Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2688
Печать

 

 

Даргузашти шоири тавоно ва маҳбуби тоҷик Бозор Собир, ки барои миллати мо талафоти бузургест, тамоми мардуми Тоҷикистон ва дӯстдорони илму адабро сахт андуҳгин кардааст. Нафарони зиёде бо воситаи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба наздикони шоир изҳори тасаллият намудаанд.  Аз тариқи телевизион изҳороти ҳамдардии Роҳбари давлат ба хонаводаи Бозор Собир ва супориш дар бораи ташкили маросими дафни марҳум пахш гардид.

 

Аммо дар ҳоле ки ҳама бо ғаму андуҳ дар суги шоири миллатанд, тудаи наҳзатиёни ифротӣ ва террорист бо ҳамон беинсофию бераҳмии барояшон хос ҳатто бо мурдаи шоир дар ҷанганд ва мехоҳанд дар ҳамин ҳолат ҳам иғво барангезанду манфиат ба даст оранд. Навиштаи аъзои ТЭТ ҲНИТ Муҳаммадиқболи Садриддин таҳти унвони «Мунофиқ кист? Ҷанозаи Бозор Собирро кӣ мехонад?», ки дар расонаҳои хабарии наҳзатӣ чоп шудааст, исботи гуфтаҳои боло мебошад. Вай дар як мақола ҳам кушиш кардааст, ки ба роҳбарияти кишвар ва мақомоти давлатӣ туҳмат занад ва ҳам иғво барангезад, ки ҷанозаи шоирро хондан гӯё амали ношоиста бошад.

Бояд чашми кури наҳзатиҳо медиду гуши кари онҳо мешунид, ки аз рӯзи аввали бемории Бозор Собир Пешвои миллат супориши махсус дода буданд, ки барои кумак ба вай шахсони масъул тамоми тадбирҳоро андешанд. Намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА ва дар СММ барои иҷрои ин супориш сафарбар шуда буданд. Ба маълумоти М. Садриддини бесавод мерасонем, ки дар чунин ҳолатҳо дилхоҳ давлат маблағи зарурӣ дорад ва эҳтиёҷ ба пули кисаи ягон нафаре нахоҳад буд.

Ҳама шоҳиданд, ки солҳои охир Роҳбари давлат нисбат Бозор Собир то кадом андоза қадрдонӣ намуда буданд ва он ҳама маҳз барои ашъори баланду ватандӯстонаи шоир буд. Амалҳо ва дастгириҳои Сарвари давлат нисбат ба Бозор Собир ва умуман шоирони тоҷик ниҳоят самимона ва адабдӯстона мебошанд.

М. Садриддин нашармида калимаи мунофиқро дар матлабаш истифода мебарад. Аммо мунофиқ худи ӯ ва наҳзатиҳои дигари ҳаммаслакаш мебошанд, ки аз номи дин суиистифода карда, мехостанд мақсадҳои ғаразнокашонро ба даст оранд. Инҳо ба хотири пулу мол ватану миллат ва  мазҳаби худро ҳам фурухтаанд. 

Ду сол пештар, ҳангоми ҷашнҳои наврӯзӣ Бозор Собир дар Душанбе қарор дошт ва маҳфили адабии вай доир гардида буд. Он вақт ҳам наҳзатиҳо бо мақсадҳои манфури иғвоангезонаашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буданд, ки оё ба шаби эҷодии шоир касе меояд? Аммо дар маҳфили шеъри устод Бозор Собир, ки дар театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор шуда буд, чунон одам ҷамъ шуд, ки ҷойи нишаст нарасид. Одамон ҳатто дар беруни дар монда буданд.

Акнун ки Бозор Собир вафот кардааст ва тибқи дастури Пешвои миллат ва хоҳиши наздиконаш, маросими ҷанозаи ӯ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, беҳтараш наҳзатиҳо ва дигар бадхоҳони миллат хомуш бошанд ва ҳар гуна ақидаҳои пучу ихтилофбарангези худро баён накунанд.

Ҷанозаи Бозор Собир кори наҳзатиҳо нест. Ӯ шоири миллат аст ва роҳбарияти Тоҷикистону тамоми мардуми кишвар мурдаи уро соҳибӣ мекунанд. Мутмаин ҳастем, ки маросими ҷанозаи Бозор Собир бо иштироки роҳбарон, аҳли илму адаб, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеъа ва мардум доир мегардад. Албатта садҳо олимони воқеии дин (на ифротиёни наҳзатӣ) ҳозиранд, ки ҷанозаи шоирро хонанд. Зеро шоир тамоми умри худ танҳо дар хизмати халқ буд ва барои ватану миллат шеър мегуфт.  

 

Парвизи Мирзо

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: