Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2480
Печать

         КШНГЗТ ё Кумитаи марг?

           (Ҷавоб ба кӯри Юнус)  

 

Эшони ҳангомаҷӯй ва резахӯри хони аҷнабиҳо  Абдусаттор Бобоев, ки дар бӯйи болопӯшаш аз дӯконҳои секонд ҳенди Берлин нишастан намешавад, бо дастовезии кӯр ва олусчашми Юнус дар марги Файзинисо Воҳидоваи ҳуқуқшинос, сирру асрори мармузро меҷӯянд. 

    

      Марги табииро мехоҳанд бар сари афроде бизананд, ки гӯё дар ин марг даст доштаанд.  Ба ин ҷуфти «қаҳрамонҳо»-и имонбохтаву аслгумкардаи ин қитъаи насрӣ ин масал сидқ мекунад: “Асп дорӣ?”, “Не”, “Хар дорӣ?”, “Не”, “Кӯри Юнус ва Абдусаттори шикамба  дорӣ“, “Ҳа”, “Биёрашон…

           Кӯри Юнус аз пушти ҳар нохун чирк мекобад. То пеши хоҷагони охундиаш ба орзуи мазҳабзада сохтани мардум хам шуда, ҳисобот диҳад.  Дар пайи хуморшикании наҳзатиҳо ҷанги равонӣ бар зидди миллати тоҷик эълон кардааст.   

        Зарбае ки ин қӯри Юнус ва Абдусаттори шикамба бо ҳилаҳои шаръиашон ба обрӯи мардуми диёр мезананд, ба хиромон қадам задани он бутаки кабкрези файзободӣ шабоҳатҳои вофир ва  ҳамсон дорад. Ҳар се яксон ба оташи душман равған мерезанд, аз марги хонум Файзинисо ҳангома месозанд. Гуноҳи нобударо бар сари бегуноҳон сарозер мекунанд. Тоҷикистонро сиёҳ мекунанд.

Чун ҳар се дар назди пул ҳарисанд ва ва ҳар се мафтуни лабханди оятуллоҳои мактаби Қуму Гургон. Ба ростӣ, ки  «кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз, кури Юнус  бо Абдусаттору ғоз бо ғоз».     

        Фаровардаҳои кӯри Юнус дар ватанфурӯшӣ, мардумро ба хашм қаҳру ғазаб оварда, дуои оқпадарӣ чун атояш ба лиқояш бахшидаанд. Аз изи вайронкориву найрангбозиҳои ин яҳудои маҳаллӣ, ки ору номус надорад ва авлодан ба тавтиаҷӯӣ ва аҳдшиканӣ ном баровардааст, чун тахрибкори №1 ва муовини наҳзат усмакашиву сурмадавонӣ мекунад, чун оинаи каҷи муллонамоҳои гуреза дар Эрон ҳама чиз рӯбароҳ ва маълум аст.           

        Чун мақомаки хазинадори наҳзатиро ба сад риё ғасб кардааст, Абдусаттори  қорӣ, ин булаҷаби таърихи муосир, дарк накардааст, ки бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад, зарфи дарунхолӣ овозаш баланд аст.

       Коре ки кури Юнус ба он даст задааст, туҳмати рӯирост аст, хиёнати чандкарата дар назди қавм аст. Бобоеви секондхендӣ бошад 2 дафъа дар шароити  Бумаҳен, Ароқу Мозандарон ва Пардис, пойгоҳхои ҷангӣ таъсис дода ҷавонон соддалавҳи тоҷикро бо савсата сер карда, ба Тоҷикистон барои куштор мефиристод.Ана акнун ҳамин афроди хоин ва қотил ба мардум роҳ нишон медиҳанду ҳомиву ва раҳнамои миллатанд. Ҳомиҳои бенангу номус.               

       Орзуи қатлу кушторро доранд. Солҳои 90-ум ин наҳзатиҳо мардумро бо ёвасароиҳои «турктозӣ»-ву «ачнабӣ» гӯл мезаданд, ҳоло ки маълум мешаванд, назди онҳо рафта, духтаронашонро дар аппартаментҳои Истамбулу Берлин Пардис чойгузин кардаанд.  Аҷаб. 

         Дар ҳар сурат «Хари вомонда маътали ғелзанист». Ал-Ҳазар аз ғелзаниҳои кури Юнус ва қорӣ Саттори каҷала, ки барои дилёбӣ дар назди ҷомеаи охундӣ ва қавмҳои қарахонлу ва оққуюнлу, ба оташи  душман равған меандозанд.   

КШНГЗТ нею Кумитаи марг аст он.

 

 Сахтгӯйро сухани сахт ба ислоҳ орад,

 Чирки пироҳани фӯлод ба собун наравад.

 

Киром Диловар, таҳлилгар

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: