Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2297
Печать

Юнуси кӯр, миссионери аҳли ташаъйю ва хоини маънавӣ аз суханони ман Баҳодур Саидов иқтибос овардааст, ки «Мақсад аз роҳпаймоӣ чизи дигар аст. Дар ин роҳпаймоӣ наҳзатиёни ифротӣ нақша доранд, ба нооромӣ ва террор даст бизананд ва гуноҳи содиркардашонро ба ҷониби ҳукумат вогузор намоянд. Ба гуфти шоҳидони воқеа, наҳзатиҳо меҳоҳанд парвандаи муҳоҷириашонро дар мақоми паноҳандадиҳандаи Германия, бо ин роҳ такмил кунанд, зеро қонунгузории кишвари иқомат дар робита ба муҳоҷирон тақвият ёфта, ҳиҷрати бесару нуг дар шаҳрҳои асосӣ манъ карда мешавад».

 

Дуруст пай бурдааст, ин олус ки ман дар ҳақиқат дар Олмон мебошам ва дар яке аз донишгоҳҳои муътабар таҳсил мекунам. Вазъиятро аз наздик таҳти мушоҳида дорам. Медонам, ки наҳзатиҳо бори дигар мардумро гумроҳ карданӣ ҳастанд. Митингро ҷузъи ҳаёти рӯзмарраи худ медонанд. Қадри инсон барои онҳо ба нархи пашизе баробар нест. Одами оқил дар як сӯрох 2 бор ворид намешавад. Вале инҳо ки беақл ва аблаҳанд, худ ҳам ба дарё мезананд ва дигаронро ҳам.   

Аз ин рӯ, ман вазифаи виҷдонӣ ва қарзи имонии худ медонам, ки чомеаро бедор намоям, ки дар роҳпаймоиҳои шубҳаангез бо раҳбарии созмонҳои даҳшатафкан иштирок накунанд. 2 рӯза таҳсил баробари даҳ соли ибодат аст. Ё ки ба фармудаи шоир:

 

Ибодат ба чузъ хидмати халқ нест,

Ба ҷузъ саҷодаву тасбеҳу далқ нест.

   

Бори дигар мегуем, ки наҳзатиҳо мисли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, мардумро боз тумаъ пиндошта, ҳамчун хаси сари роҳ истифода карданианд. Ин гуна масоилро бо як муроҷиат ба намояндагии дипломатӣ дар сатҳи кормандони одӣ метавон ҳаллу фасл кард. Инро тарзи ҳалли мутамадини масоил  мегӯянд, на мисли наҳзатиҳо, ки майлу рағбати беандоза ба митинг доранд.

 Аз лиҳози ахлоқӣ ҳам ин даъватҳои наҳзатиҳои мардумозор ва ақрабманиш, хиёнат ба давлат шинохта мешавад. 

         Авлоди Кабирӣ сармояи ҳангуфтро ба хориҷа сарозер карда, худ шоҳона зиндагӣ мекунанд ва муҳоҷирони бенаворо ба гарав гирифтаанд. Чунончи, шоҳидони ҳол аз доираҳои наздик ба тундгароён хабар медиҳанд, ки дар маҳаллаи  Франкфуртштрасси Бонн, «кабирӣ» хонаи муҳташамеро ба пули халқ харида, мисли ташкилоти дурӯғбофи худ «Диалог», гӯё маркази таблиғотӣ бар зидди ҳукумат ташкил кардааст. Ҳайфо.

Бад ин сабаб, аз шаҳрвандони муҳтарами ҷумҳурӣ, ки  муқими Германия мебошанд, даъват карда мешавад, ба таблиғоти наҳзат фирефта нашаванд, онҳо дар маишати худ ғутаваранд. Шаҳрванди асил  пойбанди арзишҳои миллӣ-давлатӣ бояд бошад. Манзури ман ҳамин аст.   

 

Баҳодур Саидов, коршиноси умури сиёсӣ  

 

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: