Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2601
Печать

…Дарки фалсафаи “сарсупурдагони роҳи Оллоҳ” танҳо хоси мардуми баргузида аст ва ё одамони одӣ низ ба фаҳми он қодиранд? Дар ин бора борҳо андеша кардаам ва бо чандин касоне, ки худро чунин меҳисобанд, ҳамсуҳбат ҳам шудаам. Аммо дар охир боз ҳам ба як хулоса меоям: онҳо ҳама “сарсупурдаанд” , аммо танҳо сарсупурдаи роҳи Оллоҳ не . Чаро? Аз суҳбати зер шумо сабаби инро хоҳед фаҳмид. Мусоҳибаи мазкур дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе  сурат гирифт.

 

-Номи шумо чист?

-Номи ман Салом. Соли 1978 дар деҳаи Андарбаки Ҷамоати деҳоти Язғулом, ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон таваллуд шудаам. Сокини шаҳри Душанбе мебошам. Се фарзанд дорам. Хурдиаш  ҳамроҳи модараш дар Русия аст.

-Маълумотатон олӣ? Куҷоро хатм кардаед?

-Ҳамагӣ маълумоти синфи 4 дорам…

-Шуморо “комиссари ҳарбии Кузов” мегӯянд, ба чӣ кор машғул будед, ки чунин “унвони баланд”  насибатон гашт?

…(Забон мехояд) Рости гап, маро аз Русия ба ин ҷо оварданд. Ман дар он ҷо ҳамдиёронамро ба Эрон мефиристодам, то ки таълими ҳарбию динӣ гаранд. Дар Эрон маркази тайёрии ҳарбию динӣ мавҷуд аст, ки ҷавонони тоҷикро  ба воситаи Кузов барин фаъолони ҲНИТ ба он ҷо ҷалб карда, баъд ҳамчун муҷоҳид ба “Толибон” ё ягон гурӯҳи дигар ҳамроҳ мекунанд.Аз рӯи шунидам, баъдан  онҳо бояд дар Тоҷикистон нооромӣ ба вуҷуд оранд. Вазифаи ман таъмин намудани онҳое, ки ба Эрон мефиристам, бо чиптаи тайёра ва роҳнамоӣ кардани онҳо ба ин кишвар, ба назди Кузов буд. Бо Кузов, замоне ки якҷо дар баталони 25 хизмат мекардем, шинос шуда будам.

 

Маълумотномаи “Тоҷикистон”

Мирзокарим Кузов (Шоҳнаими Карим), 57 — сола, узви раёсати Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом. Айни замон дар Эрон қарор дорад. Дар рӯйхати Интерпол шомил аст.

-Чунин ҷавононро худатон меёфтед ё…?

-Не, онҳоро аввал дигарон, фарз кардем худи ҳамон Кузов аз хориҷ истода ба ин кор таҳрик мекард ва баъд ба ман супориш медод, ки фалониро бо чипта таъмин карда, ба назди мо фирист.

-Шумо аз маблағҳои дар Русия коркардаатон ба  онҳо чипта мехаридед?

-Не, албатта. Ба ман барои ин кор аз Эрон маблағ мефиристоданд. Бори аввал 5 ҳазор доллар ва баъд боз 300 ҳазори русӣ ва боз 2 ҳазор доллар фиристоданд.

-Ҳамаи маблағҳои фиристодаи Кузовро ба ҳамин кор истифода мебурдед?

-Не, барои хароҷоти зиндагии худ  аз ин маблағ мегирифтам, зеро ман дар Русия кори дигар надоштам.

-Яъне, “гӯр сӯзаду деги қаландар  ҷӯшад”?

-Намедонам, вале ман асосан барои он супоришҳои  Кузовро иҷро мекардам, ки он аз тарафи Шермаҳмад Сафаров, ки  “Шери Язғулом” мегуфтанд, содир мешуданд.

-Чаро маҳз ба ҳамин хотир ин корро мекардед?

-Ман домоди Шер ҳастам…

 

Маълумотномаи “Тоҷикистон”

Шермаҳмад Сафаров,  48 сол дошт, бародари Назармуҳаммад Сафаров, полковники Вазорати мудофиаи Тоҷикистон буд, ки моҳи сентябри соли 2015 бо гумони даст доштан дар ошӯби гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим)  боздошт шуда буд. Баъд аз ин, Шермуҳаммад ба Афғонистон фирор намуда,  дар он ҷо қумондони ДИИШ  шуд. Ӯ соли гузашта дар натиҷаи як ҳуҷуми ҳавоии неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон кушта шуд.

-То замони боздошт шуданатон чанд нафарро ба Эрон фиристодед?

-Тақрибан 13 нафарро.

-Онҳоро аз куҷо мефиристодед ва онҳо киҳо буданд?

-Бо тайёраҳои  Маскав — Теҳрон. Онҳо ҳамагӣ муҳоҷирони меҳнатӣ буданд, ки дар Русия кору зиндагӣ мекарданд. Аксарашон худашон ва ё  волидонашон зодагони Язғулом буданд…

-Падару модари эшон аз он, ки онҳо ба “облава”-и Кузов ва шумо афтода ба Эрон фиристода шудаанд, хабар доштанд?

-Не, албатта. Онҳо ҳама ихтиёрӣ рафтанд ва ман ба “вербовка” машғул набудам…

-Шумо боварӣ доред, ки онҳо зиндаю саломат мемонанд ва оё виҷдонатон азоб намедиҳад, ки чанд оиларо бе фарзанду чанд кӯдакро бе падар мекардед?

-(Сарашро хам мекунад)Ман  аз кори кардаам ҳазорон бор  пушаймонам ва тавба мекунам…

-Намоз мехонед?

-Бале. Дар маҳбас ба ман имконияти намоз хондан медиҳанд ва панҷ вақт намозро адо мекунам…Дар намозҳоям аз кори кардаам изҳори пушаймонӣ мекунам. Он суханҳое, ки гӯё дар Тоҷикистон дин маҳдуд гардидааст ва имкони намозхонӣ нест,тамоман дурӯғ будаанд. Ман ҳатто дар зиндон чунин имкониятро дорам. Аммо ба мо таълим медоданд,ки дар Тоҷикистон ягон озодии динӣ нест ва мардуми мусулмон зери фишору шиканҷа қарор доранд.

-Чанд сол зиндонӣ шудед?

-Панҷ сол…

 -Панҷ сол барои ба мактаби ҳарбӣ фиристодани 13 ҷавон ва барои тайёр кардани ифротиён…? Ҳамагӣ?

 … Мунтазири ҷавоби Салом нашуда, он маконро тарк кардам.Барои худ аз ин суҳбат танҳо як бардошт кардам: Ин “ сарсупурдагиҳо”  танҳо ба хотири манфиатҳои индунёии чунин ашхосанд. Воқеан ҳам, ҷазо барои ин ҷавон ба назарам сабук намуд. Албатта, ҳеҷ кас гирифтори якрӯза зиндон нашавад, вале чунин ҷазо дар таносуб бо он ҷазоҳое, ки нисбати дигар пайравони мазҳбҳои мамнӯъ, аз қабили салафиҳо ва онҳое,ки шояд аз нодонию камсаводӣ   ба таблиғи ин гурӯҳҳо дода шуда, зиёда аз даҳ сол ҳукм мегиранд,хеле сабуктар буд. Шояд судҳо  нисбати Салом дигар омилҳои сабуккунандаи гуноҳи ӯро ба назар гирифтаанд ва ё  ба “тавбаи гурба” бовар кардаанд, ки ин албатта, кори онҳо ва дар салоҳияти онҳост…

Абдумудассир Аҳмадзода

 

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: