Бо ба кор андохтани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» давлату миллати тоҷик ба марҳилаи нахустини татбиқи ҳадафи стратегӣ – истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон даст ёфт. Ин ҳадафи стратегӣ ду ҳадафи дигарро, ки тадриҷан татбиқ шудаанд, такмил дода, барои ба сатҳи кишварҳои тараққикарда ва мутамаддин расидани Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Аз ин ҷост, ки 16-уми ноябри соли ҷорӣ барои мардуми Тоҷикистон рӯзи мурод, шодиву сурур ба шумор меравад ва ин сана ба унвони санаи таърихӣ дар саҳифаҳои таърихи ватанӣ боқӣ хоҳад монд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисту нуҳуми октябри соли 2016 ҳангоми суханронӣ дар маросими бастани пеши маҷрои дарёи Вахш, ки бевосита дар сари чамбараки трактори пуриқтидор маҷрои дарёи Вахшро дигар карданд, чунин таъкид намуда буданд: «Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан - мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд.
Яъне, имрӯз рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад».
Воқеан ҳам чунин суханони арзишманди фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки миллати тоҷик кунун ба ҷаҳониён исбот карда тавонист, ки тоҷикон дорои нангу номус, ғайрату ҳиммат ва Сарвари донову одилу хирадманд мебошанд. Маҳз ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарҳанги сулҳофарӣ, қавииродагиву хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббати Пешвои давлату миллати тоҷик буд, ки муяссар гардид то аввалин чархи тақдирсози имрӯзу фардои миллат ба кор шурӯъ намояд.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш буда, баландии сарбанди он 335 метр мебошад, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад ва бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.
Мавзӯи бунёди кохи нури Тоҷикистон ба шиори рӯз табдил ёфт. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳимми диёр тавваҷҷуҳи хоса доранд. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони муҳташам маводи ҷолибро ба мардум пешкаш менамояд.
Неруи зеҳнии давлату миллати тоҷик мунаввар гашта, фазои бедории афкори оммаро равшан намуд. Халқ зарурияти «Роғун»-ро хуб дарк карда, ҳамраъй будани худро ҳамеша, дар ҳар қадам бо сад иқдом ва ҳамовозии аниқ нишон дод. Иштироки фаъолонаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар харидории саҳмияҳои «Роғун» далелу ҳисси ифтихори миллии ҳар сокини бонангу номуси кишвар аст.
Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон ва аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабурӯз дар майдони кори неругоҳ заҳмат кашида, ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ пурра ба истифода додани «Роғун» тадбирҳои муассир меандешанд.
Онҳо хуб медонанд, ки бунёди «Роғун» ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Дарки оқилонаи масъала ба хасташавии пирони кор имкон намедиҳад. Баръакс, парчами номуси миллат фазои фароғати эшонро зиннат медиҳад.
Дар ин давраи таърихӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ баромад намуда, аҳамияти ин иншоотро барои тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва минтақа борҳо таъкид намудаанд. Ҳамзамон, доир ба тавсеаи ин лоиҳаи нафъовар ба аксари ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ гузориш манзур карда, нақши бузурги ин иншоотро дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллии Ватани маҳбубамон муҳим арзёбӣ намудаанд.
Ҳамин аст, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» - кохи нури Тоҷикистон на танҳо ба халқи тоҷик нуру рӯшноӣ медиҳад, балки барои боз ҳам беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.
Соибҷони Саид, таҳлилгар
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: