Сомонаи Паём, ки муддатҳост дар сафаҳоташ хурофоту ҷаҳолат, риёву ғараз ва кинаву адоватро ҷо медиҳад, ба ҷуз таассубу беҳувиятӣ чизи дигаре дар қолаби «Паём» ба хонандагон ба армуғон намеоварад. Ин дафъа пойгоҳи наҳзатии «Паём.нет» ба масъалаи барои наҳзат ва армияи бузурги хурофотиёни динӣ – «ҳиҷоб» таваҷҷуҳ намуда, назари ба истилоҳ, коршиносонашро дар робита бо баррасии дастури манъи ҳиҷобдорон ба муассисаҳои давлатӣ пурсидааст.
Яке аз коршиносони наҳзатӣ Абдуманон Шералиев бо шунидани суол яку якбора шӯрида, гӯиё аз эҳсосоти динӣ-мазҳабии мардум дифоъ мекарда бошад, ба зиддимардумӣ будани чунин навъи тасмимоти мақомоти давлатӣ ишора намудааст. Акнун бармегардем ба масъалаи «ҳиҷоб», ки тору пуди фалсафаи хурофотиёни мазҳабиро ташкил медиҳад. Ҳиҷоб, аз назари психологӣ, як навъ символи муқовимат ва иддао алайҳи беҳиҷобон ва мутаносибан бединон талаққӣ мешавад. Ҳиҷобдор ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба дигарон, махсусан занону духтарони беҳиҷоб даъвии покдоманӣ ва иффатдорӣ пеш меоварад ва риёкорона ба намоиш гузоштани тарзи ҳиҷобпӯшиаш бо худии худ як навъ эътирози иҷтимоӣ аст. Ин нуқтаи назари равоншиносӣ аст ва мо аз худ дар ин замина чизе илова намекунем ва фақат символикаи ҳиҷобро, ки дар худ нафрату бадбиниро ба дигар ҳамнавъони беҳиҷоб меғунҷонад, баён медорем. Аз ин ҷост, ки мақомоти давлатӣ сари ин масъалаи ҳассос ва дар айни замон хатарзо чораандешӣ мекунанд, то сатҳи баланди риёкорӣ ва хурофишавиро миёни занон коҳиш бидиҳанд. Агар давлат ва мақомоти зиддахли давлатӣ чунин иқдомеро дар баробари ташаннуҷи падидаҳои таассубӣ амалӣ накунанд, пас, ба чӣ кор бояд машғул шаванд? Бишинанду манзараи ваҳшатзои риёкории сатрпӯшонро наззора кунанд ва ҳеҷ тасмиме нагиранд? Албатта, барои ин гурӯҳи «коршиносон» бетасмимӣ ва беамалӣ дар баробари нуфузи хурофоту таассуби мазҳабӣ чун обу ҳаво зарур аст, то ҷаҳолати саросарӣ дар мамлакат ҳукмфармо гардаду оқибат ноамнию бесуботӣ ва кашмакашу даргириҳои мазҳабӣ ҷомеаро фаро гирифта, ба ҳазорсолаҳо ақиб бубарад. Аз тарафи дигар, ҳодисаи ҳиҷобпӯшии риёкоронаи занону духтарони мусулмонро дар Фаронса, ки чанд сол қабл ба вуқӯъ пайваста буд, ба хотир биёваред, ки боиси баҳсу даргириҳои гарме дар ҷомеаи франсавӣ шуд ва охируламр ҳиҷобпӯшии риёкоронаро манъ кард. Чунки дар пай даъво дошт ва ин навъи иддаоҳо ҷомеаи мадании Фаронсаро водошт, ки алайҳи худнамоӣ ва риёкории мусалмонзанҳои ҳиҷобпӯш бишӯранд ва вазъро то андозае ором намоянд.
Илова бар ин, ҳиҷобпӯшӣ ҳоло маънии динмадорӣ ва ботақвоии занро нишон намедиҳад. Аз назари оморӣ, занҳои сатрпӯш ё риёкорӣ мекунанд, ё иҷборӣ онро ба сар мекунанд ва ё ҳадафмандона муборизаи идеологӣ мебаранд ва борони эътирози динӣ-мазҳабӣ ва эътиқодии худро рӯйи ҷомеа мерезанд. Ин масъаларо дастак карда, ба дастуру қавонини давлатӣ часпидан ва озодиҳои мазҳабиро баҳона пеш оварда, даъвиҳои хатарноки мазҳабиро таҳаққуқ бахшидан ба манфиати миллат ва халқи тоҷик набуду нест. Дигар ин ки ҷанги сарди сатру бесатрӣ дар ҳама давру замон буду ҳаст ва аз он ҳангома сохтан мумкин нест. Аз ҳама муҳим, мо дар давлати миллӣ, дунявӣ ва секулорӣ зиндагӣ мекунем ва арзишҳои секулорӣ назар ба арзишҳои динӣ-мазҳабӣ инсонитар ва миллитаранд. Вобаста ба ин, ҳар падидае, ки зидди арзишҳои секулорӣ ва инсонӣ аст, дар доираи қавонини давлатӣ ҷилавгирӣ мешавад.
Таҳлилгари дигар ба исми Файзинисо Воҳидова, ки ҳуқуқшинос аст, гӯиё ки ғамхори халқ ва аз ҷумла занон мебошад. Сатр аз рӯймоли тоҷикӣ фарқ мекунад ва касе рӯмоли тоҷикиро манъ накардааст. Баръакс, рӯмоли тоҷикӣ, ки метавон онро як навъ рӯсарии зебои миллӣ унвон кард, асрҳо зани тоҷикро оро додааст. Агар ба навиштаи Шишов (китоби «Тоҷикон» ном дорад ва он ба забони тоҷикӣ нашр шудааст) таваҷҷуҳ намоем, дармеёбем, ки дар навоҳии кӯҳистони тоҷик рӯймоли тоҷикӣ занони маҳаллиро зеб медодааст ва дар маъракаю чорабиниҳои идона ва арӯсӣ занон ин рӯсариро истифода мебурдаанд. Агар Воҳидова, ки худро ҳамадон менамоёнад, ин навъ либоспӯширо, ки дар зеҳнияти тоҷикӣ ҷойгоҳи вижа дорад, тарғиб кунад, ҷойи гила ва баҳсу мунозира нест. Аммо гап дар ин аст, ки ҳуқуқшиноси тоҷик, ки аз миллият дам мезанад, сарфаҳм намеравад, ки пушти сатру ҳиҷоб чӣ нақшаҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ қарор доранд. Шояд донад, вале ба хотири як зани мусалмон эътироф шудан, бозиҳои пасипардагиро, ки бо сатру ҳиҷоб ва риёкории саросарӣ алоқаманданд, нодида мегирад. Баъдан Воҳидова аз занони Ирону Афғонистон ёдовар мешавад ва ҳатто дарк намекунад, ки ҳамарӯза ҳазор зани иронию афғонӣ садо аз беадолатии охундону рӯҳониён мезананд ва барои поймол шудани ҳуқуқҳояшон мешуранд. Чунин ҷуръатро Воҳидова ва Воҳидоваҳо дар ҳазор соли дигар пайдо намекунанд. Масоиле, ки занону бонувони иронӣ ва афғонӣ баҳс мекунанд ва хатти марказии мабоҳиси онҳо берун рафтан аз вартаи хурофоту таассуби мазҳабӣ аст, Воҳидова ҳатто дар хобаш дидан намехоҳад, зеро ки мафкураи танги мазҳабӣ дорад ва ормонҳояш на миллӣ, балки мазҳабианд. Ба ин мазмун:
Диндорӣ агар ҳаст, бубин, ишқи Худо аст,
Не сатр, ки сарчашмаи найрангу риё аст.
Фаридун Ориёӣ
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: