Ба хотири фарорасии соли нави 2019-ум имрӯз тамоми мардум ҳамдигарро табрик мекунанд. Мавзӯи асосии шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳои хабарӣ ҳам ҳамин аст. Аммо дар яке аз сомонаҳои ифротӣ табрикоти бисёр аҷибе нашр шудааст, ки ҳам хандаовар ва ҳам нафратовар мебошад. Гап сари ин аст, ки саркардаи фирории ташкилоти террористӣ ҳамчун раиси ПМТ (эътилофи зиддимиллии ҷинояткорону террористон) мардуми кишварро бо фарорасии соли нав табрик кардааст. Густохию таҳқир аз ин бештар намешавад, ки сарвари террористон аввал ба ватану миллат хиёнат мекунад ва боз бо табрикот ба мардум муроҷиат менамояд.
Дар табрикоташ ин палид аз чандмиллиятиву чандмазҳабӣ будани Тоҷикистон ва дар рӯзҳои сахттарин дар паҳлӯи ҳамдигар будани ин халқҳо, инчунин аз арзишҳои волои инсонӣ ёдовар мегардад. Аммо ҳамон рӯзҳои сахтро ба сари мардуми гуногунмиллияту гуногундини кишварамон маҳз ташкилоти террористии наҳзатӣ оварда буд. Сабабгори асосии аз Тоҷикистон рафтани аксарияти намояндагони миллатҳои дигар, ки дар ободии кишвар саҳми арзанда доштанд ва бештарашон мутахассиони беҳтарин буданд, маҳз ҷанги шаҳрвандие буд, ки аз тарафи роҳбарону масъулини ташкилоти террористии мазкур роҳандозӣ шуда буд. Ҳамин ифротиёни террорист буданд, ки дар кишварамон ба хотири расидан ба мақсадҳои нопокашон ва барои манфиати молиявӣ мазҳаби бегонаро таблиғ карданду одамонро аз рӯйи аломати динӣ-мазҳабӣ ҷудо намуда, қатлу ғорат карданд. Иқтисоду саноати кишварро ба нобудӣ расонданд. Одамонро бехонумону овора карданд.
Саркардаи террористони фирорӣ дар “табрикоташ” оид ба ҷомеаи солим, ҷашну шодӣ, ҳамбастагию ҳамдилӣ ҳарф мезанад. Аммо дар Тоҷикистон ҷомеаи солим танҳо вақте бунёд ёфт, ки ташкилоти террористии мазкур мамнуъ гардид. Ба ҷашну шодӣ ва ҳамбастагию ҳамдилӣ пештар ҳамин гурӯҳи табоҳкор монеа буд ва баъди бартараф шудани он дубора барқарор шуданд.
Дар матни “табрикоташ” саркардаи террористон нашармида миллатро азияткашида меҳисобад. Дар солҳои навадуми асри гузашта миллати мо дар натиҷаи фаъолияти тахрибкорона, ҷиноятҳои сангин ва амалҳои террористии наҳзатиҳо ба азобу азият гирифтор гардида буд. Ин гурӯҳи аҳриманӣ ба хотири татбиқи манфиатҳои сарпарастони хориҷиашон ва барои бо зурӣ ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ он замон аз ягон амали баде худдорӣ намекард. Куштори одамон, ғорати амволи хусусию давлатӣ ва дигар ҷиноятҳои мудҳиш ба кори ҳаррӯзаи онҳо табдил ёфта буд. Мардуми Тоҷикистон он рӯзҳои мудҳиш ва амалҳои душманонаи наҳзатиҳои ифротию бадкорро ҳаргиз фаромуш накардааст ва дигар онҳоро намебахшад.
Ба сифати раиси ба ном эътилофи “Паймони миллии Тоҷикистон” (дар асл эътилофи ҷинояткорон) мардумро табрик кардани роҳбари террористони наҳзатӣ ниҳояти аблаҳию нобакории вай мебошад. Зеро мардуми Тоҷикистон ва муҳоҷирони тоҷикистонии муқими кишварҳои хориҷӣ аз тамоми амалҳои тахрибкорона, ҷинояткорона ва террористии ин гуруҳи табоҳкори наҳзатӣ огоҳанд. Ба ҳама маълум аст, ки эътилофи ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” дар асл таҷамуъи ҷинояткорон аст. Дар ин эътилоф он ташкилотҳое ҷамъ омадаанд, ки пештар аз тарафи худи наҳзатиҳо бо мақсади фиреби назар созмон дода шудаанд. Яъне ин террористон мехоҳанд тавассути макру ҳиллаҳояшон ба ҷаҳониён нишон диҳанд, ки неруи мухолифи сиёсӣ ҳастанд ва фрогири қишрҳои мухталифи ҷомеъа ва тоҷикистониҳои бурунмарзӣ мебошанд. Аммо дар асл инҳо аз як гурӯҳи маҳдуди ҷинояткороне иборатанд, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор кардаанд. Дер ё зуд инҳо дастгир гардида, дар назди қонун ва мардуми Тоҷикистон барои ҷиноятҳои содир кардаашон ҷавоб хоҳанд дод.
Мардуми Тоҷикистон имрӯз Роҳбари худро дорад ва дар доираи сиёсати созандаи Сарвари давлат ба амалҳои ободкорию созандагӣ машғул мебошад. Ягон эҳтиёҷ ва зарурате ба муроҷиату табрикоти ин террористони зархарид ва палидони табоҳкори наҳзатӣ мавҷуд нест.
Диловари Хуршед,
таҳлилгар, 31.12.2018
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: