Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2550
Печать

 

Тавре ки ҳамаи мардуми Тоҷикистон огоҳанд,  16 ноябри соли равон чархаи аввали НБО «Роғун» ба кор медарояд. Орзуи деринаи мардуми кишварамон амалӣ мегардаду саҳифаи наве дар таърихи миллат боз мегардад.

 

Албатта, ин рӯзи таърихӣ, ки иншооти муҳими аср ба фаъолият оғоз мекунад ва Тоҷикистонро ба кишвари аз ҷиҳати саноати энергетикӣ қудратманд табдил медиҳад, ҷашни бузург мебошад. Аммо ин тантанаҳои идона  барои мардуми созандаву ободкору худшиносу худогоҳ аст, на барои ду-се худбохтаи наҳзатие ки ба хориҷа фирор  карда, бо ҳарзагӯиву дурӯғпароканӣ нисбат ба ин ватану миллат хиёнат мекунанд.

 Аз нигоштаҳои чанд рӯзи охири бадтинатону бадфитратони наҳзатӣ ва дигар ғуломтабиатон рашку ҳасрат намудор аст. Ин дилсиёҳону бадниятон дар ҳамин рӯзҳои фарҳабахшу фирӯз  қаламашонро танҳо ба сиёҳнависиву бадгӯи истифода мебаранд. Дар ҳамин лаҳзаву соат бо андешаи ботилу бадбинонаи худ фазои иттилотиро бо суханони ғаразноку иғвоангезонаашон пур намудан, магар мухолифи манфиатҳои миллӣ  будани онҳоро нишон намедиҳад?

Ё ҳама пешрафтҳою хушиҳои зиндагиро бо чашми  баду нотавонбинонаи  худ бад шинохтану ҳисобидан мояи зиндагии чунин нафарон аст?

Дар  сархати расонаҳои ифротие, ки журналистикаро танҳо чун василаи бадгӯиву иғроқпароканӣ дар мавриди сиёсату иҷтимои Тоҷикистон истифода мекунанд, сайтҳои хабарии «Аkhbor.com», «Payom.net», «isloh.net», «ozodandishon.com», «Vostoknews.org», «Кимиёи саодат» ва чанде дигар қарор доранд. Инҳо ҳамагӣ вобастаи моддию маънавии ТТЭ ҲНИ ва сармоягузорони хориҷиашон ҳастанд, ки ба хотири қути лоямут ва дар он ғарибиҳо намурдан аз гушнагӣ чунин амалҳои зиддимиллӣ ва зиддиинсониро анҷом медиҳанд. Боз нашармида инҳо (масалан, Мирзои Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ғайра) фаъолияти душманонаю хоинонаашонро «мубориза» ва пулҳои ба гадоӣ талабидаашонро «грант» меноманд. 

Имрӯз Роғун омили пешрафту инкишофи саноати Тоҷикистон мегардад, ба хонаву дари мардум рӯшноӣ меораду ба дилҳои соҳибватанон нуру зиё ато мекунад. Аммо хоинону нотавонбинони  миллати тоҷик ҳоло ҳам дар торикию  зулмот боқӣ мемонад. Ин торикдилон имрӯз баръакси мардуми кишварамон мотам доранду ғаму андуҳ онҳоро мехурад. Пас, ба ин ғуломтабиатони наҳзатӣ ва косалесони онҳо таъзия изҳор мекунем! Барои инҳо сабр хоҳонем, то дар оташи  ғаму андуҳ сухта хокистар нашаванд!  

 

Диловари Хуршед

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: