Созмони Human Rights Watch, ки тарҷумаш «Посбони ҳуқуқи инсон» мешавад, ташкилоти ғайриҳукуматӣ буда, дар зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дошта, дафтари корияш дар ИМА қарор дорад. Самти фаъолияташ марбут ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар самтҳои хушунати
гендерӣ, зўроварии ҷинсӣ, масъалаҳои озодии эътиқод ва сухан аст. Фаъолияти созмони мазкур бинобар мутобиқ набудан ба манфиатҳои миллӣ дар Тоҷикистон қатъ карда шудааст. Санаи 17-уми январ намояндаи созмони номбурда бо номи Стив Свердлов дар сомонаи расмии худ доир ба вазъи ҳуқуқ дар Тоҷикистон ахбор пахш карда иддао дорад, ки дар ин кишвар вазъи ҳуқуқи инсон рў ба бадшавӣ овардааст.
Яке аз истифодабарандагони шабакаи Фейсбук иттилои ин сомонаро гирифта ба таври худ ба тоҷикӣ баргардон карда, ҷой додааст. Ва ин ҷойгиркунӣ низ бо мақсади ғаразнок ва бадном кардани Тоҷикистон амалӣ гардидааст. Чаро муаллифи ин матлаб, агар беғараз кор карданӣ бошад, дигар масъалаҳои дар ҳисоботи созмон зикргаштаро нагуфта танҳо ба масъалаи боздошти журналистон, хешовандони мухолифини дар хориҷа қарордошта таваққуф кардааст.
Ҳамчун хонандаи муқаррарӣ ин амалро кори қаблан тарҳрезишуда ҳисоб мекунам, ки дар зери косааш нимкосаи ғараз қарор дорад. Чаро? Яке аз ҳамкорони Human Rights Watch ва алалхусус Стив Свердлов Ҳизби наҳзати исломӣ ва пешвои он Муҳиддин Кабирӣ аст, ки дар бисёр масъалаҳо ба онҳо кўмаки ҳуқуқӣ ва моддӣ расонида метавонад. Барои расидан ба ҳадафҳои нопоки наҳзатиҳо мадад мерасонад. Аз ҳамин хотир ба масъалаҳои ба сиёсат марбут, ки дар онҳо манфиатҳои наҳзатиҳо ифода гаштааст, даст задаанд. Ин як ишораи сареҳу равшан аст, ки ба хотири сиёсатбозӣ ба ин масъала даст задаанд. Ва ишораи дигар он аст, ки дар масъалаҳои номбаршуда манфиатҳои молиявӣ доранд.
Дар бораи масъалаҳои муҳими ҳуқуқӣ будани хушунати оилавӣ, ки дар сомонаи Human Rights Watch маълумот аст ва ҳақиқатан масъалаи барои ҷомеаи Тоҷикистон ташвишовар мебошад, ишорае нест. Ин ҳам фаҳмо аст, бо бардоштани ин масъала манфиатҷуёни наҳзатии хориҷӣ манфиати ҷиддие ба даст намеоранд.
Хабаре, ки бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода шуданд, гоҳо матни аслии ҳисоботро таҳриф намудаанд ва бо калимаю ибораҳои ба манфиаташон мувофиқ овардаанд. Ин кор аз нуқтаи назари касбият ҷурм дониста мешавад.
Дар ду варианти ин хабар, ки номи аниқтараш «ҳангома» мебошад, на факту рақам, на номи ашхос ва ё ҷузъиёти дигар оварда нашудааст, ки ин ҳол ҳам ба эътимоднок буданаш шубҳаро фаровон мекунад.
Human Rights Watch созмонест, ки дар Амрико дафтар дорад ва муқарраран дар доираи манфиатҳои кишварҳои Ғарб кору пайкор мебарад. Аз таваҷҷуҳу ҳамкории наҳзатиҳо бо ин ташкилот чунин ба хулоса омадан мумкин аст, ки он бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи инсон супоришҳои гуруҳҳои калони манфиатдорро иҷро мекунад. Ашхосе чун Муҳиддин Кабирӣ, Кури Юнус (Саидюнуси Истаравшанӣ), Темур Варқӣ ва чанд афроди дигар косалесони даргоҳи Human Rights Watch ҳастанд, ки агар ба сарашон мушкилӣ фарояд роҳнамои ҳуқуқияшон мегарданд.
Пас ин ҷо саволе ба миён меояд, ки намояндаи Human Rights Watch Стив Свердлов барои ҳимояи ҳуқуқҳои инсон фаъолият мебарад ва ё барои ҳифзи манфиатҳои наҳзатиёни терррорист? Худ қазоват кунед.
И.Раҳимов-номзади илмҳои таърихи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров.
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: