Ойниҳол Бобоназарова ва Шокирҷон Ҳакимов, ки ба иттилоотрасонии рақами 1-уми хабаргузориҳои иғовоангез «парстудей», «паём.нет» ва «ксаодат» табдил ёфтанд, дар ҳошияи балвои террористони ш.Хуҷанд, бо каҷравиҳои норавояшон, тафсирҳои хушоянд ба тақдири террористони доишӣ, нишон медиҳанд.
Ахбор.коми падари дуруғгуён ва кӯри Саидюнус, ҳомии ҳалқаҳои аҳли ташаюйъ ҳам шанси охири худро дар ин қазияи Хучанд хуб ёфтаанд. Чанд дирамаке ки хоҷагонаш дар ин маврид медиҳад, масъули «Ахбор.кам» ва КӮР тайёранд, ҳатто дару дастгоҳи хонаашро ҳам фурӯшанд. Як акси ботилро ҳамчун санади беҳамто пешниҳод менамоянд.
Ҳатто, ин тоифа мардум Интернет намехонанд, мисли ҳамон китобхониҳои сатҳӣ ва козибашон, ки бифаҳманд, ки бо маҳбусони террорист, шуурӣ ва ошӯбӣ ҳеч кас гуфтушунид намекунад ва ин як тачрибаи собитшудаи ҷаҳонӣ аст. Дар моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ се ҳодисаи ошӯби зиндониён сар задааст: яке дар Австралия ва дигарӣ дар Венесуэла. Дар зиндони Боливари Венесуэла 78 нафар кушта шудааст.
Чунончи, яке аз таҳқикгарони ҷавон менигорад: «Ҳамин «равшанфикрони демократ» ва дар гипнози муллоҳо ғутавар, ба мисли Ойниҳол Бобоназарова ва баъдтар Ш.Ҳакимов набуданд, ки бо аз байн рафтани низоми ҳукуматдории Иттиҳоди Шӯравӣ, мардумро боварманд месохтанд, ки роҳе ки мо пешниҳод мекунем, ҳамвору дуруст аст ва ягона масири санҷидашудаи роҳҳали масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар зудтарин фурсат мебошад. Ҳайҳот, ки ин дурнамои ёдшудаи дар гӯшҳо хушоянд, дар асл ботил баромад» .Мисли тамоми пешбиниҳои дурӯғ ва сатҳии тарафдорони оппозитсия. Инҳо агар ақли расо медоштанд, мардумро ба чанги шаҳрвандӣ тела намедоданд.
Ҳақиқати ҳол баръакси он даъвоҳое буд, ки равшанфикрон ҳақбаҷонибона пешгӯӣ мекарданд, «ҷомеаи адолатпарвар ва босубот»-ро ваъда медоданд. Ҳаргиз интизорашро надоштанд, ки раванди инкишофи воқеаҳо чунон ғайриинтизор ва онҳоро ғофилгир мекунад. Якеро маҷбур ба тарки Ватан, дуюмиро дучори сактаи мағзӣ, сеюмиро водор чун зоҳидони сӯфимашраб ба гӯшанишинӣ менамояд.
Оғози ҷанги шаҳрвандӣ бояд гуфт, ки иштибоҳҳоеро рӯнамоӣ кард, ки намояндагони равшанфикр бинобар тафаккури ҳуҷрагӣ ва фосила доштан аз зиндагии рӯзмарраи мардум, дар шинохт ва дарки маниши халқи тоҷик ноком ва ноуҳдабаро баромаданд. Ин лағзишҳои рафтории интеллигентсия дар иқдомҳои сатҳӣ ва хом ифода меёфт. Ҳоло бошад дар тафсирҳои ботилашон ин кори дома дорад.
Ҳоло ҳам ҳамон Аҳмади порина. Боз ҳамин қишри торикфикрони бехосият табли ҳамнавоӣ ва ҳамҳони бо муллоҳо мезананд ва аз ҳама бадбахтиаш ба адвокати маҳбусони террорист табдил ёфтаанд. Бале, 27 сол пеш онҳо вакилони оппозитсияи теократӣ буданд, ҳоло тарафдори ДОИШ.
Эҳсони Комилов, таҳлилгар, ш.Хуҷанд
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: