23-юми ноябри соли 2018, телевизиони «Настоящее время» бо иқтибос аз хабарнигори РИА Новости-Лидия Исамова, ки аз Абдусамадов Ҳусейн, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ дар боздоштгоҳ мусоҳиба гирифтааст, намоишеро нишон дод, ки рафти мурофиаи судиро бозгӯӣ мекунад.
Бо истинод ба маълумоти адвокат Абдуқаҳхори Қурбониён хабар дода мешавад, ки Суди олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябри соли 2018, террористи гузаро ва қотил Абдусамадов Ҳусейн, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ-ро, ки 29-уми июли соли 2018 ба террористони хориҷӣ ҳамла карда, чанд нафари онҳоро кушт, ба ҳабси абад маҳкум кард. Ду тан аз мутаҳамони дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд. Падидаи ҷолиб ва фаромӯшнашуданӣ аз зовияи таърих он аст, ки Абдусамадов (минбаъд Нахӯдов) пурра ва довталабона аз нақшаҳои тахрибкоронаи ҳизби террористии наҳзат парда бардошта, ба гуноҳи худ, ки дар ноором сохтани вазъияти чумҳурӣ ифода меёбад, иқрор шуд. Ҳусейн Абдусамадов аз рӯи 9 иттиҳом дар додгоҳ посух гуфтааст. Ӯ аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо, муттаҳам шуд. Қисмати муҳими мусоҳиба, изҳори акидаи модари Абдусамадов мебошад, ки бо маълумоте ки дар бораи ҳодиса ва писараш дорад, гунаҳкорони асосӣ чи тавре ки интизор мерафт: Кабирӣ ва аъзои шӯрои раёсати олиро медонад, ки писарашро ба ин гумроҳӣ тела додаанд. Он чи ки дар раванди баррасии парванда маълум шуд, гирифтани дастуру супоришҳои мустақими роҳбарияти ҳизби наҳзат ба ин тоифаи террористон ва сармоягузорӣ кардани онҳо тавассути миёнарави ТТЭ ҲНИ қорӣ Носир мебошад. Барои ТТЭ ҲНИ таҳрик намудани ҳодисаи ҳангомасоз тавассути содир кардани амали террористӣ дар арафаи маҳфилҳои САҲА барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба обрӯи рехтаи ин ҳизб муҳим буд. Аз ин лиҳоз, роҳнамоӣ, маблағгузорӣ ва ҳавасмандгардонии ин гурӯҳ, пурра аз ҷониби ҲНИ сурат гирифтааст. Коршиносони ворид дар ин масъала, мегӯянд, ки ҲНИ таҷрибаи анҷом додани ин ҳилаҳоро дорад. Чунончи, дар солҳои 1993-1994 вақте ки ҷомеаи чаҳонӣ аз амалҳои бунёдгароҳои исломӣ ба даҳшат омада буданд ва ВАО-и ватанӣ ва хориҷи онҳоро рад мекарданд, ба ҳодисаҳои ҳаммонанд даст заданд. Сараввал, соли 1994 ба дидбонгоҳи 12-уми қушунҳои сарҳадӣ ФР воқеъ дар н.Ҳамадонӣ ҳамла карда, ними сарбозонро аз дами теғ гузаронданд. Бо назардошти ин падидаи равшан гуфтан мумкин аст, ки даст доштани ҳизби наҳзат аз рӯйи дидгоҳи мутахассисон дар ин гуна амалиёти террористӣ як амри фаҳмо ва қобили дарк мебошад. Як ҳилаи шаръии ТТЭ ҲНИ дар ҳодисаи террористии 29-уми июл ба муқобили сайёҳони бегуноҳи хориҷӣ дар он баён мегардад, ки ин ҳизб таҳти пӯшиши ҳаракатҳои дигари террористӣ аз ҷумла ДОИШ баромад намуда, обрӯи дурӯғин касб мекунад. Фирӯз Каҳрамонов, тахлилгар
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: