Дар сомонаҳои ифротӣ «эъломияи Кумитаи ба ном шаҳрвандии ба ном зиндониёни сиёсӣ» ба нашр расидааст, ки мардумро ба митинг даъват менамоянд. Корфармои ин ҳама нооромӣ, як қувваи заъиф ва хориҷибунёд аст: ТЭТ ҲНИ.
Мақсад аз роҳпаймоӣ чизи дигар аст. Дар ин роҳпаймоӣ наҳзатиёни ифротӣ нақша доранд, ба нооромӣ ва террор даст бизананд ва гуноҳи содиркардашонро ба ҷониби ҳукумат вогузор намоянд. Ба гуфти шоҳидони воқеа, наҳзатиҳо меҳоҳанд парвандаи муҳоҷириашонро дар мақоми паноҳандадиҳандаи Германия, бо ин роҳ такмил кунанд, зеро қонунгузории кишвари иқомат дар робита ба муҳоҷирон тақвият ёфта, ҳиҷрати бесару нуг дар шаҳрҳои асосӣ манъ карда мешавад.
Наҳзатиҳо мисли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, мардумро боз тумаъ пиндошта, ҳамчун хаси сари роҳ истифода карданианд. Баҳонаҳои митинги оппозитсия рӯякӣ, сатҳӣ ва аз воқеият дуранд. Ин гуна масоилро бо як муроҷиат ба намояндагии дипломатӣ дар сатҳи кормандони одӣ метавон ҳаллу фасл кард. Инро тарзи ҳалли мутамадини масоил мегӯянд, на мисли наҳзатиҳо, ки майлу рағбати беандоза ба митинг доранд. Фалсафаи митингбозии ин наҳзатихо аз он иборат аст, ки ҳар қадар тӯдаҳои гумроҳ дар атрофи онҳо ҷамъ шаванд ҳамон қадар онҳо худро боварманд меҳисобанд ва роҳи ботили худро бар дигарон таҳмил мекунанд. Ба гунаи нафаре ки дар оби лойолуд ба моҳигирӣ иштиёқманд аст, онҳо ҳам услубро истифода мекунанд.
Набуди ҷойдоди сиёсӣ ва дарки шинохти комил аз вазъият, раҳбарони гурезаву ифротии наҳзатро дучори парешонии ҳолу аҳвол ва гуфтору рафтор кардааст. Роҳи пешниҳодшудаи «кабирӣ» барои митинг, ки мулкро бедарвоза пиндоштааст, майдони таблиғотии наҳзати ошӯбгарро тавсеа бахшиданӣ аст, аз чанд сӯ суст ва бепоя аст: а) манбаъҳои иттилоотии шаккок; б) фосилаи дурӣ аз Ватан ва надоштани дастрасӣ ба тасвири рӯйдодҳои сиёсӣ, таҳлилҳои каззобонаи «кабирӣ»-ро рӯй об меорад; в) душманковии авлодӣ. Бемориҳои бузургманишӣ ба сарони бесари бунёдгароии исломӣ иҷозат намедиҳанд, ки дастовардҳои ноб ва мусбати Точикистони азизро бубинанд. Яъне ба иборати дигар, уқдаҳои он фирориҳои тундгаро сатҳӣ, бесару нуг ва маҷозист ва ба ҳеч сурат воқеиятро баён намекунад. Ботилманиш аст. Ин митингҳо танҳо роҳи вайрони ҳалли масъалаҳо ҳасту халос. Аз лиҳози ахлоқӣ ҳам ин даъватҳои пуррӯёнаи наҳзатиҳои мардумозор ва ақрабманиш, хиёнат ба давлат шинохта мешавад.
Бозҷӯйиҳои нав бар онанд, ки амволи Кабирӣ бамаротиб болотар аз он будааст, ки 3 млн.доллари ИМА+1,2млн.доллар барои ҳоҷӣ Ҳалим дар соли 2015 будааст. Ин бозёфтҳо нишон медиҳанд, ки ба ғайр аз бозору хонаву дар ва автомшинҳои мутаадид, танҳо дар хориҷа, арзиши хонаҳои истиқоматии ӯ ба 10 млн.доллар мерасад. Заминҳои нави лалмӣ ва обии ӯ ифшо шудаанд ва барои мусодираи онҳо иқдом сурат мегирад. 4 зани ғайриникоҳии ӯ ошкор шудааст ва маълум мешавад, ки амволи ин раҳбари нафсбедори наҳзатиро соҳибӣ мекардаанд (гӯш ба қимор бошед, дар телевизион нишон дода мешавад). Парасторони хориҷии ӯ ба миқдори миллионҳо доллар барои ноором сохтани Тоҷикистон ба ӯ сармоя сарозер кардаанд, ки санадҳои интиқоли банкии ин амалиёт дар дасти мо қарор дорад.
Бад ин сабаб, аз шаҳрвандони муҳтарами ҷумҳурӣ, ки муқими Германия мебошанд, даъват карда мешавад, ба таблиғоти оппозитсия фирефта нашаванд ва пойбанди арзишҳои миллӣ бошанд. Наҳзатихо абадан фирорӣ мемонанд, вале шаҳрвандони тоҷикистонӣ бояд ба Ватан рафтуомад кунанд.
Баҳодур Саидов, коршиноси умури сиёсӣ, ш.Берлин
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: