Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2251
Печать

 

    Инак соли 2018-и мелодӣ бо ҳамаи бурду бохтҳояш ба саҳифаи таърих ворид гашт. Соил 2018 барои мардуми тоҷику тоҷикистонӣ соли бобарору пурфайз буд. Дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт.  Ҳарчанд душманони миллати тоҷик дар хориҷи кишвар дар симои ташкилоти террористии наҳзатии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ бо супориши «хоҷагонашон» кӯшиш карданд, ки  бо ҳар роҳу восита монеи рушди кишвар дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ гарданд, аммо ин палидҳо ба орзӯҳои ғаразноки зидди миллиашон нарасиданд ва ба нокомӣ дучор гардиданд.

 

Дар соли сипаригашта низ аз ҷониби роҳбарият ва пайравони ташкилоти террористии наҳзатӣ  амалҳои дасисабозию барангехтани иғвою моҷароҳо дар назди ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ ба назар расид. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳилаю найранги ин хоинони миллати тоҷик тасодуфи ва ғайричашмдошт нест, чункӣ аллакай  мардуми кишвар аз амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо воқиф ҳастанд, ин тоифа ҳамавақт дар ҳолати зӯромад моҷароҷӯӣ мекунанд ва  усулҳои пасту разилонаи худро ба кор мебаранд.

Яке аз дасисабозии навбатии ин хоинон дар рафти конфронси САҲА дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон дар моҳи сентябри соли 2018 буд. Роҳбарону фаъолони ин ташкилоти террористӣ тибқи нақшаи пешакӣ маслиҳатшуда, фурсати ба конфронс ҳозир гардидани яке аз таъсисдиҳандагони ин ташкилоти террористии наҳзатӣ Айёмиддин Сатторовро пайгирӣ карданд. Аз ҳузур доштани охирин  дар конфронси САҲА, онҳо сахт дар ҳарос буданд, зеро Сатторов А. шоҳиди тамоми бедодгариҳо, ҷиноятҳо ва хиёнати роҳбарон ва пайравони ин ташкилоти террористӣ мебошад ва бо ин далелҳо мақсадҳои аслии онҳоро ошкор карда, дар назди иштирокдорони конфронси мазкур расвою шарманда мешаванд.

Аз ин рӯ, бо мақсади таҳқиру масхара кардани Айёмиддин Сатторов бо ӯ ба муноқиша бархостанд ва чунин ҳолатеро ба миён оварданд, ки Мурод Саидзода, корманди сафорати ҶТ дар давлатҳои Аврупо, ба ғайр аз фаровардани як мушти обдор ба башараи   яке аз пайравони ин ташкилоти террористӣ Орзуев С. дигар илоҷе надошт. Агар ба ҷойи вай ҳар як ҷавонмарди дигари тоҷикистонӣ ҳам мебуд, бояд чунин мекард. Онҳо мехостанд, бо ин амалашон намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарманда созанд, аммо худашон ба чунин ҳол гирифтор шуданд. Ҷангҷӯӣ ва дасисабозиҳои ин ташкилоти террористӣ ин дафъа низ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот гардид.  

Бояд қайд намуд, ки Мурод Саидзода, ки нангу номус ва ҳисси миллию ватандӯстӣ дошт, пастию разилии ин тоифаро медонист, ҳамчун як ҷавонмарди ҳақиқӣ вокуниш нишон дод. Дар ҷавоби чунин иғвогариҳои душманонаи ин хоинони миллату давлат дигар ягон амале дуруст намеомад.   

 Он рӯз дер нест, ки баъди пурра фош гардидани симои аслии ҷинояткорона ва террористии ин ташкилоти наҳзатӣ, онҳо дар Аврупо ба сифати як ташкилоти террористӣ шинохта шуда, ҳолатҳои аз он кишварҳо хориҷ кардан ва ё дастгир шудани фаъолони онҳо аз эҳтимол дур нест. Онҳо дер ё зуд дар назди қонун ва мардуми мамлакат барои ҷиноятҳояшон бояд ҷавоб гӯянд.

Хулоса, аз рӯи таҳлилҳои матлабҳои васоити ахбори омма, соли сипаригашта, соли нокомиҳо ва шармандагиҳои террористони наҳзатӣ буд.  

 

   

                                             Фаррухи Фарҳод, рӯзноманигори масоили сиёсӣ

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: