Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2332
Печать

(Иқрори гуноҳ аз мардсолорӣ шаҳодат медиҳад)

 Касе дар ин дунё орӣ аз хато нест. Он ягонае ки бе ниёз ва муназзаҳ аз гуноҳ аст, дар арши болост. Мардум бинобар мулоҳизаҳои гуногун, ҳар яке гаравише ва ё шубҳае дар дил дорад.  Шоир басо ҳадафманд гуфтааст, ки: Ин чӣ ҳарфест, ки дар олами болост биҳишт, Ҳар куҷо вақте хуше ҳаст ҳамон ҷост биҳишт.

 

Тавбаи журналисти тавоно ва чирадаст Додоҷон Атовуллоев дар бораи ҳодисаҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ падидаи нодир ва умедворкунандаи табақаи равшанфикри тоҷик аст. Дар ёдам хондае аст, ки Шарл Де Гол, раҳбари пешинаи Фаронса, барои нишон додани баҳамоии миллат назди қабри ду нафар размандаи пешин, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳалокат расида буданд, ба зону зад ва аз миллат узр хост. Пешрафти баъдинаи Фаронса ҳамчун пайомади ин бахшиданҳои ҳамин  сиёсатмадор дониста мешавад.

Суханони Додоҷон Атовуллоев, ки ҳам бо қалам ва ҳам бо қадам иштибоҳи тундгароёни пешина ва қӯрдилони имрӯзаро ифшо мекунад, саҳми босазои намояндаи зиёии ин миллатро ба намоиш мегузорад, ки ватандӯсти асил ва тавоно ин тавр мешавад, ки дар ҷабҳаи мухолифон қарор дорад, вале намехоҳад, ки муллоҳои кулӯхпараст ва вопасгаро боз зери чатри демократия ҳаракатҳои миллиро бо арзишҳои бунёдгароии динӣ махлут ва олуда кунанд, мардумро бар зидди ҳамдигар душман созанд, нимро гуреза ва ними дигарро аз рӯйи эътиқоди мусулмон будан ва мулҳид будан бишуронанд.  

Додоҷон Атовуллоев меафзояд, ки «ба ҳеҷ ваҷҳе бо Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари кунунии оппозитсияи тоҷик эътилоф нахоҳад баст. Додоҷон Атовуллоев аз "ҷавонони содадиле, ки имрӯз ба майдон мехонанд” даъват кардааст, ки иштибоҳи ӯро такрор накунанд».

Дар зери ин суханони заррини Д.Атовуллоев ҳар як точики ватандӯст бояд имзо кунад: «… мухолифини Ҳукумат хеле заифанд ва роҳи дигаре, ба ҷуз аз музокира бо ҳукумати кунуниро надоранд: ."Ё мо мемирему дар мухолифат меистем, ё дар сари мизи гуфтушунид бо ҳукумати Раҳмонов менишинем.”

Равшанфикри точик Д.Атовуллоев мегӯяд:«мухолифаташ бо Кабирӣ як мухолифати усулӣ аст ва ӯ қатъиян зидди он аст, ки эътилофи нави мухолифини тоҷик мисли солҳои 90 зери чатри як ҳизби исломӣ ба майдон биёяд».

Бале оппозитсия ана ҳамин хел мешавад, ки Атовулдоев пешниҳод мекунад: Оппозитсияи дунявӣ. Оппозитсияи созанда. Оппозитсияи тарақкихох. Оппозитсияи ислоҳотхоҳ.

Оппозитсияи вазифатақсимкун, оппозитсияи худоихӯр ва ертиштақсимкун, оппозитсияи бисёрзана, оппозитсияи мулломеҳвар ба мо дар сад дунёву охират даркор нест.

 

Фидо Ҳасанов, коршинос-таҳлилгар

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: