Тоҷикистонам чароғон мешавад,
Манбаи нури фаровон мешавад,
Аз фурӯғи дидаи Роғуни мо,
Ҳафт кишвар ахтаристон мешавад.
Ин қисса дар бораи тарфандҳои оппозитсия ва ба чолиш кашидани сарнавишти миллат нақл мекунад. Сархушиҳои зеҳнӣ, бозиҳои пасипардагӣ, фаровардаҳои ақлситез ва амалисозии идеяҳои харобовари сатҳӣ ва бидуни озмоишӣ, гаравишҳои шубҳаноки аз воқеият дур, теъдоди маъдуди «равшанфикрон»-ро дар 2 даҳаи охир овора ва саргардон кардааст.
Мавзӯъ хилофи манфиатҳои миллӣ баромадани ин қишр мебошад. Маълумдор аст, ки сафи тарафдорони ҳизби фирорӣ ва ҳаводорони роиҷ сохтани ҳумайнизми сохти тоҷикӣ, ҷудо аст ва ҳисоби онҳо бо ченаки тамоюл ба терроризми байналмилалӣ бархӯрд мешавад.
Дар кӯчаҳои Душанбе қадам мезанӣ ва эҳсоси ноби мардумро ба мушоҳида мегирӣ, ки аз оғози фаъолияти НБО «Роғун» меболанд ва новобаста аз мушкилоти рӯзгор, ки домангири ҳар яки онҳост, фатҳи ин садди бузургро аз ҷониби миллати тоҷик, мояи ифтихор медонанд.
Оппозитсия бошад чӣ кор мекунад? Дар Ғарб ҷойгузин шуда, пойгоҳи иттилоотии бо сармояи ҳангуфт сарозершудаи хориҷиҳоро дар хизмати сиёҳкунии миллат сарф мекунад. Амалан, баъд аз истифодабарии нерӯгоҳи «Роғун» даст ба инҳирофи сиёсӣ ва ифротӣ аз сӯйи оппозитсияи мазҳабӣ задан, ин маънои онро дорад, ки качрафтаҳо на танҳо мубориза бар зидди Ҳукумат, балки бар зидди манофеи миллати тоҷикро нохун мезананд.
Агар мухолифе, оппозитсионере бо чаппа нишон додани воқеияти Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, пас аз ин чорабинии муҳими давлатӣ ба таблиғи расонаӣ даст занад, хати қирмизро қасдан бар хилофи арзишҳои ин марзу бум гузаштааст ва ҳисоби он тоифа чи тавре ки гуфтем, барои садсолаҳо на танҳо барои худи онҳо балки барои ҷойёбии авлоди онҳо ҷудо хоҳад буд.
Ба масоили дуюмдараҷаи нодаркор таваҷҷуҳи расонаҳоро ҷалб намудан, худ нишондиҳандаи аблаҳии мухолифатманишиҳост. Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест, ки натавонем, аҳдшикастаҳоро марҳам бахшем.
Русҳо зарбулмасали хуб доранд, ки таҳтуллафзӣ ин тавр баён мешавад: «ҳар қадар банди ресмон начархад, ҳатман интиҳои он маълум мешавад»(Сколько верёвочке не вится всё равно будет конец»).
Ин оппозитсионерҳои инқилобӣ таҳти ақидаи мазҳабӣ оё фикр мекарда бошанд, ки мубориза тарзу усули нонавиштаи худро дорад? Вақте ки миллат дар масири ободӣ қадам мезанад, Ватан месозад, рифоҳу осоиштагиро масдари хизмати худ медонад, дар ин ҳолат оппозитсия астӣ ва ё ифротгар даматро фурӯ мебарӣ, ки хилофи арзишҳои аҷдодӣ сухан нагӯӣ, мавқеъгирӣ накунӣ, то хоини азалӣ ва абадӣ эълон нашавӣ. Марди оқил дарро пӯшид, панҷараро боз мемонад.
Ҳайҳот, ки насиҳатҳои садҳо бор гуфта шуда, бар гӯши хар азон хондан аст. Оппозитсияи фирорӣ ислоҳ шуданӣ нест. Танҳо роҳу василаи радикалии хунсо сохтани онҳо мемонад: Барои абад бастани дарвозаи Ватан барои баргашти онҳо.
Падруд оппозитсия!
Роғун муборак!
Фаромӯзи Фурқон, ситорашинос
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: