Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2507
Печать

Дар шабакаи интернет навори видеоии суханронии яке аз фаъолони фирории ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин дар мавзӯи “сатр”-и занҳо пахш гардидааст, ки бори дигар мутаасиб, ифротӣ, террорист ва аз ҷиҳати рӯҳӣ носолим будани ӯро исбот мекунад.Вай дар оғози суханрониаш туҳмат мекунад, ки гӯё дар Тоҷикистон озодиҳои динии мардум зери фишор қарор доранду ин ҷо мисли ҷангал бошад. Аммо баръакси ин гуфтаҳои ҷинояткори наҳзатӣ имрӯз дар Тоҷикистон  тамоми озодиҳои динӣ ва дигар ҳуқуқи мардум таъмин буда, қонуну тартиботи комил ҷорӣ аст. Дар кишварамон баъди дур шудани ТТЭ ҲНИ як фазои амну осудае ҳукмфармо гардидааст, ки барои тараққии минбаъда ва ҳаёти осоиштаи мардум бисёр мувофиқ аст. Ин наҳзатиҳо буданд, ки замони фаъолияташон дар дохили Тоҷикистон ба мардум фишор меоварданд ва мухолифони худро қатлу ғорат менамуданд. Ин фаъолияти наҳзатиҳост, ки ба ҷангал шабоҳат дорад, яъне онҳо аз мавқеи зуроварӣ ҳамеша мехоҳанд мақсадҳояшонро амалӣ намоянд ва М. Садриддини бузриш ҳам як намунаи  ҳамон ҷангал аст.

 

М. Садриддин аз номус сухан мегӯяд. Аммо беномус наҳзатиҳоянд, ки соли 1992 дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ карданд ва дар натиҷа ҳазорон нафар куштаю бехонумон шуд. Мардуми тоҷикро овораю дар ба дар карданд. Имрӯз М.Садриддин ва ҳаммаслаконаш дар хориҷа аз ҳисоби пули хуҷаинҳояшон зиндагӣ доранду аз ҳар фурсате истифода бурда зидди ватану миллати худ фаъолияти душманӣ мебаранд. Магар ин беномусӣ нест?

Беномусию бешармии М.Садриддини ҷинояткор  то дараҷае расидааст, ки ба уламо ва занҳои кишвар хитоб мекунад. Ба ҷойи шарм доштан аз ҷиноятҳои содир кардааш боз забондарозӣ мекунаду иғво бармеангезад ва одамонро бар зидди давлат ба шур оварданӣ аст.Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдуқодирзодаро таъна мезанад, ки бародарзодаашро аз ҷавобгарӣ дар назди қонун озод карда натавонистааст. Вале С.Абдуқодирзода ба фарқ аз М.Садриддин дар доираи қонун зиндагию фаъолият дорад ва ба кори мақомот дахолат намекунад. Агар бародарзодааш бегуноҳ бошад ва ё авф шуда бошад, бе дахолати вай ҳам озод хоҳад шуд.

М.Садриддин, ки худаш дар хориҷа панаҳ бурдааст,бо ҳамон усули қадимии наҳзатӣ аз номи дин суиистифода мекунаду уламо ва занҳои кишварро тарсонда, онҳоро бо баҳонаи “пуштибонӣ аз сатр” ба амалҳои зиддиқонунӣ ва зиддидавлатӣ таҳрик доданӣ аст. Рӯйи рост ба хунрезию куштор даъват мекунад. Мутаасиб, ифротагаро, ҷинояткор ва хиёнаткору террорист будани М. Садриддин дар ҳамин суханҳояш баръало ошкор мегардад. Мақомоти дахлдори Тоҷикистон бояд барои дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани ин хиёнаткор ва душмани миллат фавран чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҷинояти дигари сангин ва нобахшидании М.Садриддин аз тарафи вай таҳқир шудани миллати тоҷик, мардону занон, Сарвари давлат, роҳбарони сохторҳо мебошад. Ӯ бешармона ва беинсофона Раиси Кумитаи занҳоро таҳқиру тавҳин мекунад. Дар асл поктинатӣ, ҷасорату шуҷоати ҳамин зан аз садҳо наҳзатии ифлоси мисли М.Садриддин болотар аст. 

Раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлат ва Раиси Шурои уламо С.Абдуқодирзода ва кормандони дигари ин ниҳодҳои муҳими давлатӣ дар хизмати халқу Ватан мебошанд. Рӯҳияи ин шахсони поктинату меҳнаткашро наҳзатиҳо бо иғвою тарсонданҳо шикаста наметавонанд.

М.Садриддин ба хотири расидан ба ҳадафи шумаш, яъне дар кишвар роҳандозӣ кардани нооромӣ, мардони Тоҷикистонро тавҳин карда, беҳувияту расво мегӯяд.  Аммо беҳувияту расво роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ ҳастанд, ки ватану миллат ва дину мазҳаби худро ба хотири манфиатҳои моддиашон фурухтаанд. Онҳо бо супориши сармоягузорони хориҷиашон фаъолияти тахрибкоронаро идома дода, аз душманиӣ бар зидди Тоҷикистон даст барнамедоранд. Намунаи барҷастаи расвоию беҳувиятиро мо дар симои М.Садриддин мебинем, ки бо риши ларзону чашмони аз косахонаи сар бурун омада гулу медаронад ва миллати худро таҳқир мекунад.

Аммо рӯҳияи мардуми бошарафу огоҳи Тоҷикистонро, ки  дар атрофи Пешвои миллат ҷамъ омадаанд ва барои пешрафту ободии минбаъдаи кишвар ва беҳбудии зиндагӣ талош меварзанд, шикастан номумкин аст.

 

Парвизи Мирзо

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: