Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2000
Печать

Ман аз баистифодадиҳии муваффақонаи ин иншооти азим ба ваҷд омадам. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад ва татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардумони тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти байналмилалӣ дорад, изҳор доштааст Исмоилов дар сӯҳбат бо раисҷумҳур

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси олии Узбакистон Нурдинҷон Исмоилов дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ифтитоҳи нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ситоиш кардааст.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз президент раиси қонунбарори Маҷлиси Узбакистонро ба ҳузур пазируфтааст.

Дар оғоз Исмоилов раисҷумҳури Тоҷикистонро ба муносибати ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун таҳният гуфтааст.

"Ман аз баистифодадиҳии муваффақонаи ин иншооти азим ба ваҷд омадам. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад ва татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардумони тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти байналмилалӣ дорад. Ин лоиҳаи беназир маҳз бо шарофати Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азму иродаи қавӣ ва сиёсати дурбинонаатон амалӣ гардид", - изҳор доштааст вай.
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки натиҷаҳои ба рушди мунсоибатҳои Тоҷикистону Узбакистон омили муҳим мегардад.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла ҷоннок кардани фаъолияти гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули таҷриба дар самти қонунгузорӣ, иброз доштанд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: