Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2684
Печать

Имрӯз бо яке ҳамкурсонам вохӯрдам, ки аз яке аз деҳаҳои Ҷиргатол ба пойтахт барои гирифтани дипломаш омада буд. Тибқи муқаррарот баъди се соли корӣ аз рӯи ихтисосаш метавонад нусхаи аслии дипломашро аз донишгоҳ гирад. Ҳамин тавр, мо вохӯрдем ва якҷоя гаштугзор кардем. Аз пешравиҳои пойтахти мамлакат бениҳоят ба ваҷд омада буду, бо хурсандиву ҳаяҷону эҳсосот оид ба зебогиву пешрафти кишвар сухан мегуфт. Нақл кард, ки ёд дорад аёми кӯдакӣ, ки ба солҳои аввали истиқлолият рост меомад, чи гуна зиндагии вазнин дошт, чи гуна роҳҳои душворгузару маргбор, чи гуна қаҳтиву гушнагӣ буд, чи гуна ҷангу одамкушиву бесарусомонӣ буд.... ба ёд меоварду дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад ва ҳазорон маротиба шукри тинҷиву амонӣ ва ободиву гулгулшукуфии Ватан мекард. Аз ободии марказҳои ноҳияву шаҳрҳо, ободии кӯчаву шоҳроҳҳо, чароғонии доимии мамлакат сухан мегуфту, чун кӯдак хурсандӣ мекард.

 

Ин суҳбати кӯтоҳи сарироҳӣ бо ҳамкурсам, маро водор кард, ки оид ба ношукриву норизогӣ ва туҳмату нотавонбинии бархе аз ашхос фикрамро баён кунам, ки берун аз кишвар кӯшиши сиёҳ кардани давлати моро доранд. Барои ҳамин хостам каме таҳлилҳои худро инҷо иншо кунаму, бо қадри тавон пардаро аз рӯи ин гуруҳи худхоҳ ва манфиатҷӯ бардорам.

Яке аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастам ва баъзан аз ҷониби шахсони номаълум ва ҳатто “дэвидҳову анҷелаҳои хориҷӣ” бароям паёмаки оид ба дӯстӣ ворид мегардад. Чун одат, ба профили онҳо назар карда “таърихи” фаъолияти дӯсти эҳтимолиямро меомӯзам ва аксар вақт зери ниқобҳои “ватандору”, “ватандӯст”, “салмон султан”, “раб аллаха”, “иранетс тегеран”  ва ғайра боз ҳамон сиёҳкорону ватанбезору муфтхуроне ҳастанд, ки дар таҳқири миллату давлати худ дар арсаи байналмилалӣ шарм надошта “саҳмгузорӣ” мекунанд.

Бояд ҳар як нафар бидонад, ки кишваре, давлате, ташкилоте, гурӯҳе ва ё ашхосе аз хориҷи кишвар дар фикри мову ғами мо нест. Ҳар яки онҳо проблемаву мушкилоти худро доранд ва ҳар коре дар алоқамандӣ бо кишвари мо мекунанд, пеш аз ҳама бо назардошти манифатҳои шавхсиву милливу давлатии худашон кор мекунанд. Олмоние е фаронсавие ё амрикоиву русе ҳеҷ гоҳ худашро барои пешравии Тоҷикистон қурбон намекунад ва ҳеҷ вақт тине дар ин самт харҷ намекунанд. Саволе ба миён меояд, ки аз дастгирии мухолифону нотавонбинони Ҳукумати кунунии Тоҷикистон барои хориҷиён чӣ суд? Мавҷудият ва ё ноқисии демократияву озодиву ошкорбаёнӣ дар Тоҷикистон барои як давлати дигар чӣ фоида меорад, дар ҳолате ки дар кишвари худашон на демократия ҳасту на озодиву на ошкорбаёнӣ. Оё медонед, ки дар Амрико аз се нафар зиёд дар якҷо ҷамъ шудан манъ аст, дар Аврупое, ки баъзе созмонҳояш нисбати ришу ҳиҷоби тоҷикон эътироз менамоянд, пушидани либосҳои исломиву риш мондан манъ аст. Дар Аврупое, ки ҳамеша аз демократия ҳарф мезананд, мунтазам теракту дар ҷавоби он қатли мардуми осоишта қариб ки ҳамарӯза сурат мегирад.   

Пас худ қазоват кунед, ки баъд аз  теракту одамкушиву ваҳшонияту номақбулии фарҳанги бегона аз ҷониби гурезаҳои ба Аврупо воридшаванда, чаро ҳукуматдорони ин кишварҳо гурезаҳоро ҳамеша қабул доранд, мухолифини кишварҳои  ғайрро мепазиранд ва ҳатто маблағгузорӣ ҳам мекунанд.  Ин тиҷорат аст, тиҷорати баъзе доираҳои сиёсӣ ва созмонҳои Аврупо ва ба ном “мухолифин”-и кишварҳои дигар. Барои кампанияҳои зидди дигар давлатҳо, дастгирии муҳоҷирин ва мухолифини ғайр, аз ҳисоби андозсупорандагони аврупоӣ миллиону миллиардҳо доллару евро сарф мешавад, ки мақсади асосии он “обро лой кардану моҳиро доштан аст”, яъне ҳам ин тарафу ҳам он тараф аз ин иқдомот судманд буда, манфиати моливу пулии зиёд мегиранд.   

Далели дигари тиҷоратӣ будани сиёсати пешгирифтаи ба ном “мухолифин” дар он аст, ки ҳамеша дар арафаи баргузории чорабиниҳои сиёсӣ овоз баланд мекунанд, ки коршиносон ин марҳиларо “мавсими ҳосилғундорӣ” арзёбӣ мекунанд. Яъне, наҳзатиҳову бистучорҳо, варқиҳову сайидюнусҳо ва муҳаммадиқболҳову салимпулҳо бо ҳар баҳона Тоҷикистонро беасос танқиду туҳмат карда, аз хоҷагони худ маблағ барои будубош дар кишварҳои хориҷро мегиранд. Ин тоифа, ки шумораашон зиёд ҳам нест, ҳатто  байни худ  созгор нестанд. Ин гуруҳи манфиатхоҳи тиҷоратгари сиёсат, дар навбати худ чор панҷ нафарӣ тақсим шуда, ширкатҳои тиҷоратии худро зери ниқоби созмону ташкилоту анҷуманҳои гуногун ба монанди “Гуруҳи 24” (5 нафар), “Анҷумани озодандешон” (4 нафар), “Паймони милии Тоҷикистон (5 нафар) ва ба ҳамин монанду ҳамин қабил ташкил додаанд.

Ин далелҳову омилҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сиёсати тиҷоратомезе, ки аз ҷониби наҳзатиҳо дар заминаи дурӯғу буҳтону фиребу найранг роҳандозӣ карда шудааст, умри дароз надошта, яқин аст аст, ки ба зудӣ фалаҷ шавад. Нигоҳи амиқ ва таҳлилӣ ба фаъолияти ин тӯдаи фиребгарон ниқоб аз рӯи душманони халқу миллатамонро мебардорад ва дар ин замина файласуф, стратеги хитоӣ Сун Тзи гуфтааст: “Рақибатро бидониву худатро бидонӣ, мағлубнашаванда мегардӣ”.

 

Мирвайсов М.,

таҳлилгар      

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: