Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2458
Печать

Сайидюнуси Истаравшанӣ, шахсиятест, ки дар миёнаи ҷомеаи Тоҷикистон натавонист мавқеи худро пайдо кунад. Дар оғози  ҷанги шаҳрвандӣ бо ҳамроҳии чандеи дигар аз ҳамандешаҳову ҳамдеҳаҳояш дар майдоннишиниҳои солҳои 90-ум иштирок намуд. Онҳо аз зодгоҳи худ танҳо барои шиорпартоӣ ва равған рехтан ба ҷанги шаҳрвандӣ вориди шаҳри Душанбе гардид. Ҷанги бародаркуш оғоз гардиду ӯ аз тарси ҷон кишварро тарк намуд.

Роҳ ҷониби кишвари арабии Сурияро пеш гирифт. Сипас, гоҳе дар ин кишвару гоҳи дигаре дар кишвари дигар ба оворагардӣ машғул гардид, ки то имрӯз идома дорад. Замоне дар Ҷумҳурии исломии Эрон иқомат дошт. Сипас бо сабабҳои маълум ҷояшро иваз карду айни замон дар шаҳри Бейрути Лубнон қарор дорад ва фардо номаълум аст, ки куҷоро барояш манзил ихтиёр мекунанд.

Новобаста аз оне ки тамоми хориву зориҳоро пушти сар кардааст, аммо ҳамоно ба Ватан, миллат, давлат меҳру ихлосе надорад. Ҳамарӯза бӯйи ҷангро истишмор менамояду аммо ҳамоно хостори ташкил намудани чунин даргириҳо дар ватани аҷдодии худаш ҳаст. Маҳз натиҷаи чунин сиёсатбозиҳои ӯ буд, ки завҷаашро дар кишвари Ӯзбекистон ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон карданд. Билохира аз дасти хатогиҳои шавҳараш зани ӯ тоб наоварда, дар зиндонҳои он кишвар аз дунё даргузашт. Аммо, ҳамаи ин хатои содиркардааш барои Истаравшанӣ дарси ибрат нагардид. Натавонист чунин иштибоҳҳое гузашта барояш намунаи ибрат гарданд ва аз роҳи нодурусте, ки рафта истодааст, баргардад. 

Айни замон бошад мисли сарбоз хизмат карда истодааст. Вале, дар ягон давру замон ӯ сарбози ватану миллати худ набуд. Ва хизмати на барои халқу миллаташ балки мисли сарбози зархаридест, ки дар рӯ ба рӯйи миллату давлаташ қарор гирифта, дар набард аст. Моҳҳои охир ҳамагон ҳис мекунем, ки нисбати Тоҷикистон чӣ гуна ҷангҳоро аз кишварҳои ба мо маълум роҳандозӣ кардаанд. Акнун ҷангҳо на ба воситаи яроқу аслиҳа, тупу тӯфанг, балки дар расонаҳо хеле тезу тунд ҷараён дорад. Дар ин чунин муҳорибаҳои алайҳи Тоҷикистон Сайидюнуси Истаравшанӣ дар ҷабҳаи хеле пеш қарор гирифтааст.

Ҳар нафаре, ки ҳади ақал як маротиба акси ӯро дида бошад, хуб эҳсос мекунад, ки хизматгори кист. Ин ҳама талошҳояш барои нооромии мардум аз куҷо сарчашма мегирад.

Барояш тамоми васоили заруриро муҳайё кардаанд. Маблағҳои лозимаро барояшо ихтисос додаанд, сомонаи иттилоотиро низ боз карда дар ихтиёраш вогузор кардаанд, то ин ки тавонад дар сатҳи зарурӣ зарба занад. Ҳукумати кишварро зери интиқоди шадид қарор медиҳад. Сомонаи мутааллиқ ба ӯ ки бо номи «ksaadat.co» дар шабакаи интернет фаъолият дорад, ҳамчун силоҳи худ алайҳи ҳукумат ва сохти конститутсионӣ истифода мебарад. 

Аз ин ё он амали ниҳодҳои ҳукуматӣ эътироз намояд. Мардумонро ба шӯр оварданӣ мешавад. Тавассути навиштаҳояш талош ба он дорад, ки сокинони кишвар аз ҳукумат норозигӣ кунанд, даст ба тазоҳурот зананд ва ин ҳама оромие, ки бар ивази ҷони садҳо инсон ба даст омадааст, пурра аз байн баранд. Чунин мешуморад, ки чунин оромӣ барои чӣ ба ӯ лозим аст?!  Худи ӯ дар фосилаи хеле дур аз Тоҷикистон макон гирифтааст. Хавфе барояш таҳдид намекунад. Танҳо чанде наздиконаш дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд, ки ӯ парвои онҳоро надорад. Агар ҷони наздиконаш барояш заррае арзиш медошт, модари фарзандонашро барои ҷоният содир намудан пешбарӣ намекарду хати маргашро аз зиндон намегирифт. Инсоне, ки бар зану фарзанди худ ҳалиму меҳрубон нест, пас чӣ гуна ба дигарон ғамхорӣ мекунад?!

Дар вуҷуди ин сарбози манқуртшуда арзишҳои миллату миллатдорӣ, давлату давлатдориро солҳо пеш куштаанд. Агар чунин нест, пас чаро ҳодисаҳои Сурия, Ироқ, Либия ва дигар кишварҳо барояш дарси ибрат нагаштааст?! Зеро мо медонем, ки ин давлатҳо замоне ободу зебо ва мардумонаш хеле зиндагии осуда доштанд ва бо пайдо шудани чунин инсонҳое мисли Истаравшанӣ зиндагии осудаашон ба ҷаҳанам табдил гардид. Бешубҳа дар айни замон мисли техникае гаштааст, ки бо пахш кардани тугмача тамоми фармонҳоро бе чуну чаро иҷро мекунад. Аз тарзи муносибаташ бо арзишҳои миллӣ хуб эҳсос кардан мумкин аст, ки чӣ кас асту чӣ қиммат дорад. Соле қабл васоити ахбораи чопии кишвар сӯҳбатҳои маҳрамонаи ӯро ба нашр расонида буданд, ки мавзӯи суҳбатҳо ин бо кадом тарз вазъи ороми кишварро ноором кардан мебошаду халос. Дар пайроҳаи нодуруст ва бо ибораи дигар дар ин ҷабҳа ӯ ҳаргиз танҳо набуду нест.

Баҳром Қодирӣ   

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: