Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2197
Печать

Ҳаёт ҷодаи пурпечу тобест. Чун дар  шебу фарозаш раҳгум задӣ вой бар ҳолат. Иззату исмататро гум мекунию имону мазҳабатро. Дигар рӯзи хушро намебинӣ. Пайи манфиати дигарон ҷадал кардаву худиро ба нестӣ мебарӣ, ба бадбахтии ӯ мекушию хиёнат ба миллату Ватан ҷузъи ҷудонопазирӣ ҳаётат мегарданд.

 

Яке аз онҳое, ки дар ин ҷодаи бешарафӣ раҳгум задааст Бобоев Абдусаттор ном дорад. 50 сола, зодаи ноҳияи Восеъ мебошад.

Тазоди зиндагиро бубинед. Аз як хок қаҳрамоне бо исми Восеъ ҳадяи ҳамдиёрону ҳаммиллатон шуд, ки баҳри ҳифзи манфиатҳои онон ҳаёти худро қурбон кард. Аз ҳамин хок нафаре чун Бобоев А. ба дунё омадааст, ки якҷоя бо ҳамҳизбони террористи наҳзатиаш ба хуни 150 ҳазор ҳамватан зомин аст. Дар бадбахту хонавайрон гаштани миллионҳо ҳамдиёр шарик аст.

Вале бо ҳамаи ин, аз хуни нӯшидаи қурбониёнаш сер нагашт. Дубора дар ҳамдастӣ бо Назарзодаи хиёнатпеша мехост замини Ватанро аз хуни ҳамватанон лолагун созад.

Боз шарманда шуд. Шарикони террористаш қисмате кушта шуданду теъдоде пушти панҷараи зиндон рафтанд. Худаш пироҳани занона бар тан карду гурехт.

Акнун дар Аврупо «булбулак»-и гӯёи Ташкилоти террористии наҳзати исломист. Ташкилоте, ки акнун ном иваз кардааст. Бо даҳҳо ном талош доранд, ки дирӯзи ҷоҳилию ҷаллодӣ, разилию хиёнатпешагии худро пинҳон доранд. Акнун худро раиси кадом як «кумитаи гаравгонҳо ва зиндониёни ба ном сиёсӣ» муаррифӣ мекунад. Гумон дорад, ки мардум кӣ буданашро аллакай фаромӯш кардааст. Кист ӯ?

Тавре зикр шуд зодаи Восеъ мебошад. Дар тифлӣ ӯро назди кадом як муллои чалласавод бурданду роҳи ояндаи ҳаёташро ин тақдирнавис торик гардонид. Аз дониш дар канор монд, ҷониби ҷаҳл гом гузошт. Чанд оятеро қориазёд карду «Эшони Саттор» шуд. Оқибат бо ҳизби террористии наҳзат пайваст.

Дуруст будааст, ки кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз… . Дар наҳзат ӯ бо «Махсуми Саттор» ба ҳам омад. Охирин низ сарнавишти аҷибу ғарибе дорад. Ному насабаш Каримов Саттор Самадович буд. Ҳама ӯро чун қаллобу шӯрапушти гузаро мешинохтанд. Фақат назаре ба рӯйхати дӯстони ӯ кофист, ки даруну берунашро пай бурд: Убайди Зард, Кобили Калта, Юсуфи Печак, Рачаби Самбрера, Абдуллои Кишка… ва ғайра.

«Махсуми Саттор» ва ин гурӯҳ дар солҳои 92-94-ум бо роҳнамоӣ ва маълумотдеҳии Абдуҳалим Назарзода дар роҳҳои Қазоқистону Москва ба «рекет» (ғоратгарӣ) машғул буданд. Назарзода суроғаи тоҷикони каме муваффақтарро барояшон медоду онҳо бо зӯрӣ «ҳақ» меситониданд. Номбурда ин гурӯҳро дар ҳамон замон бо Кабирӣ, роҳбари имрӯзаи наҳзати террористӣ, ки сархӯри Назарзодаю ҳамаи аъзоёни ин гурӯҳ гашт, шинос мекунад.

Бо гузашти айём «Махсуми Саттор» ва «Эшони Саттор»  якҷо тиҷорат доштанд, албатта бо пулҳои охундии наҳзатӣ. Ҳарду дар оянда ба мазҳаби шиа гароиданд. Ҳамеша пайи амалӣ кардани манфиатҳои мазҳабии ҶИА талош мекарданд. Бо якдигар қудо ҳам шуда буданд.

Дар ошӯби Назарзода ҳарду фаъолона ширкат доштанд. Танҳо «Махсуми Саттор» дастгир гашту барои ҷиноятҳои содиркардааш 26 сол аз озодӣ маҳрум шуд. «Эшони Саттор» бошад хизмати хоҷагони охундашро идома медиҳад.

Ҳаррӯз пушти дари институтҳои ба истилоҳ «ҳифзи демократия ва ҳуқуқи инсон» даъвату илтиҷо дорад, ки давлатҳои ғарбиро муътақид созанд, то бо Тоҷикистон ҳамагуна равобиташонро қатъ кунанд, миллати тоҷикро дастгирӣ накунанд… ва монанди инҳо.Таҳдид мекунад, ки пеши ин идораву он идора хайма мезанам. Андеша намекунад, ки тамоми хешутабораш дар Тоҷикистонанд ва фардо тамоми миллати тоҷик назди хонаи онҳо хайма мезананду лаънат бар авлоду аҷдоде мефиристанд, ки чунин хоину точири ватану мазҳабро ба дунё овардааст.   

Аз тарафи дигар, қонуни зиндагӣ дигар аст. Саг меҷакаду корвон мегузарад… . Солҳо, қарнҳо мегузаранд. Сагҳо ҳамоно мурдан доранду корвонҳо мегузаранд.

«Эшон»-у «Махсум»-ҳо  дар тӯли таърих чандин маротиба ба давлатдории миллии Тоҷикон суиқасд карда буданд. Вале таърих гувоҳ аст: мегзарад ҳар рӯзи сахту монад он рӯйи сиёҳ. Кабириҳо, бобоевҳо садҳо ном иваз кунанд ҳам рӯйи сиёҳашон то вопасин нафаси умрашон сиёҳ хоҳад монд.

 

Шараф Сафарзод, сокини ноҳияи Восеъ

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: