Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2118
Печать

 

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябри соли 2018, террористи гузаро ва қотил Абдусамадов Ҳусейн, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ-ро, ки 29-уми июли соли 2018 ба террористони хориҷӣ ҳамла карда, чанд нафари онҳоро кушт, ба ҳабси абад маҳкум кард.  Ду тан аз муттаҳамони дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд. 

 

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябр Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷиро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Додгоҳ ҳамчунин 12 муттаҳами дигарро ба мӯҳлати аз як то якунимсолӣ аз озодӣ маҳрум намуд. Мӯҳлати адои ҷазои Баҳринисо Ҳайдарова, ягона зани муттаҳам дар ин парванда, бинобар доштани кӯдаки хурдсол, ба таъхир гузошта шудааст. Ӯ ба як соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Ҳусейн Абдусамадов ва 14 нафари дигарро рӯзи 23-юми октябри имсол дар бинои Боздоштгоҳи Душанбе ё СИЗО шурӯъ карда буд.

Баҳринисо Ҳайдарова ва 11 нафари дигар - Беҳрӯзи Саймурод, Қурбонбек Ғанизода, Абдулмуъмин Давлатов, Фаррух Давлатов, Қиёмиддин Қурбонов, Бахтовар Салоҳидинов, Мансур Солеҳов, Саъдулло Холмуродзода, Шоҳин Юсуфзода, Фирдавсӣ Юсуфов ва Маҳмадулло Қаландаров барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ҳусейн Абдусамадов аз рӯи 9 иттиҳом дар додгоҳ посух гуфтааст. Ӯ аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо, муттаҳам шуд.

Он чи ки дар раванди баррасии парванда маълум шуд, гирифтани дастуру супоришҳои мустақими роҳбарияти ҳизби наҳзат ба ин тоифаи террористон ва сармоягузорӣ кардани онҳо мебошад.

Барои ТТЭ ҲНИ таҳрик намудани ҳодисаи ҳангомасоз тавассути содир кардани амали террористӣ дар арафаи маҳфилҳои САҲА барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба обрӯи рехтаи ин ҳизб муҳим буд. Аз ин лиҳоз, роҳнамоӣ, маблағгузорӣ ва ҳавасмандгардонии ин гурӯҳ, пурра аз ҷониби ҲНИ сурат гирифтааст.

Коршиносони ворид дар ин масъала, мегӯянд, ки  ҲНИ тачриаби анҷом додани ин ҳилаҳоро дорад. Чунончи, дар солҳои 1993-1994 вақте ки ҷомеаи чаҳонӣ аз амалҳои бунёдгароҳои исломӣ ба даҳшат омада буданд ва ВАО-и ватанӣ ва хориҷи онҳоро мункир ва рад мекарданд, ба ҳодисаҳои ҳаммонад даст заданд. Сараввал, соли 1994 ба дидбонгоҳи 12-уми қушунҳои сарҳадӣ ФР воқеъ дар н.Ҳамадонӣ ҳамла карда, ними сарбозонро аз дами теғ гузаронданд. Умар Хаттабро барои одамкушӣ нисбат ба ҳаммиллатони худ, ташвиқ карданд. Баъдан, ин иқдомҳои хатарофарро идома дода, ба куштори афсарони тоҷику рус дар шароити ш. Душанбе даст заданд.  Дар ин давра, қадари тоҷиконро ба мисли хас намедонистанд ва дониставу нодониста, хеле ваҳшиёна қатли ом карданд.

Бо назардошти ин падидаи равшан гуфтан мумкин аст, ки даст доштани ҳизби наҳзат аз рӯйи дидгоҳи мутахассисон дар ин гуна амалиёти террористӣ як амри фаҳмо ва  қобили дарк мебошад. Зеро нишонаҳои ҷиноят, идеологияи муштарак, ҷаҳонбинии якҷонибаи  ҷангӣ-ифротӣ, аз далелҳои шаъйии даст доштани ҳизби наҳзат мебошад.                      

 

Фарҳод Калонов, тахлилгар

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: