Саге аккос зад, оппозитсия дар ғурбат гуфт, ки фил парвоз кард. Булбулеро масъулони сомонаҳои оппозитсия зоғ пиндоштанд. Фарёди харро бо лаҳни мулоими асп омехта карданд.
Мардуми Тоҷикистон дар арафаи ҷашни таърихи ва таќдирсоз – ба кор даромадани иншооти бузурги аср - НБО Роғун ќарор дорад. Дар ин рўз, ки оғози марҳилаи нави тараќќиёт ва ҳаёти саодатмандонаи халќи кишварамон мебошад, ҳама хушҳоланду ҳамдигарро табрик мекунанд. Ба тантанаҳои идона аз кишварҳои дигари минтаќа ҳам намояндаҳо барои шарик будан дар ин хурсанди ташриф меоранд. Зеро НБО Роғун натанҳо ба рушду пешрафти Тоҷикистон, балки ба тараќќиёти тамоми кишварҳои минтаќа мусоидат мекунад.
Бешубҳа 16 ноябр ҳамчун рўзи нуру сафо, ваҳдату ҳамдили, рушду тараќќи дар таърихи Тоҷикистон сабт мегардад. Ин корнамоии далерона ва шуҷоатмандонаи мардуми тоҷик, ки бо сарварии Пешвои миллат солҳо меҳнат кашидаанд, барои наслҳои оянда намунаи ибрат мегардад. НБО Роғун бешубҳа дастоварди азиму муҳими миллати мост, ки минбаъд барои мардумони кишварамон ва минтаќа хизмати беназир хоҳад кард.
Дар баробари ин, он монеаҳоеро ҳам, ки барои сари ваќт сохта шудани НБО Роғун халал расондаанд, хуб дар хотир дорем. Аслан, НБО Роғун бояд солҳои навадуми асри гузашта бунёд меёфт, аммо маҳз дар ҳамин давра ташкилоти террористи – экстремистии Ҳизби наҳзати исломи ба миён омад ва бо фаъолияти тахрибкоронаи худ дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро роҳандози кард. Дар натиҷаи амалҳои нангини ҷинояткоронаи наҳзатиҳо он замон соҳаҳои иќтисоди кишвар хароб гардида, раванди бунёди иншоотҳои саноатию энергетики, аз ҷумла НБО Роғун ќатъ гардида буд. Танҳо ба шарофати сиёсати сулҳовару созандаи Сарвари давлат ва азму иродаи ќавии мардуми меҳнаткаш дубора дар кишварамон оромию субот барќарор шуд ва имконияти ба роҳ мондани корҳои бунёдкори ба миён омад. Дар натиҷа, баъди интизории зиёд ва меҳнату заҳмати шабонарўзи ба ин рўзи пурфайз расидем.
Вале бадхоҳони миллат, хусусан наҳзатиҳо ва дигар афроди ба онҳо наздик то ҳануз бар душмании халќ равонанд ва бо амалҳои зишту палидонаашон мехоҳанд боз ҳам ба раванди сохтмони НБО Роғун ва ҷашни ба кор даромадани аввалин чархаи он халал расонанд. Маќолаву маводҳои пур аз туҳмат ва иғвоангезонаи наҳзатиҳо ва гурўҳҳои дигари душман, ки дар расонаҳои хабарии ифроти интишор меёбанд, исботи ин гуфтаҳост. Чунин бармеояд, ки ин ҷашни пуршукўҳи ифтитоҳи НБО Роғун, ки ба мардуми Тоҷикистон ва минтаќа хурсанди овардааст, боиси ғаму мотами наҳзатиҳо ва расонаҳои ифротии ба онҳо наздик гардидааст.
Аз ин рў, бо дили пур аз фараҳу хурсанди ва ќаноатмандии бепоён ба роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ ва сомонаҳои payom.net, isloh.org, ksaadat.co, akhbor.com, guruhi24.net, ozodandishon.org ва дигар бадхоҳони миллат, ки ғамзадаанду мотам доранд, таъзия баён мекунем ва барояшон дар ин рўз «сабри Кабири» хоҳонем!
Парвизи Мирзо, коршинос
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: