Рӯзноманигори машҳури тоҷик Додоҷон Атовулло ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлаберо нашр карда, тамоми амалҳои зишту палидонаи роҳбарону фаъолони наҳзатиро фош кардааст. Аз ҷумла вай дар ин навиштаи худ қайд мекунад, ки ТТЭ ҲНИ аслан моли Нурӣ буд.
Моли Кабирӣ ин эътилофи ба ном Паймони миллии Тоҷикистон аст. Ин рӯзноманигори аз фаъолиятҳои қаблиаш дар ҳайати эътилофи наҳзатӣ пушаймон тамоми разилию ҷиноятҳои Кабирӣ ва ҳаммаслакони уро фош менамояд ва то кадом андоза зиддимиллӣ будани ПМТ-ро таъкид мекунад.
Дар ҳақиқат тавре ки ба ҳамагон маълум аст, роҳбарони ҷинояткори Ташкилоти террористию экстеремистии Ҳизби наҳзати исломӣ пас аз мамнуъ эълон гардидани фаъолияташон аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон, аз ҷавобгарӣ дар назди қонун ва мардуми кишвар дар Аврупо панаҳ бурдаанд ва то ба имрӯз ба дурӯғпароканию иғвогарии зиддимиллӣ машғуланд. Аз хабару навиштаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии ифротӣ маълум мешавад, ки ин бадхоҳони миллату Ватан барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ягон амали нангине худдорӣ намекунанд.
9 сентябри соли ҷорӣ чанд нафар хоину ҷинояткори наҳзатӣ дар Варшава ҷамъ омада, созмони нави худро ташкил доданд ва ба хотири воҳимаю таблиғи бештари амалҳои тахрибкоронаашон онро эътилофи «Паймони миллии Тоҷикистон» номиданд. Аммо дар асл ин ҳеҷ гуна паймону эътилофе набуда, балки марҳилаи навбатии татбиқи нақшаи тахрибкорона ва ҳадафмандонаи зиддимиллии ТТЭ ҲНИ ва ҳамрайъонаш мебошад, ки аз сӯи сарпарастони хориҷиашон супориш шудааст.
Аз таҳлили рафти ин ҷаласа бармеояд, ки ташкили иттиҳод бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» як амали дуруғин буда, минбаъд ҳам он «ба осиёби ТЭТ ҲНИ об мерезад». Зеро созмонҳои Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон, Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд дар Тоҷикистон ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна, ки ба ин иттиҳод гӯё шомил гардидаанд, дар асл ҳар се давоми мантиқии ТТЭ ҲНИ ҳастанд ва пештар маҳз аз тарафи роҳбарони ин ташкилоти террористӣ барои фиреби назар сохта шуда буданд. Наҳзатиҳо бо ин амалашон ҳоло нишон доданӣ ҳастанд, ки гӯё бо неруҳои дигари муҳоҷирони тоҷикистонӣ эътилоф кардаанд. Аммо дар асл, ин эътилофи наҳзатиҳо бо худи худашон асту чанд журналисту зиёии дигарро гумроҳ карда фиреб додаанд.
Саволҳое ба миён меояд, ки магар то ҳол дар Тоҷикистон институтҳои иҷтимоӣ барои рушди демократия нестанд? Оё дар чунин паймони дурӯғин, ки хати машаш дар дасти сарварон ва пайравони ТТЭ ҲНИ аст, дунявият ва дин ба ҳам созгор меоянд? Наход ташкилоти террористӣ аз демократия ва адлу инсоф пуштибонӣ кунад? хандавоар аст.
Агар ба таърихи начандон дури ҳалқи тоҷик назар намоем, маълум мешавад, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта созмонҳои «Растохез», «Лаъли Бадахшон, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ низ чунин эътилофро созмон дода буданд. Бо гузашти начандон вақти зиёд ТТЭ ҲНИ ва рӯҳониҳои мутаасиб вазифаи роҳбарӣ дар ин эътилофро ба дасти худ гирифтанд, то ҳадафҳои худро амалӣ созанд. Натиҷаҳои фоҷеабори ба сари миллатамон овардаи чунин худхоҳӣ ва авомфиребии рӯҳониён ва ҳаводорони ТТЭ ҲНИ-ро ҳеҷ гоҳ мардум фаромӯш намекунад.
Аз тарафи дигар ТТЭ ҲНИ ташкилоти террористӣ ва мамнуъ иебошад. Аз ин рӯ, ҳамагуна эътилоф, паймон, иттиҳод ва ҳамкорӣ бо ин созмон ғайриқонунӣ буда, ҳамчун ҳамдастию иштирок дар терроризму ифротгароӣ ҷавобгарии қонунӣ дорад. Вобаста ба ин вақтҳои наздик он нафароне ки аз рӯйи нофаҳмӣ вориди эътилофи наҳзатӣ шудаанд, бо дарки ҷавобгарӣ ва ҷазо доштани чунин амал аз сафи он фирор хоҳанд кард.
ТТЭ ҲНИ ҳеҷ гоҳ барномаи созандаю мукаммали сиёсӣ надошт ва дар оянда низ нахоҳад дошт. Ҳадафи ягонаи ин созмони террористии мамнуъ то ба ҳол дар Тоҷикистон бо роҳи зурӣ сохтани давлати исломӣ боқӣ мондааст ва ҳамагуна пӯстивазкуниҳо ва аз демократия ҷор задани роҳбарону пайравонаш фиреби назаре беш нестанд. Аз ин рӯ, касоне ки бо ин ташкилоти ифротӣ наздики меҷӯянду эътилоф мекунанд, худро мефиребанд, зеро марҳилаи мавҷудияти исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 ба анҷом расида буд. Халқ бояд донад, ки ҷойгоҳи ТТЭ ҲНИ дигар бойгонӣ аст. Шахсону гурӯҳҳои дигарро ҳоло ки дер нашудааст, зарур аст, ки аз қарори пайвастан ба ин паймон даст кашанд ва худро бо ҳадафҳои душманона ва амалинашавандаи дурӯғин нафиребанд.
Набояд фаромӯш кард, ки дар замони муосир ташкили ҳар гуна эътилофу паймоне, ки сарварии онро намояндаи ҳизби террористии динӣ ба зимма дорад, натиҷае намедиҳад ва танҳо хатар меорад. Мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон аз чунин ташкилотҳои тахрибкору мутаасиб, ки ғайр аз террору харобӣ кори дигаре намекунанд, зиёд хаста шудаанд. Имрӯз аҳолии кишвари мо барои меҳнати созанда ва бунёдкорӣ дар атрофи Сарвари давлат муттаҳиданд ва барои ободию пешрафти Ватан кӯшиш доранд.
Эътилофи наҳзатиҳо, ки мақсади бадхоҳона дорад ва зидди миллату ватан мебошад, ягон дастгирие аз ҷониби аҳолӣ надорад. Ин эътилофи наҳзатӣ зуд фано хоҳад шуд.
Диловари Хуршед
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: