Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2176
Печать

  

   Паём.нет, ки минбари ифротзадаҳо, лаинҳо ва ватангумкардаҳост бо часпонидани акси ду шахсияти таърихӣ: Ҳошим Гадо ва Файзинисо Воҳидова дар зери сарлавҳаи Ф. Воҳидова: Шӯравӣ нисбат ба дину диндории мо ин қадар зулм намекард» ва «Зан буд бар сони гурде савор» ба таблиғи тиҷоратӣ даст зада, таваҷҷуҳи мардумро аз мусибати мардум дидаву дониста, ба сӯйи ҳангомаву хабарсозӣ бурдааст. Чанд бор гуфтем, боз мегӯем, ки мисли марҳум Файзинисо Воҳидова дар Тоҷикистон ҳазорҳо зани ҷасур ҳастанд ва онҳо ҳам марбути ин хоку буманд.  Дар гӯшаи хотирашон ҳатто фикре намеомад, ки Ватанро тарк кунанд ва мисли афроди беъурзаву нанг, дар сиёҳкунии сарзамини бобоӣ ва мақомот бар оташи душман равған резанд.

     

Ҳоло наҳзатиҳои «Ансоруллоӣ», ки қаноти хобрафтаи ҳаракатҳои ҷангӣ дар Аврупо мебошанд, аз чеҳраи дунявии Файзинисо Воҳидова башиддат бибиотуну бибихалифа сохтанӣ ҳастанд. Охир мо шумо палидакҳоро бовар кунем, ё ба чашмонамон. Ӯ зане буд озода ва дигарандеш ва аз башараи сиёҳпӯшони доишӣ ва наҳзатӣ безор буд. Озод зист ва озод реҳлат кард. Дар Ватани худ ҷоно ба ҷонофарин супорд. На мисли наҳзатиҳои оташандоз ва террорист, ки дар замини ғарибӣ ҳатто як вачаб хоке намеёбанд, ки худу авлодашонро гӯр кунанд.             

Ҳамсари Файзинисо Воҳидова - Ғайрат Воҳидов чунончӣ дар ҷавоб ба Абдусаттор Бобоеви хиёнаткор ва ватанфурўш ӯро «беномус хонда, суистифода аз марги ҳамсарашро хилофи арзишҳои инсонӣ дониста аст». Дарвоқеъ, наҳзатиҳои бедину диёнат аз ин хислатҳо барҳақ ориянд.

Аз ин рў, аз ин њодиса ба манфиати худ истифода бурдани бархе аз душманони халќу миллат, аз љумла Абдусаттори патинка ва Кури Юнус, ки маќсадашон њамеша ноором сохтани вазъи сиёсии Љумњурии Тољикистон мебошад, мо шаҳрвандонро бетараф намегузорад. Мо ба ин сагони кўчагї, беватану бебунёд, беору беномус ва бефањму бешуур гуфтанї њастем, ки воќеиятро ба тахаюлот мубаддал насозанд ва мардумро гумроњ накунанд.Ин гумроњони беимон мехоњанд ба марги табии инсон оњанги сиёсї дода, номи Тољикистонро дар арсаи байналмиллалї сиёњ намоянд ва бо ин роњ садоќати худро дар назди охундҳои толибманиш нишон дињанд.

 

Як нафар наҳзатӣ бимирад рӯяд аз қабраш гуле,

Ҷумлагӣ ҳамроҳ бимиранд олам гулистон мешавад.

 

Карим Давлат, таҳлилгар

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: