Оянда ба ҷузъ таърихи халқ роҳнамои дигаре надорад. Таърихи пайдоиши ҳаракати босмачигарӣ далели бебаҳс ва омӯзандаи на танҳо замони гузашта, балки оянда низ аст.
Муҳтавои дастаҷамъии асарҳои таърихӣ ва илмӣ дар бораи босмачигарӣ дар як ҷумла хулосагирӣ мешаванд, ки ин ҳаракат сирф ҳаракати тундгаро ва хилофи арзишҳои миллӣ мебошад. Сабаби дигаре ки боиси дар ҳошияи таърих қарор доштани босмачигарӣ мегардад, омили аз инкишофи 10 сола бозмондани Тоҷикистони шӯравӣ дар солҳои аввали ҳокимияти шӯро буд.
Нишонаҳои босмачигарӣ дар ҳар шаклу сурате дар рафтори мухолифони ғурбатнишин эҳсос мешавад. Ин тарзи тафаккур пеш аз ҳама дар мафтуншавӣ ба ақоиди динӣ ва шиорпартоии подарҳаво аз қабили «қиёмат қоим шуд», «шариато завол гардид» ва ё «куффор Бухоро»-ро гирифт зоҳир мегардад. Ин бархӯрд ба ҳаракати садсола, ки солҳои 20-уми асри гузашта, минтақаро ба чолиш кашида буд, хеле аҷиб ба назар мерасад.
Шартан касоне ки дар зери бори босмачиҳои асри 21 рафтаанд ва барои асоснок кардани истилоҳи фартути фаромӯшшуда талош мекунанд, «навбосмачиҳо» номгузорӣ кардем. Кор то ҷое расидааст, ки баъзе афрод аз аз хабарҳои пароканда, ки гӯё аҷдодашон босмачӣ будаанд, кӯшиши ифтихоргуна ҳам мекунанд. Ҳаракати босмачигарӣ аз решаву бун, ба асолати миллии тоҷикон мухолифати шадид дорад, зеро:
Ҳамин тариқ, навбосмачиҳои асри 21 дар қалби Олами Кӯхна ҷой гирифта, душмани рушду инкишофи миллат мебошанд.
Давом дорад
Каримов Диловар, омӯзгор, набераи Карим Давлат, яке аз Калтакдорони Сурх
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: