Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2197
Печать

          

          

        Меъёри баҳогузории  ҳар шахс аз корҳои амалии он бармеояд. Сухан бемаҳдудият гуфтан ба монанди ҳолати пурнависӣ аст, ки фалокати эҷодиёти нависандаро ба бор меорад.  Ҳунари нависандагӣ, ҳаргиз варзиши тездавак нест, шӯру ҳангомаро намепазирад (А.Самадов).

 

          Вале чӣ кунем, ки сомонаи 1 хабарнигор бо номи М.Салимпул, ба минбари бечоранавозии необосмачҳои асри 21 табдил ёфтааст. Аз зери нохун чирк меҷӯяд, воқеаҳоро ба хости худ хилофи одоби журналистӣ, ки бояд холисона рафтор кунад, таҳрифу  таҳрир мекунад. Ҳангома меангезад.  Душман метарошад.  Чун солҳои дароз дар ғарибиву муҳоҷират зиндагӣ кардааст, як навъ афсурдагии рӯхӣ ӯро фаро гирифтааст. Ин нотавонии равониро ба коғаз мерезад ва дунёву охиратро дар бадбахтии худ мехоҳад шарик созад.

         Ҷанбаи эътирозии ҳодисаҳоро барҷаста сохта, бетаамул ба мардум мерасонад. Худо накарда агар  дар ҷое номи корманди давлат дар ахбор омада бошад, онро ба бадтарин шаклу усул, ифода мекунад, сарлавҳаи дакаданг мемонад, ба обрӯйи ин афрод латма мезанад. Ҷор мезанад, хурсандӣ мекунад. Фазлфурӯшии ин хабарнигор дар одитарин ҳолатҳои хабарӣ ба мушоҳида гирифта мешавад. Маргу мири инсонҳо дар фаъолияти журналисти необсмачиҳо дар мадди назар нест. Аз он ки Инсон ашрафи махлуқот аст, баъд сиёсатмадору корманд, ин хомакач намепазирад.

       Таҳлили сомонаи 1 хабарнигор нишон медиҳад, ки он ба ифротиҳо минбар медиҳад, аз буду шудаш зиёдтар фаъолияти онҳоро таблиғ мекунад. Дар зершуури хонанда ва бинандаи сомона рӯҳияи нобоварӣ ба фаъолияти ниҳодҳои давлатиро ба вучуд меорад. Сарҳадшинос нест, дарк намекунад, на ҳама гапро навиштан ва на ҳам воқеаро овоза кардан, равост. «Сухани хона ба бозор намеояд рост»-ро намедонад.

         Пойгоҳи иттилооти анҷуманҳои навбосмачиҳо гумон мекунад, ки бо нашри овозаҳо пояҳои иттилоотии ҳукуматро меларзонад, халқро метарсонад. Хатову сад бор хато мекунанд. Ин каҷрафторон рафта-рафта ба абзори таблиғоти душман табдил ёфтаанд. Зеро «Ихвон-ул-муслимин»-ҲНИ-Ансорулло-ДИИШ ҳама занҷири як ҳалқа ва пайрави як мактабанд. «Ахбор.ком», органи нашриётии ин ҳаракатҳои ифротӣ ва душман аст.  Агар баръакси он аст, чаро дар тӯли фаъолияти 2 солааш ягон бор аз фаъолияти судманди ниҳодҳои давлатӣ, дастовардҳои ҷумҳурӣ холисона ҳатто хабаре ҳам ба нашр намерасонад. Зеро давлат ва давлатмадорӣ рақиби чонсахти  ин гуна афроди ибнулвақт  аст. Лаҷоми зиёдаравиҳои онҳоро мегирад. Озодиро бо бе бандуборӣ омехта намекунад.  Меъёрии озодӣ нисбӣ аст ва барои мурооти он ҳар як шахс бояд масъулият эҳсос кунад. «Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош»-ро, шиори зиндагӣ намедонанд.

  Солҳои 2000-ум нақл мекунанд, вақте ки аъзои ҳизби наҳзат аз Афғонистон тибқи мусолиҳаи миллӣ баргаштанд, манбаъҳои сармоягузориро аз даст доданд. Барои ёфтани манбаъҳои иловагӣ, ҳилаи шаръиро рӯйи даст гирифтанд.   Онҳо ҳар куҷо ба меҳмонӣ ва ё аёдати хешонашон мерафтанд, бо худ дастгоҳи аккосиро мебурданд ва аз биноҳои харобу валангор наворбардорӣ мекарданд. Атрофиёни онҳо тааҷҷуб мекарданд, ки ба кадом мақсад ин наҳзатиҳои дар ҳила гум, ин корро анҷом медода  бошанд. Баъдан, ба амри тасодуф маълум шудааст, ки ин аксҳоро дар суҳбатҳои инфиродӣ бо шайхҳои нимҷазираи араб, ҳамчун «нишонаи таваҷҷуҳ накардани Ҳукумат ба озодиҳои динӣ ва сохтмони масҷидҳо» вонамуд мекардаанд. Дар иваз чанд дирҳамаке ба худ мегирифтаанд.

Ин ҳилаи шаръиро ҳоло сомонаи аловандози  «Ахбор.ком» иҷро мекунад. Барои необосмачҳои аврупонишин чеҳрасозӣ мекунад. Қаҳрамони хабарсози ин сомона, навбосмачии «дунявимашраб», «секулор», «шик» ва ғарбимаоб аст. Бо ин ҷумла метавон майнстрими мазмуни сомонаро хулосагирӣ кард.      

 

 

Афсар Сармадов, таҳлилгар

Махсус барои «Ахбор.ком»   

            

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: