Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2607
Печать

                            Раҳбари Кумитаи марг

(Кузов, ки ба қуз задан назди омирони вилояти фақеҳ

одат кардааст)

     

        «Ҳар куҷо марди номист, бидон ки язгуломист», ба «қаҳрамон»-и имонбохтаву аслгумкардаи ин қитъаи насрӣ сидқ намекунад. Ба ӯ ин матали мардумӣ рост меояд: “Асп дорӣ?”, “Не”, “Хар дорӣ?”, “Не”, “Кузов дорӣ“, “Ҳа”, “Биёраш…

 

           Ба гуфти мардуми Дарвоз номи он номарак Кузов аст, ки пеши хоҷагони охундиаш ба орзуи мазҳабзада сохтани мардум ду қатъ ва хам шуда, дар пайи хуморшикании наҳзатиҳо ҷавонони водии Язгуломро 3 соли охир афгору валангор кардааст. Яке гуреза дар ғарибӣ, дигаре паси панҷараи зиндон. Ин дафъа дар нақши муовини якуми наҳзат истихдом шуда, бо амри хоинонаи Кабирӣ аз Эрон пул ситонида, ин раҳбари кумитаи марг мардумро ба сарҳади давлатӣ ба куштан мефиристад. То ба кай?  

        Зарбае ки ин кузов бо ҳилаҳои шаръиаш ба обрӯи мардуми диёр задааст, ба хиромон қадам задани он бутаки кабкрези файзободӣ шабоҳатҳои вофир ва  ҳамсон дорад. Ҳар ду яксон ба оташи душман равған мерезанд, ҳар ду дар назди пул ҳарисанд ва ва ҳар ду мафтуни лабханди оятуллоҳои мактаби Қуму Гургонанд. Ҳар ду мухлису навкари рақсҳои суфимашрабанд дар тимсоли ду олуфтаи банози нозукбадан дар дискотекаҳои Дортмунданд. Мавъизаи «Дор-ул-ҳарб», ки ба сӯи Аврупо дар қучаи Бохтар ҷеғ мезадед, чӣ шуд бо фалсафаи шаҳодататон? Ҳайҳот, во мусулмоно, салтанат аз даст рафт?

         Ба ростӣ, ки  «кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз, қузов бо бутаку он даҳбедӣ  бо ғоз». Гуфтандӣ, ки «Шуши нақд беҳ аз дунбаи насия» ва боз изҳор доштандӣ : «Акка роҳгардии зоғро ёд мегирам гуфта, роҳгардии худро гум кардааст». Роҳгардии мардуми Зоҳидон бинобар гароишҳои биёбонӣ асар кардааст. Камоли аниқтараш авҷи чаҳолати ҳамнишнӣ бо балучҳои шавқманди бачаҳои Кузовӣ, нақши худро бозидааст.    

        Фаровардаҳои кузов дар ватанфурӯшӣ, мӯйсафедони бовиқори деҳаи Мутраванро дар Язгулом ба хашм қаҳру ғазаб оварда, дуои оқпадарӣ чун атояш ба лиқояш бахшидаанд. Аз изи вайронкориву найрангбозиҳои ин яҳудои маҳаллӣ, ки ору номус надорад ва авлодан ба тавтиаҷӯӣ ва аҳдшиканӣ ном баровардааст, чун тахрибкори №1 ва муовини наҳзат усмакашиву сурмадавонӣ мекунад, чун оинаи каҷи муллонамоҳои гуреза дар Эрон ҳама чиз рӯбарова маълум аст.           

        «Ин мардак агар одами хуб мебуд, номаш Кузов намебуд»-и гуфтаи нишонраси ҳакиме ифодагари ботину зоҳири шохест, ки худро «шоҳ» пиндоштааст. Чун мақомаки хазинадори наҳзатиро ба сад риё ғасб карда буд, ба худ номе гирифт «Шоҳнаими Карим». Ин булаҷаби таърихи муосир, дарк накард, ки бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад, зарфи дарунхолӣ овозаш баланд аст.

       Коре ки Кузов ба он даст задааст, хиёнати чандкарата дар назди қавм аст. 2 дафъа фиребгар аст. Дар шароити Бумаҳен, Ароқу Мозандарон ва Пардис, пойгоҳхои ҷангӣ таъсис дода  ҷавонон соддалавҳи язгуломиро бо савсата сер карда, ба Тоҷикистон барои куштан мефиристад, мана рахбари марг.            

       Орзуи қатлу кушторро дорад, ин Кузов. Солҳои 90-ум ин наҳзатиҳо мардумро бо ёвасароиҳои «турктозӣ»-ву «ачнабӣ» гӯл мезаданд, ҳоло ки маълум мешавад, назди онҳо рафта, духтаронашонро дар аппартаментҳои Истамбулу Берлин чойгузин кардаанд.  Аҷаб. 

         Дар ҳар сурат «Хари вомонда маътали ғелзанист». Ал-Ҳазар аз ғелзаниҳои кузов дар назди ҷомеаи охундӣ ва қавми қарахонлуву оққуюнлу.  

 

Аскар Ҳикматов, таҳлилгар 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: