Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2523
Печать

Дар маҳаллаи мо расм шудааст, ки ҳар овозаи аз ҳақиқат дурро ба кампирҳои лаби об пайванд медиҳанд. Паём.нет, ин сомонаи ифротии беурзаву нангро низ ба хабаррасони дурӯғҳои ёвагӣ ҳавола мекунанд.

Чунончи, хабаре паҳн кардаст бо номи “Саъдӣ командир”-ро кӣ кушт?», ки таҳлили сатҳии он нишон медиҳад, ки чӣ туҳмате ки бофтааст ба сари шахсиятҳои муътабар рехтааст.  Ба чанд далел мо ин хабарро қотеъона рад мекунем:

1)                       Саъдӣ Холмуродов, афсари ҳукуматие буд, ки душмани ашаддии ифротиҳои исломӣ буд,  дар зиндагӣ бо наҳзатиҳои чангадоз, ки паём.нет, пойгоҳи иттилоотии онҳост созиш надошт. Дар ҷангҳои рӯёрӯӣ бо онҳо дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок дошта, бо ҷасорату фидокорӣ ном бароварда буд. Аз Саъдӣ, командир, ифротиҳои миллаткуш хеле ҳарос доштанд. Агар гумони қатли Саъдӣ рост барояд, яке аз фарзияҳои асосӣ даст доштани тундгароҳои маҳаллӣ дар ин ҷиноят аст.

2)                       Саъдӣ, командир дар минтақаи Ғарм бо оштинопазирӣ бо исломгароҳои қотил, ки зиндагии мардумро ба гарав гирифта буданд, бархӯрд мекард. Хислатҳои истодагарӣ, бурдборӣ, чолокӣ ва пуштивонаи ғании маънавӣ ба Саъдии шодравон иҷозат медод, ки ба ҳадафҳои ҳам ҷангӣ ва ҳам мафкуравӣ дар муқобили тарафдорони исломи сиёсӣ, ки дини бобоиро ба гаравгон гирифта буданд, дар наздиктарин фурсат бирасад.

3)                       Саъдӣ Холмуродов, дар рӯйхати сиёҳи тарафдорони ҳизби наҳзат буд, зеро яке аз қумондонҳои комёби «Фронти халқӣ» буд.

4)                       Бо ашки тимсоҳӣ рехтан ба марги инсон, сомонаи «паём.нет», ки на дар ӯ паём аст ва на хабар, бо тақдири инсонҳо бозӣ мекунад. Ходисаҳои маъмулии маргу мири одамро ба сиёсат мекашад, овозасозиро ҷузъи сиёсати бевиҷдони иттилоотии худ донистааст.

5)                       Чун марги марҳум Файзинисо Воҳидоваро ба мазҳака кашид, «Паём.нет» фикр мекунад, ки метавонад, аз ҳар марги одӣ саҳнаи театрӣ дуруст кунад.

 

«Гови бешир садояш баланд аст», мегуфтанд дар урфият. Хабарнигороне ки аз бекорӣ ва пархошгарӣ, сомонаи зиддимиллӣ сомон дода, ба манбаъ ва сарчашмаи истисноии кизбу дурӯғ дар хориҷи кишвар табдил ёфтааст, мисли душманеанд, ки асосноккунии муборизаи ашадиро бар зидди онҳо талаб мекунад. Ҳоло Б.Қаюмзод, М.Файзраҳмон ва А.Низом бо сомонаи каҷравашон мутародифи минбари душманон аст.

 

Салом Маҳрамов, таҳлилгар

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: