Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2527
Печать

                                               Афрод ба андозаи нуқсонҳояшон

                                            дигаронро озор медиҳанд-Жан-Пол Сартр

 

Зери мафҳуми ҷинояткор - шахси бераҳм, золим, қотил, ситамгар, бедодгар ва беотифа дар назар дошта мешавад. Шахсе, ки муқобили назму тартиб ва оромист. Шахсе, ки  дур аз ҳама гуна қонуну қоида ва инсонгарист. Табиати ӯ пур аз кинаву адоват, хусумату душманӣ буда, мисли олами ҳайвонот танҳо қонуни ҷангалро меписандад. Вуҷуди ҷинояткор дар ҳар маконе нооромиву харобкорӣ ва фазои ғуборолудро ба миён меорад. Он ҷое, ки ҷинояткор бошад, фиғону нола ва нестист.

 

 

Мутаассифона, сарзамини кӯҳсори Бадахшон чандест ҳузури маҳз чунин ҷинояткоронеро, аз қабили Толиб Айёмбеков, Едгор Шомусалламов, Боқир Муҳаммадбоқиров, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев ва чанд тан аз ғуломаки дастобрези онҳо  таҳаммул мекунад. Ин авбошон, ки мағзҳояшон зери таъсири маводи мухаддир пуч гардида, дигар аз қобилияти фикрронӣ бозмондааст, дур аз қонуну қонуниятҳои ҳукумати кишвар гардида, қоидаву қавонини худро ба роҳ мондаанд. Худро ҳукумат ҳисобида, ҳар касеро, ки мехостанд мавриди ҷазову авф қарор медоданд. Ҳатто прокурору милиса, духтуру халифа ва муаллиму тоҷирони бозор аз дасти онҳо амон надоштанд.

Баъди интиқоди шадиди Сарвари давлат оид ба беҳокимиятӣ ва бенизомӣ дар шаҳри Хоруғ, Ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки вазъи минтақаро ба эътидол оварад. Бо шарофати ташкили посгоҳҳо ва  таҳти назорати амиқ қарор додан, дар Бадахшон фазои суботу оромӣ фароҳам омад. Саркардагони гурӯҳи ҷиноятпеша, ки зикрашон дар боло рафт, барои содир кардани аъмоли ҷинояткоронаи худ аз ҷониби прокуратура огоҳии қатъӣ гирифтанд.

Имрӯз бошад, ҳаводорони сиёсатмаоби дохилию хориҷие, ки  тобу тоқати дидани суботу осудагии Тоҷикистони азизро надоранд, бо ҳар роҳе талош доранд, ки онро халалдор созанд.

Онҳо аз ҳисоби иддае аз ҷавонони гумроҳшуда митинг ташкил дода,  баъзе афроди бефаросатро барои ҳамлаю сангандозӣ ҷониби посгоҳи амниятӣ таҳрик доданду чун посухи сазовор дар шакли тирҳои резинӣ гирифтанд, тибқи таҷрибаи собиқаашон зери доману даруни эзори чанд зани моҷароҷӯ ва пушти наврасону ҷавонони фиребдодаашон боз ба майдон баромадаанд. Танҳо назаре ба саркардагону ташаббускорони ин митинг кофист, ки пай бурд дар пушти онҳо боз кӣ меистад.

Дар чунин ҳолатҳо вазъи модарону хоҳарони бадахшонӣ, ки аз ноилоҷӣ даст ба ин кор мезананд, хеле ҳузнангез аст.

Яке аз он афроди ҷиноятпеша Айналишоев Мирзошо Ватаншоевич мебошад, ки қаблан ҳамчун узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Имомназаров Имомназар амал карда, ҳоло дар гурӯҳи ҷиноятии Мазоров Хурсанд ба қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа машғул аст. Номбурда соли 2008 дар латукӯби Прокурори ВМКБ Р.Гулматшоев, оташ задани биноҳои ҳукуматӣ ва соли 2012 дар муқовимати мусаллаҳона бар зидди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бевосита даст дошт.

Ҳамчун шоҳиди воқеаҳои 2012 метавон гуфт, ки Айналишоев М.В. бевосита дар қатли мардуми бегуноҳ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ даст дорад. Барои ҷиноятҳои содиркардааш бо моддаҳои 188 қ.1, 199 қ.4, 328 қ.2, 345 қ.2 Кодекси ҷиноятӣ ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум гардида, соли 2017 дар асоси Қонуни авф ба озодӣ баромадааст. Ана ҳамин гуна ҷинояткор, имрӯз мардумро ба майдон мекашад.  

Ҷинояткори дигар, ки бо ҳаммаслакони дар боло зикргардидааш дар як радиф меистад - ин Гулобов Ниёзшо Аслишоевич, санаи таваллудаш 02.02.1982, зодаи деҳаи Сангоби ҷамоати Сучони н.Шуғнон, сокини м.Бизмичи ш.Хоруғ мебошад.    

Шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки Гулобов Ниёзшо дар бетартибиҳои соли 2012 ва монеа эҷод кардан дар пешбурди фаъолияти органҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми боздошти Абдуламидов Шерик, сокини шаҳри Хоруғ  гунаҳкор дониста мешавад.

Дар он замон, нисбат ба ӯ аз ҷониби Прокуратураи вилоятӣ оид ба бетартибиҳои оммавӣ ва эҷоди монеа ба ҳаракатҳои тафтишотӣ бо моддаҳои 188 қ.1, 1991, қ.4 (бандҳои а,б), 328 қ.2, 345, қ.2. Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ ба роҳ монда шуда буданд. 21 феврали соли 2014 бо ҳукми Суди Олии ҶТ Гулобов Н.А.молдаи 237, қ 2 ва 345, қ 2 Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.     

Ровиёни ин сатрҳо менигоранд, ки Гулобов Ниёзшо, иштирокчии ашаддии ҷангҳои соли 2012 мебошад. Ӯ муқовимати мусаллаҳона ба қувваҳои ҳукуматӣ нишон дода, дар қатлу куштор даст дорад (тафтишот давом дорад). Бар замми ин ҷиноятҳояш, Гулобов Ниёзшо ин разил фарди лухтаки бегонаҳо, дар қатли генерал Назаров А.С., дар 24.07.2018с. иштироки  фаъол доштааст.

  Ҳатто, таърихи соли 23-юми августи соли 2012, 1 снайпер ва 1 автомати Калашников аз ӯ мусодира кардаанд. Ин далел барои таърих ҳам сабт аст. Барои рӯзи мабодо.  

   Дар ҷамъомад (сходка)-и ГМҶ-и шаҳри Хоруғ, ки санаи 12.10.2018с. дар маҳаллаи Бизмич роҳандозӣ шуд, Ниёзшо Гулов боз сухангӯйи аслӣ буд. Волоияти қонунро намепазируфт ва баргашти Хоруғро ба айёми ёғигарӣ ва балвогарии  15 сентябри соли 2018, роҳи идеалии «ҷангалӣ» медонист.

Дигар ҷинояти ошкоршудаи Гулобов Н. ин аст. Мақомот хабар медиҳанд, ки Гулобов Ниёзшо таърихи 20-уми октябри  соли 2018, дар назди дидбонгоҳи воқеъ дар М.Тошмухаммедови ш.Хоруғ ҷавононро чамъ оварда, кӯшиши монеа эҷод кардан ба кори қонунии посгоҳҳо  кардааст. Яъне ба ибораи дигар, ин ҷинояткор, ки номаш Гулобов аст, худро рақиби Толиб  Аёмбеков медонад ва дар ҳама ҷиноятҳои ҳудуди Хоруғ ҳамарӯза пешдастӣ дорад.

Суоли матраҳ ин аст, ки чаро гурӯҳҳои ҷинояткори болозикр намехоҳанд дар Хоруғ волоияти қонун ҷорӣ гардад?

 Дарки сабаб хеле одист. Ҷинояткороне чун Айналишоев, Гулобов ва дигар ҳамдастонашон намехоҳанд ҳукмронии ҷиноии худро аз даст диҳанд. Онҳо қонунро боз мутеи қоҷоқчию роҳзану ғоратгару ҷинояткор дидан мехоҳанд. Давоми як моҳе, ки авлавияти қонун дар ин шаҳр боло гирифтааст, инҳо аз имконоти қочоқбарӣ маҳрум гаштаанд. Беш аз як тонна маводи мухаддир дар минтақаи бо Хоруғу Шуғнон ҳамсарҳади Афғонистон ҷамъ шудааст. Ана ҳамин далели воқеӣ, имрӯз Айналишоеву дигаронро барои ҷалби занону кӯдакон ба майдон таҳрик додааст.

Ҳарчи зудтар пешгирӣ намудан аз фаъолияти ҷиноятии Гулобов Ниёзшо мувофиқи мақсад ва ба манфиати мардуми шаҳри Хоруғ хоҳад буд, зеро ӯ фаъолияти посгоҳҳои ҳукуматиро дар Хоруғ монеи қочоқи 1 тонна маводи мухаддираш, ки дар сарҳади вулусволии Шуғнони Афғонистон ҷамъ овардааст, медонад. Мардум бошад, фирефтаи фитнаҳои ӯ гардида, ба митинг меравад ва матлаби аслии Гулобовро намедонанд. Ростӣ, баъзан чунин ҳамдилии бемантиқи ҳамшаҳриҳоямро намефаҳмам… Аз сӯи дигар, онҳо аз ноилоҷӣ ин корро мекунанд. Аз дасти ин ҷинояткорон ҳама кор меояд.  

         Мувофиқи мақсад мебуд, агар Прокуратураи вилоят ин навиштаи моро, ҳамчун баёнот нисбат ба Гулобов Ниёзшо  қабул мекарду парвандаи ҷиноятии ӯро барқарор мекард. Ин хоҳишу тақозои мост. Итминони комил дорам, ки дар ин сурат, мардуми Бадахшон ором хоҳад шуд.

 

Аслан, андешаи шахсии мо аст, шояд хато бошад. Сарварони ин ҷинояткоронро набояд барои сайру гашт ба шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон мебурданд. Харро ба Макка барӣ, боз ҳам хар бармегардад. Ҷинояткорон ин корро дар назди сагбачаҳои худ ва  хешу таборашон ҳамчун тарси Ҳукумат шарҳ доданд. Бо ҷинояткор «мушу пишакбозӣ» аслан даркор нест. Ҷинояткор бояд ҳатман дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Чун итоат накард, несташ бояд кард, зеро боздошт ва ҷазои чунин хилофкорон дар коҳиш додани раванди ҷинояткорӣ дар минтақа ва ҷумҳурӣ таъсири амиқ мегузорад.

Солҳои охир, коршиносони байналмилалии олами ҷиноӣ ба чунин хулоса омадаанд, ки ҷинояткороне, ки оромии минтақаро халалдор месозанд, бояд ҳатман ҷазо бинанд, ба илова онҳо, ҳатто дар боздоштгоҳ ё зиндон низ бояд таҳти назорати қатъӣ қарор дошта бошанд, зеро мутобиқи таҷрибаҳо, ин қабил хилофкорон ҳатто аз пушти миллаҳои зиндон низ ба баъзе ашхоси кӯрдил таъсири ночизи худро расонида метавонанд. Ин гурӯҳҳо маъмулан «ғурур»-и дурӯғини худро аз ҳаёти орому осудаи зану фарзанд, хешу ақрабо ва ҳамдиёрони худ болотар мешуморанд. Ман ҳамеша ҷонибдори гузаронидани амалиёти махсус алайҳи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ будаму ҳастам. Тамоми мардуми шарафманди Бадахшон ин андешаро ҷонибдоранд. Хас каму ҷаҳон пок!

Табиист, ки ҳангомаҷӯён аз дохилу хориҷ ба шӯру валвала хоҳанд пардохт. Бигузор валвала кунанд. Оромию субот, волоияти қонун бояд дар ҷои аввал гузошта шавад. Ҳама бояд дарк кунанд, ки болотар аз қонун арзише нест. Фардо дер мешавад!

 

Туробов Алишо,

Самир Абдулов - сокинони шаҳри Хоруғ 

 

 

 

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: