Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2506
Печать

         Ҳафтаи сипаришуда тамоми тоҷикони дохиливу бурунмарзӣ бесаброна санаи 16-уми ноябрро интизорӣ мекашиданд. Зеро дар ин санаи фархунда барои халқи тоҷик имсол ид болои ид омад ва таҷлили се санаи муҳими таърихӣ: Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии тақдирсоз, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани аввалин агрегати НОБ-и "Роғун" мавриди истиқболи беназири миллат қарор гирифт. Ин рӯйдодҳои хабарсоз дар олами матбуот ва фазои маҷозӣ мавҷи мақолаву хабарҳо, вокунишу таҳлилҳои мусбату бисёр олиро падид овард ва таърифоту таҳсиноти бепоёнро перомуни шуҷоату матонат ва азму иродаи қавии  Пешвои миллати тоҷик дар сафҳаи таърих сабт кард.  Доир ба ин рӯзи хушу босаодати халқи тоҷик дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтанду навиштанд, истиқбол намуданд, ҳавас карданд, офарин хонданд.

 

         Аммо чор хуки фермаи Кабирӣ (дар кадом як оғилхонаи Аврупо): Абдусаттор Бобоев, Алим Шерзамонов, Илҳомҷон Ёқубов ва Шуҳрати Раҳматулло дар остонаи ба кор андохтани агрегати аввали НОБ-и Роғун бо ташкили як саҳнаи шармовар ва бадбӯй нишасти байналхуконаеро "мизи мудаввар" ном ниҳода, масъалаи исёни зиндони №3-и Хуҷандро, ки шаби 7 ноябр рух дод, "ҳаллу фасл" карданӣ шудаанд.  Албатта, ҳадафи ин тиҳимағзон, ки яке аз дигарӣ бесаводтару ҷоҳилтар аст, ноором сохтани ҷомеа ва коҳиш додани обрӯву нуфузи ҳукумати кишвар асту бас. Аз ҷиҳати дигар, исёни сарзада дар зиндони низомаш шадиди №3-и шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо аслан маҳбусони ҷинояти вазнин содиркарда бо ҷурми қатли инсон, терроризм ва истифодаву фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд, кори дасти ТТЭ ҲНИ мебошад. Ин ташкилоти террористӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ борҳост, ки аз рӯи нақшаҳои ғаразноку пешакӣ тарҳрезишуда барои халалдор намудани оромиву суботи ҷомеаи Тоҷикистон ба амалҳои террористиву тахрибкорона даст мезананд, вале, хушбахтона, нақшаву барномаҳои ин ифротиёни наҳзатӣ аз тарафи мақомоти қудратии кишвар саривақт ошкору пешгирӣ карда мешавад.  

         Барои ташкили исён дар зиндони №3-и шаҳри Хуҷанд бовар аст, ки Кабирии оқибатсӯхта аз буҷети охундҳояш маблағҳои бузургеро бо баҳонаи хароҷот ба ҷайби худ зада, баъд аз барбод рафтани нақшаи палидонааш, ки ҷони чандин зиндониро бо шумули ду зиндонбон қурбон кард, барои рӯйпӯш кардани ин амалиёти номуваффақаш нишасти байналхуконаеро бо истифода аз чор лӯхтаки болозикр ташкил кардааст, то ин ки таваҷҷуҳи хоҷагонашро ба ин саҳнаи беҳунаронаи театрикунонидашуда ҷалб намояд.

         Он ки ин лӯхтакони нақшофар аз ҳалокати зиндониён зимни пахш намудани исён аз тарафи гурӯҳҳои зудамали мақомоти қудратӣ бо сад "дарду алам" (аслан фитнаву найранг) сухан меронанд, кас гумон мекунад, ки ҳамаашон назди кадом як муллои беҳунари фитнагар дарси каззобиву ҳиллагарӣ омӯхтаанд, аммо на бо маҳорати том. Чунки аслан ин бевиҷдонҳо, сар карда аз устодашон  Мулло Муҳиддин Ал-Файзободӣ, ба мурдани падарҳошон кор надоранд, куҷо монад марги чанд зиндонии барои ҷомеа хатарзо! Агар (мабодо он рӯз!) марги анбуҳи одамони бегуноҳ ба манфиати ин нокасон анҷом ёбад, вобаста ба қазия лаб намекушоянд.

         Аз рӯзе, ки чеҳраи аслии палидони наҳзатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ошкор гардида, "Ҳизби наҳзати ислом" аз тарафи Додгоҳи Олии Тоҷикистон расман ташкилоти террористиву экстремистӣ ҳисобида шуд ва аъзоёни фаъоли ин гурӯҳи ифротӣ дастгиру зиндонӣ шуданд, роҳбари террористони наҳзатӣ Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар фирор кардааст ва чанд гумроҳу кӯтоҳбини дигарро мутеи худ сохта, пайваста бо бадномкунии миллату давлати тоҷикон машғул аст. Ин кӯрдили хиёнаткор ягон пешрафти халқу кишварро дидан наметавонад ва ҳар хабару муждаи ободиву бунёдкориҳои диёри тоҷикон ба гӯшаш мисли даъвати Ҳазрати Азроил ворид мешавад.

         Матонату садоқату шуҷоати миллат барои созандагиву шукуфоии Тоҷикистон то абад қодир аст ва ҳамарӯза ба гӯши хоинони наҳзатӣ як мужда аз пешрафти ҷомеаи тоҷикон расонидан онҳоро бо пойи худашон ба маргу завол рӯбарӯ месозад.

         Орзуву ормонҳои деринаи халқу давлат зери ҳидоятҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гашт, ҳукумати мамлакат ба иҷрои бомуваффақияти яке аз ҳадафҳои муҳиму стратегӣ ноил гардид - бунёди аввалин агрегати НОБ-и "Роғун", ки замоне ба гӯши мо афсона буд, анҷом дода шуд. Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гомҳои охиринро устуворона мегузорад ва он РӮЗ дур нест!

         Зинда бод Тоҷикистон, поянда бод истиқлоли меҳан, хуҷаста бод Рӯзи рӯшноӣ, ҷовидон бод миллати  тоҷик бо Сарвари бунёдкору ватансозаш!

Аслиддин Шарифов

таҳлилгар

          

 

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: