(Мунозира бо Мирзо Салимпур)
Дар «Маснавии маънавӣ» омадааст: «Эй бародар, барои он ки худро бишносӣ, ки аз кадом ҷинсӣ, хуб ҳастӣ ё бад, нигоҳ кун, ки ҷазби чӣ чиз мешавӣ ва ба сӯйи кӣ меравӣ ва аз суҳбати чӣ касе масрур мегардӣ ва хулоса бингар, ки бо кадом гурӯҳӣ.
Гар ба Ҳомон моилӣ ҳомониӣ,
Гар ба Мӯсо моилӣ субҳониӣ».
Саг аккос мезанад, ав-ав мекунад, ғел мезанад.Ин ҳолати табии саг аст. Бечора Ахбор.комро хоб намебарад. Он рӯз пашша пар зада буд, сенсатсияи вофир буд дар Прага, чехҳо тааҷчуб мекарданд, ки дар Тоҷикистон ин қадар пашшаи зӯр будааст. Боду ҳавои тоза дия, мегуфт яке. Дигарӣ сар меҷунбонд. Сеюмӣ, ин хабарро маҳсули фантазияи муаллиф, узр тахайюлоти ровии арқом медонист. Ҳатто 10 олиму таҳлилгарро пурсиданд, ин пашша ин қадар айёр будааст, ки росте нею чаппа парвоз доштаст. Бинобар ин тамоюлҳои аҷибу ғариби М.Салимпур, ки ҳоло мотам дорад, як пешниҳод барои сагбозӣ ба ҳайати таҳририи сомонаи «Ахбор.ком», ки уфти бошиддаташ эҳсос мегардад, ироа мешавад.
Сагбозӣ, яке аз анвои дилхушиҳои мардум аст, ки дар гузашта ва ҳоло ҳам роиҷ аст. Гурӯҳи ҷавонон ва ё калонсолон сагҳои бақувватро парвариш карда, онҳоро байни худ ҷанг меандозанд.Маъмулан, сагбозон байни худ шарт мегузоранд,. Шарт чунин аст: агар саги касе ғолиб ояд, соҳиби саги мағлуб бояд барои вай «чизе» бидиҳад.
Навъи дигари сагбозӣ он аст, ки дар гузашта, касе ба саги худ рафторҳои инсонӣ ва ҳаракатҳои ғайриодиро меомӯзонид, ё ки ба истилоҳи мардумӣ сагро ба рақс медаровард. Сагбоз ин амалҳоро дар майдони бозӣ ё макони ҷамъиятӣ, бештар дар канори бозорҳо бо сагаш, иҷро мекард.
Ғараз аз муқаддимаи сагбозӣ дар чӣ аст, дар бозгӯйи қиссаи «Қатъномаи саг» аст. Саг ба дод омада, рафтори баъзе ашхоси одамшаклро дида, аккос задааст: «Эй мардум! Номи мо сагонро бар сари ватанфурӯшон нагузоред, чун моро кас як луқма нон бидиҳад, ҳаргиз ва ҳеч вақт ба он хиёнат нахоҳем кард. Аммо хоинон ҳастанд, ки медонанд, ки Ватан-Модар аст, нангу номус аст, бо вуҷуди ин боз хиёнат мекунанд. Бо гузоштани номи «саг» ба хоинон хоҳишмандем, моро тавҳин накунед».
Ба мафҳуми хиёнат дар таърихи ҳазорсолаи тоҷик агар таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки рӯҳоният ва қишри бегонапарвари манфиатҷӯ, зарбаҳои муҳлик бар ваҳдати назари мардум зада, ҳамеша дарвозакушои урдуи аҷнабӣ будаанд.
Агар буд сагбоз аз аҳли дард,
Чаро бо саги хеш бозӣ накард?
Барои ин Мирзо Салимпур агар равшанфикр ҳастӣ ва даъвои хизмат ба Ватанро дорӣ сафро аз он гурӯҳаки бадмаоши фирорӣ ҷудо намо. Боқӣ Шумо донед.
Парвизи Мирзо, таҳлилгар
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: