ-гоҳе ба таври ошкоро феълан аз ТТЭ ҲНИ ҳимоят мекунанд?

— Баъзе  субъектҳои  манфиатдори  сатҳи байналмилалӣ,  мутаассифона, бар хилофи  он  чӣ  ки  дар  зоҳир вонамуд мекунанд, на  ҳамчун  кафолатдиҳандагони  амну субот, балки омилони аслӣ ва  заминагузорони ихтилофу нооромӣ дар кишварҳои муайян  мебошанд. Ин вазъро дар тамоми нуқтаҳои даргири ҷаҳон метавон мушоҳида кард. Вазъи печидаи Сурияву Ироқ, Яману Афғонистон ва дигар кишварҳое, ки айни замон фазои ноороми иҷтимоӣ доранд, далели ин иддаост. Бе шакку  шубҳа ҳадафи аслӣ ва стратегии  лоиҳаҳои моҷароҷӯёнаи ин қудратҳои манфиатҷӯ аслан ба вуҷуд овардани омилҳои низоъ дар он кишварҳоест, аз лиҳози геополитикӣ барои онҳо дорои аҳамият мебошанд. Онҳо мехоҳанд, ки дар минтақаҳои муҳими геополитикӣ таносуби нерӯҳои мавҷудаи сиёсӣ ва амну суботи ҷамъиятиро барҳам зада вазъияти буҳронӣ ба вуҷуд оваранд ва ба ин васила заминаи дахолати сиёсиву ҳузури низомии худро матраҳ карда, роҳро барои густариши нуфузу таҳкими ҷойгоҳи хеш ҳамвор намоянд.  ТТЭ ҲНИ барои ин нерӯҳо аз қабл ҳамчун абзори сиёсӣ  мавриди корбурд қарор гирифта буд ва айни замон низ нерӯҳои муайяни сатҳи минтақа ва байналмилалӣ корбурди ин абзорро фурӯгузор накардаанд.

Баъзе аз ин нерӯҳо феълан низ ба таври ошкоро аз ин ҳизби террористӣ ҳимоят мекунад. Ҳанӯз аз солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ТТЭ ҲНИ барои барҳам задани сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзида ба ҷои он давлати исломӣ бунёд кардан мехостанд, нерӯҳои вижаи низомии баъзе кишварҳо размандаҳои ТТЭ ҲНИ-ро дар урдугоҳҳои махсус ба омӯзиш фаро гирифта, ба онҳо усули муборизаҳои террористӣ ва экстремистиро меомӯхтанд.

Нерӯҳои  манфиатдори минтақаву байналмилалӣ, ки ТТЭ ҲНИ-ро дастгирӣ мекунанд, бо вуҷуди дарки паёмадҳои фоҷиабори нақшаҳои махуфи хеш ҳамоно барои расидан ба аҳдофи геосиёсӣ ва густариши нуфузи худ дар Осиёи Марказӣ  аз сӯиистифодаи  ин ҳизб даст накашидаанд, аз ин рӯ дар шароити кунунии бисёр ҳассоси таърихӣ мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки ин гуна гурӯҳҳои хиёнаткор бо шиорҳои фиребо фазои фикрии ҷомеаи моро тира намоянд. Ин нерӯҳои ба ном “ҳамкори байналмилалӣ”  шинохти комил аз 3 даҳаи ҷиноятҳои вазнини ТТЭ ҲНИ-ро надоранд. Намедонанд, ки бахшҳои ҳиҷраткардаи ин ҳизб, аз қисмҳои ғанабрафтаи ДОИШ, ки таҷрибаи хуби тахрибкорӣ ва аз лиҳози идеологияи ҷанганда маҳорати амалӣ доранд, дар  ноҳияҳои аз лиҳози ифротият осебпазир кӯчаҳои муҳоҷирнишин барои рӯзи мабодо ҷабҳа гирифтаанд, тафовути зиёде надоранд. Хар ҳамон хар асту туқумаш дигар.

— Нисбати кӯшиши номуваффақи ТТЭ ҲНИ барои анҷом додани табаддулот дар моҳи сентябри соли 2015 чӣандеша доред?

— Тазоҳуроти мусаллаҳонаи гурўҳи ифротгароён таҳти раҳбарии генерали хоини наҳзатӣ — Абдуҳалим Назарзода маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ки тўли даҳрӯзаҳои аввали сентябри соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбею Ваҳдат ва шурӯъ шуда, минбаъд муқовиматҳои бенатиҷаи онҳо дар минтақаи Ромит идома ёфт, талоши ғайриоқилона ва кўшиши муғризонаи дигарбораи ТТЭ ҲНИ бо мақсади табаддулоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аввалан бояд гуфт, ки ба қазияи  Назарзода иртибот доштани ТТЭ ҲНИ дар робита ба асноду мадракҳои фаровон  ҳақиқати бебаҳсе аст.   Муҳиддин Кабирӣ на фақат дар такя ба маблағгузориҳои хоҷагони хориҷиаш, балки ҳамчунин аз ҳисоби даромади сармояи шахсиаш низ ин тавтиаҳои сиёсиро матраҳ ва омода карда буд.

Аз тарафи сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондоди шоҳидон ва  сабтҳои аудио-видеоӣ ин иртибот исбот карда шудаст, ки доир ба он аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар низ ба мардум иттилоъ дода шуда буд.

— Оид ба ниҳоди сиёсие бо номи “Паймони миллӣ”, ки бо ташаббуси ТТЭ ҲНИ ва раҳбари он-Кабирӣ таъсис дода шуд, чӣ андеша доред ва ба фикри Шумо аҳдофи ТТЭ ҲНИ аз таъсиси ин эътилофи сиёсӣ чист?

— Роҷеъ ба ин масъала қабл аз ҳама бояд таъкид кард, ки бо таваҷҷуҳ ба аҳдофи таъсиси ниҳоди мазкур метавон бо қатъият гуфт, ки  ин паймон на паймони миллӣ, балки  паймони ғайримиллӣ аст.

ТТЭ ҲНИ  ба таъсиси ин ниҳод бинобар чанд сабаб ва омил  даст зад, ки муҳимтаринашон инҳост:

1). Омили аввал афзудани таҷрибаву баланд шудани сатҳи фаҳми сиёсии афроду ниҳодҳои дигарандешу мухолифи тоҷик буд, ки қаблан бо ТТЭ ҲНИ аз камтаҷрибагӣ таҳти чатри ИНОТ ҷамъ омада буданд.   Худхоҳиҳо ва паймоншиканиҳои пайдарпайи ТТЭ ҲНИ  ҳини фаъолияти эътилофи қаблии нерӯҳои оппозитсионии тоҷик, яъне ИНОТ чашми нерӯҳои дигари оппозитсионии тоҷикро кушод, аз ин рӯ аксарияти онҳо тӯли солҳои 2015-2018 бо вуҷуди талошҳои мудовими Муҳиддин Кабирӣ ва  ваъдаҳои осмонии вай  дигар ба ӯ “байъат” накарданд. Аз ҷумла, Анҷумани нирӯҳои созандаи Додоҷони Атовуллоҳ , «Гурӯҳи 24”, “Ватандор” ва теъдоди зиёди зиёиёни тоҷикистонии бурунмарзӣ, ба вижа зиёиёне чун Ҳафиз Бобоёров аз қабили чунин афроди дигарандеш ва ниҳодҳои оппозитсионие буданд, ки даъватҳои такрор ба такрори ТТЭ ҲНИ ва раҳбари он — Кабириро ҷиҳати таъсиси эътилофи нави гурӯҳҳои оппозитсионии тоҷик куллан ба эътибор нагирифтанд. Маҳз ҳамин мавқеъгирии устувору мушаххаси онҳо ба Кабирӣ ҳамчун “ташаббускор”-у “бунёдгузор”-и эътилоф имкон надод, ки ҳадафҳои аз қабл матраҳкардаи худро дар кӯтоҳмуддат ба осонӣ амалӣ намояд.

Кабирӣ ҳамчун роҳбари ТТЭ ҲНИ  барои аз ин вазъият аққалан ба таври зоҳирӣ раҳоӣ ёфтан  ва  дар назди хоҷагони хориҷии худ ҳанӯз масрафношуда нишон додани энерҷӣ ва зарфияти хеш маҷбур шуд, ки даст ба найранги навбатӣ  занад. Ин найранг таъсиси созмонҳои худсохта ва рамзие чун “Анҷумани озодандешони тоҷик” (роҳбараш Алим Шерзамонов), “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон” (роҳбараш Шарофиддин Гадоев) ва “Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” (роҳбараш Илҳомҷон Ёқубов)  буд, ки маҳз ба хотири созмон додани эътилофи нав ва пур кардани ҷои нерӯҳои оппозитсионии қаблии аз ТТЭ ҲНИ  каноргирифта тӯли ҳамин чанд соли охир бо ташаббусу таҳрики худи онҳо таъсис дода шуда буданд. Бубинед, ки эътилофи кунунии ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” маҳз дар заминаи ҳамоҳангии ҳамин се  гурӯҳи ношинохтаву камнуфусу камнуфуз ва ТТЭ ҲНИ ба вуҷуд оварда шудааст. Оё ин гурӯҳҳои худхондаву худсохта ҳаққи аз номи мардуми Тоҷикистон таъсис додани “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро доранд? Албатта, не! Зеро ҳеҷ кадоме аз онҳо созмони дар Тоҷикистон аз тарафи мардум эътирофшуда нестанд ва ҳатто қишри андаке аз ҷомеаи кишвари моро ҳам фаро намегиранд. Гузашта аз ин мардум ҳатто дар бораи мавҷудияти аксарияти ин созмонҳо низ ҳеҷ гуна иттлооте надоранд. Пас чӣ тавр бо нишасти чанд нафар афроди худхоҳ ва ҳамоиши онҳо метавонад “Паймони миллӣ”-е таъсис дода шавад, ки он машруъияти тасмимгирӣ ба ҷои давлати расмӣ, Парлумони мардумӣ ва 9 млн. нафар аҳолиро дошта бошад?

2). Омили дигари таъсиси ин ниҳоди коғазиву протоколии бебунёд аз тарафи ТТЭ ҲНИ  он буд, ки феълан дар сатҳи байналмилалӣ ва ба вижа Аврупо, дигар наметавон бо пайгирии аҳдофи сирф динӣ пуштибонҳои байналмилалии қавӣ дошт, бинобар ин хиёнаткорони наҳзатӣ,  ки алҳол дар он ҷо ба сар мебаранд, хостанд ба ин васила бидуни барангехтани эҳсосоти тарафдорони исломгарои худ ба осонӣ номи исломро аз унвони гурӯҳи сиёсии хеш ҳазф кунанд ва бо ин роҳ то ҳадде гурӯҳи сиёсии худро “мардумсолор”, “демократӣ” ва ҳатто “дунявӣ” ҷилва диҳанд. Ин гуна буқаламунвор ранги худро дигар кардани роҳбарияти  ТТЭ ҲНИ далели дигари риёкории онҳост. Ин тағйири тактикаи муборизаи сиёсии саркардаҳои ТТЭ ҲНИ нишон медиҳад, ки онҳо аслан аз ислом ҳамчун абзори мубориза ва ҷалби авом барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ ва сарпарастонашон истифода мекарданд.

3). Омили сеюм ин аст, ки ТТЭ ҲНИ феълан ба хубӣ дарк мекунад, ки бо вуҷуди ҳама иддаоҳои мағруронаи хеш аслан ҳеҷ ҷойгоҳ ва пуштвонаи иҷтимоие дигар дар Тоҷикистон надорад, яъне дигар ҳеҷ қишре аз мардуми кишвар ба ин ҳизби ифротгаро ва шиорҳои фиребои он бовар надорад. Аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаблан низ ба наҳзатиён бо чашми эҳтирос ва беэътимодӣ менигаристанд,  баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ки боиси марги садҳо ҳазор ва машаққати миллионҳо нафар сокинон гардида муҷиби харобии иқтисоди ҷумҳурӣ шуд, куллан аз ин ҳизб дилмонда шуданд ва ҳузури сиёсии онро дар арсаи давлатдорӣ ҳамчун омили ташаннуҷ медонанд.

Аз ин рӯ раҳбарияти ТТЭ ҲНИ маҷбур шуд, ки ба хотири тақвият додани мавқеи куллан заифшудаи худ ба ниҳодҳо ва афроди дигарандеши тоҷик рӯй овардааст то сафҳои парешони худро аз ҳисоби ҷонибдорони онҳо мукаммал кунад, аммо афроду ниҳодҳои дигарандеши тоҷик низ, чунонки дар боло зикр кардем, дар заминаи таҷрибаи талхи пешинаи ҳамкорӣ бо ин ҳизби худхоҳи террористӣ дигар нахостанд аз як сӯрох ду бор моргазида шаванд.

Бинобар ин ниҳоди сиёсие, ки ТТЭ ҲНИ соли гузашта бо номи мутантани “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис дод, чизе ба ҷуз як ниҳоди дурӯғини бебунёд нест, ки ба куллӣ аз пуштвонаи иҷтимоӣ маҳрум аст.

— Вақтҳои охир мушоҳида мешавад, ки раҳбарони ТТЭ ҲНИ ҳадафи аслии муборизаҳои сиёсии худро бопӯшишҳои мудерн тазйин додан мехоҳанд, аз ҷумла онҳо зиёд дар бораи арзишҳои демократия ва ҷомеаимардумсолор ҳарф мезананд. Ба андешаи Шумо ҳадафи аслии ТТЭ ҲНИ дар шароити муосири таърихӣвобаста ба таҳаввулоти ҷомеаи башарӣ ба тадриҷ тағйир меёбад? Ва агар чунин аст, дар ин замина оё метавон умедвор шуд, ки рӯзе ҳисси ватандории раҳбарони ТТЭ ҲНИ боло хоҳад гирифт ва онҳо бо дарки масъулияти шаҳрвандии худ аз дасисабозӣ алайҳи давлату миллати хеш даст хоҳанд кашид? Оё ин ангезаҳои дунявимашрабиву секулорхоҳии наҳзатиҳо, дар сурате ки солҳои 2000 баҳсу мунозираиоштинопазирро бар зидди тарафдорони сохти дунявӣ дар ҶТ  дар ин мавзӯъ доман мезаданд,  то кадом андоза бо эътиқоди табии ҷангии онҳо  ҳамовозӣ  дорад? 

— Кош чунин мешуд, аммо раҳбарияти ТТЭ ҲНИ феълан фақат дар паи тағйир додани шакли муборизаи худ ва ба он додани пӯшиши «мардумсолорона»-ву «демократӣ» мебошанд, то таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намоянд. Набояд фиреби ин амали тактикии онҳоро хурд, зеро моҳият ва ҳадафи аслии сиёсии онҳо дар ҳама ҳолат бунёди давлати исломӣ боқӣ хоҳад монд.

Бо назардошти ин ки раҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо дарёфти маблағҳои ҳангуфт дар назди сарпарастони худ масъулиятҳои муайян ба зимма гирифтаанд, аз ҷумла муташанниҷ кардани авзои сиёсии Ватани худ, дар гумон аст, ки онҳо манофеи миллиро нисбат ба манофеи лоиҳавии худ  дар авлавият гузоранд. Онҳо ва ҳизби террористиашон дар вартае фурӯ рафтаанд, ки аз он бурун омадан муҳол аст.  Бинобар ин ба эҳтимоли зиёд минбаъд низ ТТЭ ҲНИ ва сарварони он бо таҳрики муздурони бурунмарзии худ ҳамчунон  даст ба тавтеаангезӣ хоҳанд зад ва барои амалӣ кардани нақшаҳои номатлуби худ мунтазам талош хоҳанд варзид. Фаъолияти  моҷароҷӯёнаи ТТЭ ҲНИ гувоҳи он аст, ки ин ҳизб ба хотири аҳдофи сиёсии худ ва ба даст овардани қудрат омодаи ҳама гуна ҷиноят аст. Сохтани низоми сиёсии динӣ-мазҳабӣ, ки бар пояи таассубу ҷаҳолати мазҳабӣ асос меёбад,  мароми ин ҳизб аз оғоз то ба охир боқӣ хоҳад монд. Аз ин аст, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар ҷаласаи гурӯҳи кории худ, ки 11-12 июли соли 2017 дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид, фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро дар қатори гурӯҳҳои тундраву экстремистии «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Давлати исломӣ», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ», «Акрамия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати муҷоҳидони Осиёи  Миёна», «Ҷундуллоҳ», «Ансоруллоҳ»  ва амсоли инҳо созмони террористӣ  муаррифӣ кард ва табодули маълумотро барои мубориза бо ин гурӯҳи ифротгаро амри зарурӣ донист.

Бинобар ин сарварони ТТЭ ҲНИ бояд бидонанд, ки ин талошҳояшон кори беҳудаест, зеро дигар мардуми кишвар чеҳраи воқеии ин ҳомиёни дурӯғини исломро шинохтааст ва ҳаргиз ба онҳо имкони фитнаангезиро нахоҳад дод. Ифротиёни фирорӣ ва шариатмадор хилофи амалкарди арзишҳои сифатии рушди ҷомеа ва манофеи миллӣ бо доман задан ба ангезахои хоми нимамаҳалливу васвасавӣ, ҷуръати хиёнатгунае барои такрори иштибоҳи таърихӣ –таъсиси “Паймони зиддимиллӣ” пайдо кардаанд, ки яқинан ифодагари ғаризаи хориҷиҳост.

 «ИмрӯзNews»
№ 13 (1802) 22.01.2019

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: