Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 1927
Печать

                             

            Бобоҷон Қаюмзод, худфурӯхтае ки одамгарӣ   дар вуҷуди ӯ қирон овардааст. Ҳама  медонанд, ки аз бозе ки  Бобоҷони Қаюмзод, ба ном ҷорчии ҳизби террористи наҳзат, изҳорот медиҳад, аз он бӯйи хуну қатлу ваҳшату ғорат меояд.  Ин ҳизб ташнаи хун аст. Асосгузори ҷанги шаҳрвандӣ аст. Ҳама бофтаҳо ва гуфтаҳои ин бобои террору даҳшатафканӣ, маҳсули ватанфурӯшӣ ва бемоягии равонӣ аст.

 

          Кас, ки душман шуд, ҳамин тавр изҳори ақида мекунад. Нафар, ки манфиати терористони фирориро болотар аз ҳақки мардум донист, ҳамин хел худшефта мешавад.  Баргардем ба изҳороти Б.Қаюмзод, ки дар бораи навори видеоии иқрори гуноҳҳои аъзои наҳзат дар Афғонистон Сайдалиев ба вуҷуд омадааст. Ин Бобоҷон худаш як кӯри авлодист.  Кӯрии наҳзатӣ буд, ки 150 ҳазор мардумро куштанду фирор карданд, боз ҳам иқрор намешаванд. Охир Сайдалиев иқрор мешавад, ки кӣ, кай ба ӯ пул додасту саркардаи ҳамаи чиноятҳо наҳзат аст.  Ин як ҳилаи шаръии наҳзат аст, ки худ дар Аврупо пиво менушанду ҷавонони гумроҳро барои мурдан мефиристанд. Ин наҳзатиҳо ҷанги 7 соларо инкор мекуннад, ки бар зидди марудм қиём карданд.

           Сайдалиев, аъзои наҳзат бошад, аз таҳти дил бо тамоми сароҳати калом мегӯяд, ки Кузов ва раҳбарияти наҳзат дар фиристодани  террористон даст доранд, Бобоҷони худфурӯхта офтобро намебинаду ҳарза мегӯяд. Ривояти Мавлоно аст дар бораи канизак ва зиёдаравии шаҳвонии он, ки мегуяд Бобочон к…ро диду кадуро не.     

         Дар матни ҷомеа пайдо гардидани ашхоси булаҷаб ва мураккаб ба монанди Бобоҷон Қаюмов (Б.Қаюмзод), ки дар хатти иштибоҳии наҳзат умрест  худиву бегонаро ҷоҳилона мефӯрушад,  хатои фоҳиши табиат содир шудаааст. Ҳамчун пайомади ин муносибат, сарфи беҳудаи вақт дар тарбияи ин афрод аст.  Чун шогирди сарсупурдаи М.Ҳимматзода дар обу лой кардани маблағи гурезагон маззаи маблағи дуздиро чашид, фанду фиреби облойкуниро хеле хуб омӯхт.  Ҳилаи шаръии мадрасаҳои динии ҳамсоякишварро таҷриба кард.

Фаҳмид ки «бо кач кулоҳ ниҳодан» устоди соҳаи ифротият метавон шуд. Дар ҳалқаи диалогии Кабирӣ ворид шуд. Хиромон қадам мезад. Риши худро новобаста аз насиҳати падарӣ метарошид. Ибораҳои сарозершудаи ланҷу туршгаштаро истифода мекард. Сиёсатмаоб шуда буд. Дунявимашраб мепиндошт худро. Роҳи наҳзатро иштибоҳӣ медонист. Чун дар умқи сафсатаи раҳбари нави ҳизби террорист фурӯ рафта буд, ботлохи бесару нӯги иғворо титу парешон кард.

         Ин ангалак, ки ба пули муфт ва пайти муфт одат карда буд, дар Аврупо худро ёфт, аниқтараш чун муриди роҳи шаҳодат аз пайи раҳнамоиҳои каҷрафтораш шароити зиддимиллиро муҳайё сохт.

        Ҳамин тариқ, Б.Қаюмзод боз дар ҷое аз баданаш нақш бандад, ки ниҳодҳои иттилоотии ватанӣ оҳангаранд, таҷрибаи ноби руфтани ин ботилафкорҳоро хеле хуб медонанд. Ва муаллифонашонро.  Ҳарзагӯӣҳои Қаюмзод, ки авлодан тамоюл ба барангехтани кинаву адовати динӣ дорад, ҳамсони хаси сари роҳанд ва  руфтанашон ба ҷоруби кӯчабозорӣ саҳлу осон.     

 

         Қаримов Д, таҳлилгар

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: