КОНСЕПСИЯИ НАВИ МУҲИДДИН КАБИРӢ ВА АНДАРЗҲОИ ЙОЗЕФ ГЕББЕЛС
Моҳияти консепсияи нав - сӯиистифода аз шуури омма ва таблиғоти бешармонаву густохонае мебошад, ки ба эҳсосоту ғаризаи инсонӣ нигаронидашуда аст. Дар чунин таблиғот ҳақиқат дар ҷои охир меистад. Ва агар дар баъзе чорабиниҳои таблиғотӣ он вуҷуд дошта бошад ҳам, танҳо ба хотири эҷоди таъсири равонӣ аст.
Ба назар мерасад, ки муаллифони консепсия андарзи вазири таблиғотии Германияи фашистӣ Йозеф Геббелс: «Мо дунболи таъсиррасонием, на ҳақиқат»-ро хуб аз худ кардаанд. Тамоми чорабиниҳои таблиғотии 2-3 моҳи охири дар сомонаҳо интишоршудаи Кабирӣ, мусоҳибаи матбуотии ӯ дар сомонаи хадамоти махсуси ТАСНИМ дорои як ҳадаф – таҳрик намудани таркиши отифӣ мебошад. Ҳангоми таркиши отифӣ инсон аз худ ҳама гуна шакку шубҳаро дур андохта, бо майли тамом ба дурӯғ, новобаста ба зиштию қабоҳати он, бовар мекунад. Ва барои ӯ муҳим нест, ки паҳнкунандаи ин дурӯғ КИСТ ва чӣ мақсад дорад.
Дар асоси консепсияи нав ду ҷабҳаи иттилоотӣ таъсис дода шудааст.
II
ҶАБҲАИ АВВАЛ – ДОДОҶОН АТОВУЛЛОЕВ
Дар яке аз ҷаласоти ситоди Кабирӣ қарор шуда буд, ки бо ҳар роҳе, ки набошад, бояд Додоҷони бадхоҳ аз арсаи сиёсӣ бардошта шавад. То он даме, ки Додоҷон ҳаст, ба ҷуз мо касе наметавонад ба симои мунофиқонаи доҳиамон Муҳиддин Кабирӣ бовар кунад. Мо симои Кабириро месозем, вале Додоҷон бо як зарба онро хароб мекунад. Агар Додоҷон аз байн бардошта шавад, он гоҳ тамоми мухолифини хориҷ аз кишвар таҳти назорати мо хоҳанд буд. Барои мубориза бо Додоҷон тамоми воситаҳоро бояд истифода бурд. Вале беҳтарини онҳо – террори маънавӣ хоҳад буд. Саломатии Додоҷон хуб нест. Чанд сол қабл ӯ ҷарроҳии қалбро аз сар гузаронида буд. Ба ғайр аз ин, ӯ одами эҳсосотӣ ва таъсирпазир аст. Маҷмӯи туҳмат, бадномкунӣ, ҳуҷумҳои таҳқиромез саломатии ӯро ба куллӣ аз байн хоҳанд бурд. Ва ӯ сукут мекунад.
Бояд мунтазам дар бораи ӯ ҳар гуна гапҳои дурӯғ паҳн кард. Додоҷон фурӯхтаи ҳукумат шуд! Ӯ - агенти хадамоти махсуси тоҷик аст. Ятимов ӯро кайҳо истихдом намуда, харидааст! Додоҷон ба таври махфиёна ба Душанбе рафта, бо Президент вохӯрдааст! Вале дар ин бора ӯ иқрор намешавад!
Дар нишасти САҲА ӯ тавассути мошини сафорати Тоҷикистон аз Берлин ба Варшава рафт!
Додоҷон – майзада аст! Ҳамчунин ӯ мубталои бемории равонист!
Тоҷикони Аврупо! Аз Додоҷон худро канор гирифта, муҳофизат кунед! Аз ӯ дурӣ ҷӯед! Ӯ - хабаркаши хадамоти махсуси тоҷик дар Аврупост!
Ҳамаи ин иттиҳомот ҳамроҳ бо дашномҳои кӯчагӣ, баъзан бо суханони қабеҳ равона шудаанд.
Чанде қабл Мирзо Салимпур, ки бо Додоҷон «хушмуомила» аст, дар сомонаи Ахборком дар шакли маккорона, разилона ва муғризона овозаи бардурӯғеро нашр намуд, ки гӯё Додоҷон аз ҳукумат халтаи пул гирифта бошад. Нисбат ба Мирзо ҳам хӯрдагирӣ карда намешавад. Ӯ узри комилан асоснок дорад – ин хадамоти махсуси тоҷик бародарамро маҷбур намуданд ба ман мактуб нависад, ки дар он, аз ҷумла омадааст, ки Додоҷон аз ҳукумат як халта пул гирифтааст. Додоҷон – устоди ман аст! Ӯ - Акои ман аст!
Интишороти мазкурро ҳамаи таблиғарони Кабирӣ дарҳол дар саҳифаҳои ФБ ҷойгир намуданд. Дар чунин мавридҳо зарбулмасали тоҷикии нисбатан дағали – «сагбача калон кардам, аз банди поям гирифт»-ро ба ёд наоварда намешавад.
Додоҷон якумин шуда дар Интернет муждаи солро - рӯзи 1 ноябр нахустин чархаи НОБ Роғун ба сурати озмоишӣ ба кор дароварда шуд, хабар дод. Ин иттилоъро ҳамагон бо хушнудӣ пазируфтанд – ҳам ҷонибдорони ҳукумат ва ҳам мухолифонаш. Ба ҷуз аз идеологони Кабирӣ. Онҳо нисбат ба Додоҷон дар мавриди ин хабараш изҳори бадбинӣ намуда, бо ин корашон бори дигар симои маънавии зишти худро нишон доданд. «Оё котиби матбуотии президент Эмомалӣ Раҳмон иваз шудааст?» ва ё «Дар сохтмони НОБ-и Роғун котиби матбуотии нав таъйин шудааст?». «Чӣ тавр Мирзо Салимпур тавонист дар сомонаи АХБОРКОМ ин хабари Додоҷонро нашр кунад?! Охир ӯ агенти ҳукумат аст!»
Тавре дар боло қайд кардам, таъсири таблиғоти дурӯғ нисбат ба таблиғоти воқеӣ бештар аст. Дурӯғу туҳмат натиҷаи дилхоҳ доданд. Ба ривояти «Додоҷон – агенти ҳукумат аст», ҳатто баъзе дӯстони ӯ низ бовар намуда, тавассути шахсони сеюм ӯро маломат карданд: «Шармаш бод!», «Мо ӯро чӣ қадар эҳтиром мекардем, ӯ бошад!» ва ғайраҳо. Вале Додоҷон муддати тӯлонӣ сукут кард. (Ман баъдан фаҳмидам, ки хомӯшии ӯ иқдоми оқилона буд).
Сипаҳсолори бузурги рус Михаил Кутузов дар Ҷанги ватании соли 1812 пеш аз ҳуҷуми Наполеон хеле ақибнишинӣ кард ва ҳатто Москваро ба ӯ барои ғорату тороҷ дод. Танҳо дар Москваи сӯхтаистода Наполеон фаҳмид, ки шармандавор мағлуб шудааст. Бо Кабирӣ ҳам ба ин монанд чизе рӯй додааст. Маҳз дар ҳамон лаҳзае, ки ҳама дар атрофи вай шодӣ мекарданд, ки «Додоҷон тамом шуд!», дар ФБ мақолаи Каванда («Сабади бофта») бо забони тоҷикӣ ба нашр мерасад. (ФБ, 1 ноябр, саҳифаи Додоҷон). Ин ба тамоми хатти аввали ҷабҳа зарбаи ҳалокатовар буд. Ва дар як лаҳза аз ин ҷабҳа танҳо харобаҳо боқӣ монданд. Гоҳ-гоҳе аз кадом як хандақи боқимонда садои пасти тирпаронӣ аз милтиқи милатанг ба гӯш мерасад, вале тирҳо то Додоҷон намерасанд.
Кабирӣ дар ҳолати сахти садамавӣ қарор дорад! Рӯзи аввал вай аз Додоҷон илтимос, илтиҷо, талаби гирифтани ин мақоларо мекунад. Додоҷон қосидони вайро ба ҷои маълум мефиристад. Тайи рӯзҳои минбаъда атрофиёни Кабирӣ пайваста ба Додоҷон дар бораи ҳолати рӯҳии вай хабар мерасонанд. «Ҳолаташ бад аст!», «Вай дар ҳолати садамоти сахт аст!», «Вай дар ҳолати нимбехудӣ ҳазён мегӯяд!».
Ниҳоят тамоми қувваи худро ҷамъ карда, вай фармон медиҳад: «Фас!». Ва мавҷи нави террор ба муқобили Додоҷон сар мешавад, ки он барои Кабирӣ чун як шармандагии нав анҷом меёбад. Ба худ омада, вай фармон медиҳад, ки террорро қатъ кунанд ва ба Додоҷон паёми нав мефиристад: «Ман ин ҷо гуноҳ надорам, инҳо худашон, бе гуфти ман кардаанд! Ман Шуморо хеле эҳтиром мекунам, Додоҷон! Бовар кунед!».
«Бовар намекунам!-ҷавоб медиҳад Додоҷон ва Кабириро ба мубоҳисаи як ба як тибқи ин нақша даъват кард: саволи ман-ҷавоби ту ва саволи ту-ҷавоби ман. Бигузор ду одами бетараф мушоҳидагар шаванд. Майдон аз далер аст!».
Кабирӣ то имрӯз хомӯш аст.
-Ин мубоҳиса ҳеҷ гоҳ баргузор намешавад,-мегӯяд Додоҷон.-Кабирӣ хуб мефаҳмад, ки вохӯрии чашм ба чашм бо ман барои вай чӣ оқибатҳое дорад. Ман дар бораи вай ҳоло ҳама чизро нагуфтаам. Ҳар як сархати «Каванда» пастӣ, дурӯягӣ, маккории Кабирӣ- ин «сиёсатмадор»-и тоҷирро ошкор месозад. Маълум мешавад, ки раиси ҳизби мухолифи исломӣ дар гузаштаи на он қадар дур ҳамзамон мудири ғайриштатии шуъба оид ба корҳо бо ташкилотҳои динӣ дар дастгоҳи (маъмурияти) Президент будааст. Вай пайваста дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бораи вазъияти ҳизби идора мекардааш, ҳолату рӯҳияи ҳамҳизбон, дараҷаи хатарнокии ҳар кадоми онҳо барои ҳукуматдорон ҳисобот медодааст. Ва баъди ҳар хабаркашии навбатӣ оид ба ҳамсафони худ вай оромона, гӯё ки ҳеҷ чиз нашуда бошад, бо онҳо корҳои ҷорӣ, тактика ва стратегияи ҳизбро муҳокима менамуд.
Бар ивази чунин хизматгузориҳо ба ӯ имкон доданд, ки яке аз сарватмандони Тоҷикистон гардад. Яке аз бозорҳои сердаромадтарин дар Турсунзода, ки ба номи занаш ба қайд гирифта шуда буд, корхонаи оид ба истеҳсоли коғази ташноб, ширкати сохтмонӣ. Тиҷорате, ки бар хиёнат асос ёфтааст. Ҳамсафони худро бифурӯш ва бой шав! Дар он айём барои ҳуқуқи инсонҳо мубориза бурдан барои ӯ беманфиат буд.
Саволҳои Додоҷон дар ин мақола-ин зарбаи касифе ба рӯи Кабирист. Ин саволҳо инчунин чун монеа дар роҳи нафаси ӯянд. Онҳо имкон намедиҳанд, ки ӯ озодона нафас кашад. Вай ба онҳо ҷавоб дода наметавонад, вале бе ҷавоб мондани онҳо саволҳои нав ба миён меоранд.
ЧӢ БОЯД КАРД? Чӣ хел вай азоб мекашад, аз он ки ба ин савол ҷавоб намеёбад! На вай, на машваратчиёнаш намедонанд, ки чӣ кор кунанд.
«Барои чӣ аксари мансабдорони ҳизб ба паси панҷара рафтанд, вале Кабирӣ берун монд?»
«Кӣ дар ҳукумат ним сол пеш аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 ба Кабирӣ пинҳонӣ хабар дод, ки тиҷорати худро пешакӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун барорад? Ва на танҳо тиҷорат, балки тамоми хешовандони наздику дури худро низ барад?»
«Барои чӣ Кабирӣ баъди фирори худ беш аз як сол хомӯш буд ва ба сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷ аз мамлакат рафта, онҷо суҳбатҳои махфӣ мегузаронид? Роҳҳои созиш меҷуст ва ё «вазифаҳои хонагии нав» мегирифт?»
Баъди шикасти ҷабҳаи аввал таблиғотчиёни Кабирӣ як муддат тактикаи худро иваз карданд- онҳо баъзан дандонҳояшонро ғиҷиррос занонда, Додоҷонро таъриф мекунанд. «Чӣ тавр навиштанро аз Додоҷон ёд гиред!- ба идеологҳои ҳукумат муроҷиат намуда, дар ФБ навиштааст яке аз политтехнологҳои Кабирӣ.- Ба назди вай ба Аврупо барои омӯхтан оед. Ман ба шумо барои хароҷоти роҳ маблағ медиҳам!».
Вале боз ҳам нафрати шадид нисбат ба Додоҷон лаганбардорони Кабириро ором намегузорад. Барои он ки Додоҷон ба онҳо имкон намедиҳад, ки симои сохтаи «доҳии бузург»-ро таҳким бахшанд. Зеро онҳо тавассути ташкили ин симо ризқу рӯзӣ ба даст меоранд.
Тамоми сагҳои кӯчагӣ як хусусияти умумӣ доранд-онҳо аз дур ба сӯи роҳгузарон аккос мезананд, вале наметавонанд наздик омада, онҳоро газанд. Ва агар ин сагҳои гуруснаро андак тарсонӣ, онҳо аккосзаниро бас накарда, ба як тараф мегурезанд. Додоҷон ва таблиғотчиёни Кабирӣ ана ҳамин саҳнаро ба ёд меоранд - роҳгузар ва саги кӯчагӣ. Бо дидани роҳгузар саг аккос мезанад. Роҳгузар ба аккоси саг ё аҳамият намедиҳад, ё каме сагро метарсонад: «Дур шав!», «Аз назарам гум шав!». Ва саг дарҳол роҳи гурезро пеш гирифта, дар зимн аккосзаниро бас намекунад.
Кунун савол барои мулоҳиза: Кӣ гуфт, ки аз як даст садо намебарояд? Ана ӯ - ягона ҷанговар бо артиши пурқудрат, сарлашкари тавоно. Артиш ва сарлашкар аз як нафар иборат аст-ин Додоҷон. Ӯ худаш танҳост бар муқобили артиши ҷанговарони иттилоотии Кабирӣ.
Ҷабҳаи якум шикаст. Аҷиб (миф) «Додоҷон –агенти ҳукумат» шикаст дода шуд. Ба саволи «ЧӢ КОР КАРД?» бошад, ҷавобе нест. Муҳиддин Кабириро аҳволаш бад!
ҶАБҲАИ ДУЮМ-САЙМУМИН ЯТИМОВ
Мағлубияти шармсорона дар ҷабҳаи якумро таҳаммул намуда, шояд Кабирӣ аз дастовардҳои муваққатӣ дар ҷабҳаи дуюм биболад. Вале ин муваффақиятҳо фиребанда ва ба хонаи картоние монанд, ки бо каме даст задан ба пуррагӣ хароб хоҳад шуд.
Вазифаҳои ҷабҳаи дуюм ба таври возеҳ аёнанд ва аз вазифаҳои ҷабҳаи якум кам фарқ мекунанд-бадном кардани роҳбари хадамоти махсус дар чашми ҷомеаи Тоҷикистон, дар симои ӯ сохтани Лаврентия Берия дар шакли тоҷикӣ, ҷаллод ва сабабгори бисёре аз қурбониҳо.
Ҳамзамон президент Эмомалӣ Раҳмон ва оилаашро бар зидди ӯ шӯрондан.
Дарҳол савол ба миён меояд: чаро маҳз С. Ятимов дар ҷанги нави иттилоотӣ нишони асосӣ қарор гирифт? Худи таблиғгарони Кабирӣ ба ин савол ҷавоб мегӯянд. Ятимов – маркази зеҳнии ҳукумат! Ӯ – такягоҳи президент! Агар Ятимовро беобрӯ кунанду ба истеъфояш даст ёбанд, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон заиф мегардад! Он гоҳ мубориза бо ҳукумати заиф осон мегардад!
Дар маъракаи сиёҳкунии Ятимов боз як панди Йозеф Геббелсро меорем: «Дурӯғ ҳар қадаре ки воҳиманок бошад, ҳамон қадар ба он анбӯҳи одамон бовар мекунанд»
«Саймумин Ятимов – атеист! Вақте модари ӯ вафот кард, ӯ нагузошт, ки анъанаи мусулмонӣ-ҷаноза ба ҷо оварда шавад!»
«Ятимов нақшаи сарнагун сохтани ҳокимиятро мекашад, Эмомалӣ Раҳмонро барканор карда, ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанист!»
Шубҳа накунед! Издиҳом бо мароқи том ба ин ва дигар дурӯғҳои роҳзанони қалам бовар карданд!
Вале, зарбаи аз ҳама сахт ба Ятимов – ин дурӯғи полковники сохтаном Маҳмадалӣ Расулов буд, ки кайҳо ҳақиқат гардид. Изҳороти ӯ дар моҳи августи соли равон тавассути интернет дар бораи гӯё даст кашиданаш аз иштирок дар қатли Кабирӣ таъсири бомбаро дошт. Дар рӯзҳои башумор видеои Расуловро дар Ютуб ҳазорҳо нафар тамошо карданд, даҳҳо бознашр дар саҳфаи ФБ, мавҷи балво дар шабакаҳои иҷтимоӣ, зиёфат миёни ҳаводорони Кабирӣ. Набудани аксуламали (иртиҷоъи) КДАМ нисбат ба изҳороти иғвоангез Расуловро дар дар шабакаҳои иҷтимоӣ қаҳрамон кард. Худи изҳорот бошад, маводи кӯҳнанашаванда дар тарғиби зиддиҳукуматӣ гардид.
Чи тавр метавон ин ҷо боз як панди ҳакимонаи Йозеф Геббелсро ёдовар нашуд: «Дурӯғе, ки ҳазор маротиба такрор мешавад, ба ҳақиқат табдил меёбад». Имрӯз ба ҳаққонияти изҳороти Расулов касе шубҳа надорад.
«Ятимов ба Аврупо эскадронҳои қотилро фиристод! Ӯ мехоҳад на танҳо Кабирӣ, балки тамоми ҷонибдорони ӯро маҳв кунад! Маро низ!» Чор моҳ боз Темур Варқӣ дар интернет чунин ғавғо мебардорад. Дар айни ҳол худтарғибкунии бузургест. Темурро намешавад тарсонд! Ба ӯ марг даҳшатангез нест! Ӯ аз роҳи интихоб кардааш барнамегардад! Минбаъд низ бар зидди ҳокимияти диктаторӣ мубориза мебарад!
Дар ҳамин ҳол ба таври осон имкон буд, ки «полковник» Расуловро ба дурӯғпардозӣ фош сохт ва ҳамроҳ бо Кабирӣ як рӯз пас дар тамоми дунё шармсор намуд.
Ҳақиқат чунин аст. Расулов Маҳмадалӣ моҳи августи соли 1997 пас аз хатми дусолаи Мактаби олии КАМ дар шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ бо рутбаи лейтенанти калон ба кор шуруъ мекунад. Карйераи чекистӣ ба ӯ муяссар нашуд. Ӯ ба кори оперативӣ дар минтақа майл мекунад ва ба иқрори шахсии худаш ӯро дар назди компютер чун котиба менишонданд. Вале, дар мактаби чекистӣ ӯро маҳз таҳлилгар омода намудаанд. Пас аз шаш сол моҳи ноябри соли 2003 Расулов бо ҳамон рутба бо хоҳиши худ аз кор озод шуд. Ба Россия рафта, дар Красноярск маскун шуд ва шаҳрвандии Россияро гирифт. Дар инҷо ӯ ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатиро ташкил мекунад. Дар асл, зери ниқоби ин ташкилот ӯ фаъолияти қаллобӣ анҷом медод, аз муҳоҷирони нодону беҳуқуқ ва беҳимоя гӯё барои бақайдгирӣ, кумак барои дарёфти кор, ҳалли баҳсҳо бо корфармоён ва ғайраҳо маблағ мегирифт. Зимнан ҳеҷ чизро ҳал намекард. Гурӯҳи тоҷикон ташкилоти ӯро ба суд доданд. Пеш аз фирор ба Аврупо ба ӯ муяссар шуд, ки бо даъвогарон созиш кунад ва сарҳадро барои убур барои худ боз намояд.
Ҳолати худро таҳлил карда (ба ӯ дар мактаби КАМ таҳлилро беҳуда наомӯхтаанд), ба хулоса омад, ки имкон ҳаст дар Аврупо ба осонӣ бе таҳлука ҳаёт ба сар бурд. Барои ин зарур буд, ки чизе берун аз ин фикр кард.
То ин, ки аврупоиҳои мутаассиби ба арзишҳои худ додашуда, бе ҳар гуна монеаҳои бюрократӣ ба ӯ паноҳ диҳанд. Ва ӯ достони доҳиёнаро бофта, баъд аз понздаҳ сол, собиқ лейтенанти калон, худро полковники Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва яке аз «иштирокдори амалиёт» ҷиҳати маҳви Кабирӣ вонамуд кард. Ва овоз баланд кард: «Дар куштори Кабирӣ ширкат намеварзам! Виҷдон намегузорад!»
Албатта, ин «амалиёти махсус» доир ба ташкили маъракаи нави таблиғотӣ то хурдтарин ҷузъ бо Муҳиддин Кабирӣ мувофиқа карда шудааст. Албатта, бе музд не. Дар бораи чунин маводи пурарзиш ҷиҳати офариниши симои қаҳрамон Кабирӣ ҳатто орзу карда наметавонист. Бахусус, пас аз ду маъракаи таблиғотӣ-«Ҳамза» ва «Шабнам» (муфассал дар бораи ин аксияҳо дар саҳфаи Фейсбуки банда аз 14 августи соли 2018) ӯ тамъро чашид-агар вақт ба вақт дар интернет аксия, дархостҳо ва дигар чорабиниҳо гузаронида шаванд, одамон тадриҷан дар асл кӣ будани Муҳиддин Кабириро шояд фаромӯш мекунанд. Инчунин, форумҳои «Дортмунд-1», «Дортмунд-2» ва «Варшава-1», «Варшава-2», ки онҷо ӯ дар тамоми ҷаҳон шармсор гардид, шояд фаромӯш шавад. Тамоми таваҷҷуҳи ҷомеаи тоҷик ба ҳукумати Тоҷикистон равона хоҳад шуд.
Изҳороти Расулов-амалиёти возеҳест, ки Кабириро қаҳрамони ҷаҳонии интернет гардонд. Ин сармояи навест аз хоҷагони эронӣ ба ҷайби Кабирӣ. Тасаввур мекунам, ӯ бо кадом рӯҳия болид, то ки бори дигар аҳамияти хешро ба хоҷагон нишон диҳад! Мехоҳанд маро кушанд! Акнун мутмаин шудед, ки ман ба ҳукумат таҳдид мекунам! Ман – неру! Ва қодирам, ки дар Тоҷикистон инқилоб барпо кунам! Шумо бошед, чанд муддат ба ман шубҳа кардед! Маблағро бештар диҳед!
Ана ҳамин гуна фоидаро барои Кабирӣ мебоист аз изҳороти Расулов мунтазир буд. Ин охири кор нест. Хадамоти махсуси Аврупо эҳтимол аст ҳаққонияти изхороти Расуловро бовар карданд ва ин ба таври назаррас мавқеи Кабириро дар Аврупо мустаҳкам намуд-ӯ бидуни ягон ташвиш метавонад ҳар қадар, ки хоҳад он ҷо зиндагӣ кунад.
Расулов низ манфиати кам намебинад. Ӯ худро ҳамчун нафари бомаҳорат нишон дод. Афсонаро бомаҳорат бофта, онро моҳирона пешкаш намуд, ки ба истифодабарандагони интернет заррае шубҳа барои ҳақиқат гуфтани ӯ намонд. Танҳо ба хотири як ҳадаф-дастрасӣ ба гурезаи сиёсӣ дар Аврупои серу пур.
Ба музди муътамади муҳоҷирати сиёсӣ зарур аст, ки мукофоти пулӣ аз Кабирӣ изофа шавад – шояд ӯ ҳамчун «полковник»-и КАМ шахсан ба назди ӯ «гурехт» ва аз ӯ қаҳрамон сохт.
Дар ҷабҳаи нави иттилоотӣ ҷангиён аз ҳукумат (асосан бо фейкҳо) хуб дифоъ намекунанд. Бисёр вақт онҳо дар ФБ маводҳое нашр мекунанд, ки таъсири баръакс мерасонад.
Дар арафаи форуми Дортмунд –2 яке аз олимони Академияи илмҳо дар ФБ тоҷикони бурунмарзиро тарсонид - ҳар касе, ки дар ин форум иштирок кунад, ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ба ҳабс маҳкум мешавад! Ана ҳамин олимро нотарсона метавон ба гурӯҳи тарғиботчиёни ҳизби исломӣ шомил кард! Дар тӯли муддати зиёд вай қаҳрамони тамоми сомонаҳои Кабирӣ - «Мо-қувва!», «Ҳукумат аз мо метарсад!», «Ҳукуматдорон бо тарс форуми моро интизоранд! Ва барои ҳамин тоҷиконеро, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, метарсонанд!», гардид.
Эҳтимол дар Академияи илмҳо олимон вақти бо илм машғул шудан надоранд, магар онҳоро ба коре ҷалб мекунанд, ки дар борааш фаҳмиш надоранд. Олимон бояд бо илм сарукор дошта бошанд, на бо тарғибот. Шахсан ман дучанд хурсанд мешудам, агар дар форуми Дортмунд садҳо тоҷикон иштирок мекарданд. Онҳо бо дидани он ки Кабирӣ дар атрофи худ киҳоро ҷамъ намудааст, ба худ қавл медоданд, ки дигар ҳеҷ гоҳ бо вай робита барқарор намекунанд.
Баҳори имсол, ки қариб як моҳ дар Душанбе будам, ҳар рӯз, аз ҷумла бо ВАО-и ҳукуматӣ низ шинос шудам. Ва ба як хулосаи ғамангез омадам - рӯзномаҳои ҳукуматиро иддаи каме аз одамон мехонад. Онҳо ақидаҳои ҷамъиятиро ташаккул намедиҳанд. Боре зимни меҳмонӣ дар хонаи дӯстам шумораи нави рӯзномаи ҳукуматиро, ки дар болои мизаш меистод, ба даст гирифтам. Вақте ки ба хондани мақолае таҳти сарлавҳаи ТЭТ (аббревиатураи тоҷикии террористӣ-экстремистӣ) шурӯъ кардам, дӯстам аз дастам рӯзномаро кашида гирифта, гуфт: «Дар ин ҷо калимаи ТЭТ ҳаст, яъне ки чизи нав надорад, ҳамон суханони қолабии дар як мавзӯъ навишташуда. Ман вақте дар рӯзнома мақолаеро бо сарлавҳаи ТЭТ мебинам, онро намехонам. Ва ба ту низ маслиҳат медиҳам, ки вақтатро ба рӯзномаҳои ҳукуматӣ сарф накун. Агар чизи ҷолиберо дар бораи Тоҷикистон донистан хоҳӣ, Азия-плюс, СССР, Фараж, Самак, Тоҷикистон, Озодагон, Минбари халқ, Миллат хон».
Интернет майдони асосиест дар ҷанги иттилоотӣ миёни ҳокимияти Тоҷикистон ва ҳизби исломӣ. Ин майдонро бештар тарғиботчиёни Кабирӣ истифода бурда, ҳақиқату дурӯғро пай дар пай бо ҳам якҷоя месозанд. Ва дар ин пасу пеш дурӯғро аз ҳақиқат ҷудо кардан осон нест.
Барои ақлу дили одамон муборизаи шадид рафта истодааст. Бояд эътироф кард, ки Муҳиддин Кабирӣ инро хуб мефаҳмад. Ва дар ин мубориза пулро дареғ намедорад.
Оё ин ҳақиқатро сохторҳои ҳукуматӣ, ки барои сиёсати иттилоотӣ масъуланд, мефаҳманд ё не? Ин аст саволи муҳим.
P.S. Норозигӣ аз роҳбари худ дар дохили ҳизби табъидӣ рӯ ба афзоиш аст. Бештари аъзои ҳизб ва ашхоси ба он воридшуда қоиланд, ки Паймони моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Варшава эълоншуда – ҷуз ҳубобе беш нест. «Паймон» - ин худфиребдиҳӣ ва фиреби сарпарастон, ба хотири маҳрум нашудан аз маблағгузории онҳост. Нафароне, ки ин қарордодро ба имзо расонидаанд, ҷуз худашон каси дигаре нестанд.
Амруллоҳи Низом дар ФБ «Паймон»-ро ташкилоти мурда номида, ҳамаро даъват кард, ки намози ҷанозаи онро бихонанд.
Худи Муҳиддин ин фиреб ва худфиребдиҳиро беҳтар аз ҳаммаслаконаш дарк намудааст. Дар яке аз ҷаласот ӯ дар мавриди маблағгузории нокифоя аз ҷониби ҳукумати Эрон изҳори норизоятӣ кард. Ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ хасис аст, бинобар ин ҳам бояд сарпарастони навро пайдо кунем,- изҳор дошт ӯ.
Оё Эрон минбаъд ҳам Кабириро маблағгузорӣ хоҳад кард ва ё ӯ сарпарастони дигареро пайдо мекунад, инро вақт нишон медиҳад.
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: