Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2206
Печать

Файзинисо Воҳидова, зане буд, ки бовиқор зист, ҳарф гуфт, мавқеъгирӣ кард ва ба сакуи ёдҳо баргашт. Тоҷикистонро тарк накард. Сиёҳ накард, мардонавор чизе буд, гуфт. Иқрор буд, ки ҳар кишвар иборат аз маҷмӯи дастовардҳо ва камбудиҳост. Агар дар ҷое чавоб гирифта бошад, онро интиқоди созанда медонист. Ислоҳ шуд. Дар ғамиву шодии миллат шарик буд. Шахси фаромаҳаллӣ буд. Точики асил ва бериё. Табаддулотчӣ ба мисли тундравҳо набуд. Таҳавулотгаро буд.    

 

Вале даргузашти Ф.Воҳидов чизи дигареро рӯнамоӣ ва равшан кард, ки наҳзатиҳои фирорӣ тавассути башараи носазои «Ахбор.ком» мехоҳанд на танҳо зиндаҳо, балки мурдаҳои моро ҳам соҳибӣ кунанд. Ин мутлақанадешӣ хоси муллоҳои ифротӣ аст. Чун ҷанозабозу йиртишхӯр ҳастанд, аз зовияи манофеи танги шахсии худ ба рӯйдодҳо нигоҳ мекунанд. Файзинисоро моли наҳзат медонанд.  

Сониан, ин муҳоҷирон ва резахӯрони хони мардуми бегонаро бо сарнавишти Файзинисо-апа чӣ умумият? Ҷомеаи шаҳрвандии созанда дар Тоҷикистон аст ва бо мушкилот дасту панҷа нарм мекунад.  Худӣ аст. Файзинисо ҳам аз батну матни ҷомеаи тоҷик буд. Алорағми ин тундандешон, ки Ватанро дар хориҷа сиёҳ мекунанд ва ба имиҷи сиёсати хориҷӣ латма мезананд, Воҳидова виқори зани тоҷикро ба замин назад. Давлатмадор буд. Иҷозат намедод, ки дар пеши бегонагон нисбат ба тоҷикон сухани бад гуфта ва шунида шавад.    

Ин наҳзатиҳо чун шахсеро мебинанд, ки мавқеъгирии созанда дорад ва босавод аст, чун худ чалласавод ва торикандеш ҳастанд, даррав онро ба сӯйи худ бо насби лақабҳои «ҳомӣ» ва «бонӣ»-и ҳуқуқи башар мепайвандонанд.       

 Дарк намекунанд, камбудиро гуфтан аз хиёнат кардан ба Ватан, «ҷосусӣ ба манфиати хориҷиҳо» тафовути  калон дорад.   

 Силаи раҳми ниҳодҳои давлатӣ дар масъалаи Воҳидова Ф. аз хати қирмиз ҳеч гоҳ убур накард. Ҳарифи сазовор буд ва ҳаст.

Ба наҳзатиҳои даҳшатафкан гуфтанӣ ҳастем, касод ва буҳрони шахсият дар паймонакҳои зиддимиллӣ ва ҳизби мулломеҳваратон, ҳолатеро ба вучуд овардааст, ки аз мурдани мардум ҳам имиҷ сохтанӣ ҳастед. Қабои обрӯи зиндаёдҳоро олуда насозед. Мақоли хуби юнонӣ аст: «Дар бораи мурда ё гапи хуб мезананд ё хомӯширо ихтиёр мекунанд».

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун. Бозгашти ҳам ба сӯйи Ӯст.

 

Ислом Ғолибов, коршиноси умури иҷтимоӣ, ш.Кулоб      

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: