Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2102
Печать

 

          Мирзои Салимпур бо нашри мақолае дар сомонаи «ахбор.ком» гӯё ҳамчун шахси бетараф изҳори нодонӣ карда, чун мусичаи бегуноҳ тарафҳоро ба риояи ахлоқ дар муборизаи сиёсӣ даъват карда, чунин навиштааст:

 

«Муборизаҳои сиёсӣ бояд дар як чорчӯбҳои муайяни ахлоқӣ сурат бигиранд, набояд аз ҳадҳои ахлоқӣ гузашт!» (ман дасткорӣ нашудааст).

Салимпур худ ҳам дар баъзе ҳолатҳо ба сухангӯйи наҳзат табдил меёбад ва бо нашри маводи ғаразнок дар беобрӯ кардани ин миллат ғайримустақим даст дорад. Ҳангома меангезад. Орзуи ҳукумати муллоасосро дорад. Медонад, ки амри аввале ки наҳзатиҳо содир мекунанд, амри куфр ва илҳод нисбат ба  рӯзонаманигори ба ном «озодаандеш» аст. Чуни ки онҳо шароб менӯшанд ва худу фарзандонашон пойбанди арзишҳои насронӣ шудаанд. Инро наҳзатиҳо хуб медонанд. Ба маҳзи ба Афғонистон гурехтан, сару садоҳои мансубият ба яҳуду насоро ба Ш.Юсуф, О.Латифӣ, Д.Худоназаров,аз платформаи сиёсии ТТЭ ҲНИ буд. Шоҳидони воқеӣ мавҷуданд.

Оё ту Салимпур рӯзномаи «Наҷот»-ро боре хондаӣ? Мақолаи «Фалсафаи шаҳодат», ки дар ин рӯзнома чоп шуда буд, хон. Ба ту ва ба ояндагон ин наҳзатиҳои террорист чӣ мехостанд: кишвари асримиёнагӣ, ҷангзада бо ҳукми дасту бинибурии шариатӣ. Он мақола ҳам бо қалами вакили Парлумон аз наҳзат омода шуда буд.             

Биёед, ифротиҳои доишмадор қазоват кунед. Ба ақидаи инҷониб, гунаҳкори асосӣ ва калидии таҳқиру дашном дар фазои иттилоотӣ, наҳзатиҳои ҳаросафкан мебошанд. Дар маводе ки ғуломони гадоманиши онҳо чоп мекунанд, каромати инсонӣ ва нақши шахсият поймол мешавад, ва табиист, ки вокуниши тарафи мукобилро бармеангезад.

Шартҳои риояи ахлоқӣ дар ин ҳолатҳо як амри дурӯғ мебошад. Наҳзатиҳои ифротӣ ҳастанд, ки мулкро ноором ва давлатро хароб карданӣ ҳастанд. Онҳо барои тоҷик, тақдири халқи бедавлат, курдҳоро таманно доранд. Барои тоҷик дастнигариро орзу доранд. Дар оғози сохтмони НОБ- 2Роғун» орзуи 40-солаи тоҷик буд, ин муносибати наҳзатиҳо бармало нишон дода шуд. Онҳо мотам гирифтанд. Ҳоло он ки аз барқи ин нерӯгоҳи тақдирсоз, хешутаборашон ва фарзандонашон, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд, истифода мекунанд. Миллат истифода мекунад. Халқ шод буд. Дар шодии миллат, ин ватанфурӯшон шарик нашуданд.   

Ҳассосияти геополитикиро дарк намекунанд, қаноти чангиашонро бо номи ҳаракати беномусҳои «Ансорулло» дар ҳамсоякишвар ҷойгир карда, ҳамчун фишанги таъсиррасон истифода карданӣ ҳастанд. Ҳамчун гови бешир садояшон аз ҳама баланд аст. Марази носур дар баданаи миллатанд онҳо. Шартҳое ки меъёрҳои ахлоқӣ риоя шавад, бояд ба ақидаи шахсии мо  аз инҳо иборат мебошад:

 

  1. Даст кашидани наҳзат ва иттифоқчиёнашон аз ташкили ҳар гуна роҳпаймоӣ, ба зону зада назди миллат таъзим кардан.
  2. Дар назди миллат Тавба кардан ба хотири 150 ҳазор қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ. Тавбаи насӯҳ;
  3. Даст кашидан аз кӯшиши ихвоникунонӣ ва исломи сиёсӣ дар минтақа ҳамчун абзори нуфуз;
  4. Манъ кардани заминагузорӣ кардани истифодаи ҷавонон дар шомилшавӣ ба ҳаракатҳои террористӣ, ки шарики эътиқодии наҳзат мебошанд (ал-Қойида, «Ансорулло», «ДОИШ»).
  5. Қатъ намудани кӯшишҳои  нооромсозии вазъ ва осебрасон ба ҷаҳонбинии миллӣ;
  6. Баргашт ба сохти дунявии тафаккур;
  7. Баргардонидани байтулмоли миллат. Ба иборати дигар ба ниёзмандон  баргардонидани молу моликияте ки аз соли 1997 то 2015 аз ҷониби раҳбарони доллардӯсти наҳзат ба ҳар восита ғасб шудаанд (онҳо маълуманд);
  8. Пурра ва бе ягон қайду шарт таслим шудани аъзоёни даҳшатафкани қотил «Ансорулло» ба мақомот. Тавбаи беинтиҳои онҳо;
  9. Ба бозӣ нагирифтани мансубияти мазҳабӣ (шиагароӣ) дар ҷомеа;
  10.   Бе ягон қайду шарт  ба панҷаи қонун супоридани ашхосе, ки тибқи қонунгузорӣ нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва онҳо дар кофтукоб қарор доранд (рӯйхат алоҳида пешкаш карда мешавад).     

 

                      Боқӣ худ донанд.

              Акбар Сиддиқов, омӯзгор.

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: