Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2128
Печать

 Аз хондани сарсатри аввали «тавба»-и пири салафиҳои минтақа Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо лақаби «писарандари дурӯғгуён» ном баровардааст, то андозае шод шудем. Вале бо мутоилаи сарсатри дуюм, рӯъёҳо аз гумроҳии ин салафӣ рафтанд. Ҳеҷ гап не, дари тавба боз аст ва боз орзу дорем, ки бо дарки иштибоҳот ва хатогиҳои худ, ҳатман дар рӯзҳои наздик ба маслиҳатхонаи миллӣ бармегардад. Аз он ки калимаи тавбаро бисёр холисона ба забон овардааст, маълум аст, ки аз кардааш пушаймон ва талабгори авф аст.  Хуб гуфтаанд, ки «Аз тиҳидастон хато, аз бузургон авф».

 

 Ангезаи дар фикри баргаштан ба Ватан дар дили ҳар ғарибе аст ва Муҳаммадиқболи Садриддин, ки таҳқиру тӯҳмат ба шахсиятҳои калонро раво дидааст, истисно нест. Мулки ғарибӣ, шахсияти инсонро мебалъад, ӯро манқурт мекунад, аз забону расму ойинҳо орӣ месозад. Нотавонии худро ба арши аъло мебарад. Ночиз будани арзишҳоро мефаҳмонад. Мухтасар гӯем, шахсияти инсонро мешиканад. Худ қазоват кунед, арабҳои Алҷазоир дар Фаронса, 4 насл зиндагӣ мекунанд, вале дар ҷомеа на худ ва на фарзандонашон ки марҳилаи мутобиқшавиро хуб гузаштаанд ва забонро ҳам медонанд, қабул намешаванд. Ҷои кори муносиб надоранд, зиндагии қаноатманд надоранд.

М.Садриддин, ки бар зидди миллат қад алам кардааст, ҳолати равониаш маълум аст. Субҳ дар қароргоҳи муҳоҷирон аз хоб мехезад, муҳит бегона, забон бегона, хӯрок бегона. Нигилизми ботиниро, яъне танаффури худ ва ҷомеаро дар дил  мепарварад. Ва маълум аст, ки худро баъди субҳонаи туфайлӣ Рустами замон медонад. Дар Интернет мечаспад. Забонро намедонад, ки барои худтакмилдиҳӣ кӯшиш кунад. Роҳи осон санг задан ба ҳамватани худ аст, ки М.Садриддин бинобар кинаварзии авлодиаш даст мезанад. Зеро ба дигарон зӯраш намерасад. Сиёҳ кардани тоҷик осон. Сиёҳ кардани Ҳукумат саҳлу  осон аст. Дар назди созмонҳои ҳуқуқи  башар, аз ҳуқуқи зиндониён гуфтан расм шудааст.

Ин каҷрав намедонад, ки 1 рӯз дар муҳити зиндониён зиндагӣ кардан наметавонад.  Зеро зиндониён фирориёни сиёсиро, ки думро хода карда ба хориҷа гурехтаанд, ҳукмашонро баровардаанд.

М.Садриддин, ин тоифа мардум, ҳама вақт дар тағйиранд. Як замон, бедин буданд, баъд зардушт шуданд, баъд демократ шуданд, баъд, шайх шуданд, баъдан наҳзатӣ ҳоло салафӣ. Ҳоло нигаред, ки католику протестант шуданро ҳам дар Ғарб имтиҳон мекунанд. Ин гапро гуфтанӣ набудам, ба ин тавбафармоияш маҷбурамон кард: М.Садриддин, на танҳо писарандари дурӯғгуён, балки ин  ҳамон писари гусола…. аст, ки дар Бохтар машҳур мебошад.

Дар робита ба тавбаат бошад, он қабул нест. Тавба самимӣ мешавад ва бериё.  Тавба назди миллат, тавба назди касоне ки дар қатли онҳо ту ва авлодат гуноҳкоред.

Дари тавба боз аст…

 

Киром Давлатов, омӯзгор                

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: