Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2522
Печать

 

Дар бораи қотилию ғоратгариҳои роҳбарону масъулони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳар қадар гӯем ва нависем боз ҳам кам аст. Зеро ин гурӯҳи хиёнаткор барои миллату давлати Тоҷикистон солҳои навадуми асри гузашта он қадар бадбахтию   бенизомӣ оварда буданд, ки чунин ҳолатро халқи тоҷик дар тамоми тӯли таърих надида буд. Ҳарчанд халқи тамаддунофар ва фарҳангпарвари тоҷик дар шебу фарози таърих борҳо дучори чунин вазъияту ҳолатҳо гардида буд, вале ҳеҷ яки онҳо ба мисли ваҳшоният ва бедодгариҳои сарварону аъзоёни ТТЭ ҲНИ набуд. Аммо агар халқи тоҷик дар қарнҳои қаблӣ аз ҷониби душманону бадхоҳони аҷнабӣ дучори ин гуна ҳолатҳо мегардид, дар замони аввали истиқлолият маҳз тавассути «ҷаҳд»-у «талош»-и нохудогоҳон, худбохтагон, аҷнабигароён ва девонамаобони наҳзатӣ, ки ҳамагӣ зодагони ин марзу бум буданд, ба гирдоби нооромию бадбахтӣ афтод.

 

Ин доми гузошта ва чоҳи кандаи наҳзатиҳо дастур ва супориши хоҷагони онҳо буда, ба хотири задани теша ба решаи миллати мо ва аз байн бурдани давлате бо номи Тоҷикистон буд, на чизи дигар. Дар ин раванд, намояндагони ташкилоти террористии наҳзатӣ ба хотири ба даст овардани давлату сарват манфиатҳои кӯчаки хешро пеш гузошта, манофеи умумимиллию умумидавлатиро сарфи назар ва поймол карданд. Онҳо мехостанд, ки ба кулли таъриху фарҳанг ва илму адаби гузаштаи дури халқи куҳанбунёди мо хати батлон зада, ин марзу бумро ба биёбони хушку холӣ ва беҳосил табдил диҳанд. 

Наҳзатиҳо пеш аз ҳама озодандешону равшанфикрон ва кулли ашхосеро, ки барои ҳифзи манфиату арзишҳои миллӣ камари ҳиммат баста буданд, бераҳмона ба қатл мерасониданд. Террористони наҳзатӣ сараввал ба қатлу куштори олимону журналистон, ки аз тамоми сирру асрори хиёнаткориҳо, душманиҳо ва паниҳонкориҳояшон ба пуррагӣ огоҳ буданду метавонистанд онҳоро ифшо кунанд, даст заданд.

Бо супориши бевоситаи роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, яке аз ҷаллодони   ташкилоти террористии мазкур  Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, ки баъдан даст ба табаддулоти давлатӣ зада, хостори бо роҳи роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани ҳокимият шуд, олимону рӯзноманигоронро ба қатл мерасонид. Дар ин матлаб танҳо аз якчанд рӯзноманигорони маъруфи кишвар ёдовар мешавем, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз тарафи ин ҷаллод ба қатл расонида шудаанд. Бе ягон муболиға метавон гуфт, ки қотили ин журналистони саршиноси ҷумҳурӣ, ки дар ВАО-и мухталиф фаъолият доштанд, роҳбарияти наҳзатӣ ва иҷрогари супориши онҳо Назарзода мебошад.

Яке аз ин рӯзноманигорони воқеъбин сардабири нашрияи «Садои мардум» ва вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Шерализода буд, ки рӯзи 5 майи соли 1992 дар саҳни ҳавлии парлумони кишвар бо дастури яке аз раҳбарони наҳзат мулло Абдуғаффор ваҳшиёна ба қатл расонида шуд.

Ҳамин тавр, куштори чандин журналисти маъруфи дигар, аз қабили Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Виктор Никулин, Сергей Ситковский ва адиби номвар Сайф Раҳимзод аз рӯйи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда ва бо супориши бевоситаи роҳбарияти ТТЭ ҲНИ созмон дода шудааст.

Ҷинояткорони наҳзатӣ зиёиёну журналистони ватандӯсту прогрессивиро мавриди таъқибу фишор қарор дода, аз байн мебурданд. Бо ин роҳ дар байни мардум даҳшату тарсро паҳн карда, ба ҷойи илму маърифат зулмоту торикиро ҷой медоданд. Яке аз шахсони фарҳангӣ ва журналисти соҳибистеъдод, ки аз дасти қотилони наҳзатӣ нобуд карда шудааст, Муҳаммадшариф Холов мебошад. Номбурда дар соҳаҳои театр, адабиёт ва рӯзноманигорӣ муваффақ буд ва барои ватан содиқона хизмат мекард. Мақолаҳои сершумори вай дар пешрафти ҳаёти кишвар саҳмгузор буданд. Аммо қотилони наҳзатӣ 16 ноябри соли 1995 ба манзили истиқоматиаш ворид гардида, уро тавассути силоҳи оташфишон номардона ба қатл расонданд.   Дар таърихи Тоҷикистон аз журналист Холов Муҳаммадшариф номи нек боқӣ мондааст. Чунки рисолати касбӣ ва масъулияти ҳамешагии журналистон дар ҷомеа - инъикоси воқеият ва интишори иттилооти саҳеҳ мебошад. Журналист муваззаф аст, ки новобаста аз мавқеи сиёсиву дидгоҳи шахсӣ ва аҳдофу манофеаш ҳақиқатро инъикос намояд. Ахбору матлабҳои интишоркардаи журналист бояд дар заминаи манбаъҳо ва маъхазҳои эътимодноки иттилоотӣ таҳия гардад. Танҳо дар ин сурат ӯ метавонад масъулияти касбиашро дар назди ҷомеа ва халқ адо карда тавонад.

Мутаассифона, роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо мақсади амалисозии манфиатҳои сиёсӣ ва бо супориши роҳбаладони хориҷиашон аз чорабиниҳои созмонҳои байналмилалии ғарбии ба ном ҳомии демократия ва озодии баён истифода намуда, дар заминаи ақидаю ғаразҳои сиёсӣ ва геополитикӣ ба муқобили миллату меҳани худ баромад менамоянд. Амалҳои таҳрикдиҳандаи муноқишаҳо ва моҷароҳоро роҳандозӣ мекунанд.

 

Нодири ҚОДИР,

таҳлилгар

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: