Бигзор халқҳои хурд Истиқлолият касб кунанд ва мақомоти амният дар ин росто онҳоро ёру мададгор бошад», гуфтааст ҳакиме.
Дар ҳошияи ин ҳарфҳо, мунсифона агар бингарӣ наҳзат чӣ посухе ба ин миллат дорад? Бунёди Истиқлолиятро коста гардонид, тафаккури ҷангиро дар ҷомеа пойдор кард, вилояти нозанини Хатлонро ба хароба табдил дод, мардумро гуреза кард. Парвардаҳои ин ҳизб ҳатто кӯшиши табаддулот ҳам карданд. Ришро меъёри инсоният пиндоштанд, банди эзор, аниқтараш пирон тунбони афғониро ҷузъи фарҳанги миллӣ донистанд, мардумро бо хасму хун оғушта карданд.
КДАМ, ки пешсафи мубориза бо терроризм ҳаст, акси садои наҳзатиҳоро барои пешгирии ҷиноятҳо, амалӣ мекунад. Дурусттараш барои ҷилавгирии иштибоҳҳои такрории ҳизби наҳзат ҳамчун сипар истодааст. Фирбеи назар ва ҳилаи шаръии ин ҳизбро дигар маҷоли рӯидан намедиҳад. Тафаккури ҷангҷӯёна ва ифротии ин ҳизбро аз байн бурда истодааст. Дар партави ин ҳама ҳусн, бингарем ба тақибри ин ҳизб, ки орзуи сохтани давлати исломӣ дошт:
Амалан, агар амиқ бингарӣ, кореро ки ҳизби террористи наҳзат дар се даҳсолаи охир анҷом дод, иборат буд аз: дар қатори ба бероҳа кашидани суботи ҷомеа; дар мадди сонӣ зарба ба арзишҳои дини Ислом дар ҷомеа буд.Худ қазоват кунед:
Ҳамин тариқ, ин дафъа ба шарофати фарзандони ҳамин марзу бум, ки кормандони амният ҳам ҷузъи пешсафи ин родмардон мебошанд, тири ҳилаи шаръии наҳзат ба хок хӯрд. То абад мунҳал ва хунсо гардид.
Ин мақомот-такягоҳи боэътимоди давлату миллат маҳсуб мегарданд.
Афсари Сармад, собиқадори меҳнати зарбдор
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: