Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2525
Печать

Гирдиҳамоӣ - навъе аз эътироз ва як расм дар Аврупост. Дар Олмон танҳо кофист, ки ба идораи политсия номае бинависӣ ва замону макони гирдиҳамоиро муъайян бинамоӣ. Дигар ҳеҷ.

Дар Берлин қариб ҳар рӯз пикет, митинг ё тазоҳуроте сурат мегирад. Як рӯз ҳамҷинсгароён (лесбиянкаву голубойҳо) бо шиорҳо ба майдон мерезанд. Рӯзи дигар тарафдорони ахта кардани гурбаҳои дайду. Рӯзе тарафдорни Эрдуғон ҷамъ меоянд, рӯзе дигар мухолифонаш. Ба рағми Меркел - садри аъзами Олмон ҳафтае нест, ки тазоҳурот накунанд. Доди митингро дар Аврупо фаластиниҳо ва курдҳо медиҳанд. Гоҳо то 5 - 7 ҳазор аз ҷодаҳо қадам мезананд.

Ман мухлиси курдҳоям. Дар митингҳояшон ширкат ҳам варзидаам. Бо рақсу суруд ва таронаҳое, ки тамошобинонро ба ваҷд меоварад. Бо шиору лавҳаҳои зебо. Бо сухангӯёни касбӣ. Ва ба онҳо намояндагони миллатҳои дигар низ мепайванданд.

Ман ҳайратзада мешавам аз воҳимаи ҳукумат ва наҳзат, ки ҳанӯзам "дар паси як кӯчаанд". Наҳзатиҳо шӯр бармеангезанд ва ҳукуматро мисли тифлаке навроҳ тарс медиҳанд, ки агар бозичаамро надиҳед, нон намехурам, дастамро намешӯям, хоб намеравам, ба падарбузургам шикоят мебарам. Киноя аз таҳдидҳои ҳамешагии онҳо: митинг мекунем, флешмоб ба роҳ меандозем, масхараатон мекунем. Ҳукумат бошад он қадар ин ҳамаро ҷиддӣ қабул мекунад, ки гӯё осмон ба замин бармехурад.

Ман тарафдори онам, ки на танҳо бурун аз кишвар, балки дар худи Тоҷикистон ҳам барои ҳар гуна тазоҳурот монеъае эҷод нагардад. Тамоми намуди эътирози маданӣ охири охирон ба суди ҳама аст. Борҳо навиштаам ва гуфтаам: дар кишваре, ки митингро манъ мегамоянд, ба ҳаракатҳои партизанӣ роҳ мекушоянд.

Дар омади гап: нахустин бор чаҳор сол пеш дар Берлин Анҷумани нируҳои созандаи Тоҷикистон митинг ташкил карда буд. Наҳзатиҳои муқими Олмон низ ба он даъват шуда буданд ва ваъдаи ширкат дода буданд. Аммо як нафар ҳам наомад. "Раис маън кард"- чунин буд ташреҳ ва тавзеҳ. Он замон барои Раис бозори Регар, курсии мулоими парлумон, зиндагии ором ва сайр дар долонҳои ҳукумат аз ҳуқуки зиндониён, озодии сухан, фишор болои хонаводаҳои мухолифин болотар буд?

Бо вуҷуди ин ҳама митинги Раиси дар орзуи раиси тамоми оппозитсия шудан як хубӣ дорад. Бачаҳо Берлинро тамошо мекунанд, ғизои ройгон мехуранд ва ба дидори ҳамдигар мерасанд.

Кай боз Раиси хасис, ки барои мумсикияш Гобсек меноманд, шафоъат мекунад ва ҳамёну суфра мекушояд?

Дододжон Атовуллоев

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: