9 сентябри соли 2018 ташкилоти террористӣ-экстремистии «Ҳизби наҳзати исломӣ» (ТТЭ ҲНИ) якҷоя бо се сохтори ғайримаъруф, аниқтараш маҷозӣ - Форуми озодандешони Тоҷикистон, Ҳаракати рушду ислоҳот, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо – оид ба ташкили ба ном Паймони миллии Тоҷикистон эълон намуданд. Сарвари он ба таври пешбинишуда роҳбари ТТЭ «ҲНИ» М. Кабирӣ гардид. Дар зер мақолае, ки дар ин бора сомонаи ЦентрАзия интишор кардааст, оварда мешавад.
Дар ин ҳама достон бо зуҳури Паймони миллӣ се ҳолат диққатро ҷалб мекунад.
Аввалан, далели ташкили сохтори нав, ки барои ҳалли мушкилоти дохили Тоҷикистон дар Варшаваи фарсахҳо аз Душанбе дур роҳандозӣ шудааст. Эътиқоди ба вуҷуд омадани чунин созмони сиёсӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ, бидуни иштироки хадамоти махсус имконпазир буданро танҳо шахси содалавҳи дур аз сиёсат ва бо фаъолияти мақомоти разведкавӣ ноошно карда метавонад. Технологияҳое, ки аз ҷониби хадамоти махсуси хориҷӣ бар зидди давлатҳои мавриди алоқаи «мухолифин дар табъид» мавриди истифода қарор гирифтаанд, тӯли қарнҳо такмил ёфта, дар замони муосири ҷангҳои гибридӣ амалан мукаммал гардидаанд.
Сониян, ҳайати муассисони Паймони миллӣ дорои хусусияти хос мебошанд. Ба истиснои ТТЭ «ҲНИ», ҳеҷ кадоме аз ин ташкилотҳо дорои қудрати воқеии сиёсӣ, пойгоҳи иҷтимоӣ набуда, ҳеҷ шинохте дар байни мардум надоранд. Дар воқеъ, шарикони зикршудаи ТТЭ «ҲНИ» танҳо дар рӯи коғаз вуҷуд дошта, ҳеҷ аҳамияти амалӣ надоранд ба ҷуз як саҳифаи намоиш барои ТТЭ «ҲНИ».
Сеюм, яке аз вазифаҳои асосии Паймони миллӣ «ҳифзи сохтори демократии ҳуқуқӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон, ташкил ва дастгирӣ намудани шароит барои ба ҳар як нафар додани ҳуқуқ ба озодии сухан, афкор, виҷдон, ҷамъомад ва иттиҳодияҳо» ва ғ. мебошад. Ҳамаи ин дар асл ба мақсадҳо ва ҳадафҳои барномавии ТТЭ «ҲНИ», ки тайи даҳсолаҳо ивазнашаванда боқӣ монда, кайҳо дар амалияи хунин озмуда шудаанд-зӯран тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ташкили давлати исломӣ ва паҳн кардани низоми шариат дар Тоҷикистон, мухолифат мекунанд.
Дар робита ба ин ба ёд овардан кофист, ки солҳои 1990-ум ба размандагони «ҲНИ» муяссар гардид, ки барои муддати кӯтоҳе дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон ҷумҳурии шахсӣ ташкил кунанд. Он ҳама даҳшатҳои дар он ҷойҳо рухдодаро собиқ узви ТТЭ «ҲНИ» Иззатулло Саъдулло чунин тасвир намудаааст: «Моҳи январи соли 1993, замоне ки минтақаи Рашт муваққатан таҳти назорати ҲНИТ қарор дошт, онҳо ба зудӣ давлати хурди худ- «Ҷумҳурии Исломии Ғарм» ташкил намуда, дар он тибқи фаҳмишҳои наҳзатии экстремистии худ низоми исломӣ паҳн намуданд. Президенти ин давлати исломӣ аъзои шӯрои сиёсии ҲНИТ Саъдидини Рустам, вазири дифоъ-қумондони золим Ризвон Садиров эълон гардиданд». Диққат диҳед, аввалин фармонҳои ин давлати худхонда инҳо буданд: «манъи аз хона баромадани занон», «дарозии риши мардон бояд на камтар аз чор ангушт бошад», «манъи ба мактаб рафтани духтарҳо», «даъвати ҳатмӣ ба хизмат, ду муҷоҳидӣ аз ҳар як хона», «ба идоракунии ҷанговарон додани захираи маводи озуқавории мардум-орд, асал, чорво, картошка, себ ва ғ.», «манъи мусиқӣ дар тӯйҳо» ва ғ.
Агар ин фармонҳои «давлати исломӣ»-и ҲНИТ-ро бо фармонҳои халифаи ДОИШ муқоиса кунем, фарқе намекунанд... Ихтирои ғайриодии наҳзатиён дар Тоҷикистон, масалан «чалак-зиндон» ва «чалак-шиканҷа» бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҲНИТ ва ДОИШ-ҳарду як мафҳуманд. Ин ихтирои зиддибашарии ҲНИТ дар он ифода меёфт, ки наҳзатиён одамонро дар чалакҳои оҳании аз об ва ё сӯзишворӣ холишуда нигоҳ медоштанд. Баъзан ба чалакҳои 1-2-тоннагӣ 8-10 нафарро партофта, онро бо қулф маҳкам мекарданд. Аз чунин маҳбас гурехтан имкон надорад, дар бештари ҳолатҳо одамон худашон ба оҳистагӣ аз гармӣ, нарасидани ҳаво ва бӯи ғализ мефавтиданд. Зимистон дар чунин маҳбасҳо аз хунукӣ вафот мекарданд. Тибқи манбаъҳои муътамад, аз чунин маҳбасҳо дар Ҷиргатол ва Тоҷикобод қумондонҳои машҳури ҲНИТ, чун Шайхи Ёрибек, дар Нуробод- Мулло Абдулло, дар Роҳатӣ- Раҳмон «Гитлер» ва Мансур Муаккалов истифода мекарданд.
Ба ҳадафҳои эълоннамудаи Паймон – ҳимояи низоми демократӣ ва дунявӣ таваҷҷуҳ карда, коршиносон ошкор ишора мекунанд, ки «зери ин мақсадҳо имзо гузоштани гумроҳони ТТЭ ҲНИ-ро, ки роҳбарони онҳо барои ташкили ДОИШ ба Сурия фиристода шуда буданду ҳоло дар манотиқи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон ҷамъ шуда, интизори амали террористианд, тасаввур кардан ҳатто ғайриимкон аст».
Бо ин андешаи коршиносон наметавон мухолифат кард, махсусан вақте ки аз таърихи навини Тоҷикистон ва нақши сӯзандаи ТТЭ ҲНИ дар он огоҳ ҳастед. Дар чунин ҳолат ташкили Паймони миллии тахрибкори омехта барои кӣ ва чӣ зарур буд?
Посухи ин савол сода ва дар як вақт мураккаб аст. Вақте ҳақиқат дар бораи кайҳо ба лӯхтаке барои анҷоми амалиёти ниҳодҳои махсуси хориҷӣ табдил ёфтани ТТЭ ҲНИ ошкор мешавад, посух ёфтан ба ин савол осон мегардад. Мураккаб аст, чунки истифода аз ин лӯхтак мавҷудияти шароити муайянро тақозо менамояд, ки танҳо дар ин ҳолат хадамоти махсус ягон натиҷа ба даст меоранд.
Ин шартҳо бо омилҳои зиёд тавъаманд. Аз ҷумла, риояи пӯшиши намуди зоҳирӣ дар ҷомеаи ғарбӣ, муаррифии ТТЭ ҲНИ чун неруи созанда, бигзор дурӯғин бошад ҳам аз талаботи асосие мебошад, ки дар шароити тағйирёбии вазъи геополитикӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ, барои қонунигардонии дастгирии сиёсӣ ва иқтисодии ТТЭ ҲНИ муҳим шуморида мешавад.
Тазод дар он аст, ки барои шуморидани ин омилҳо зарур аст, то таҳқиқоти алоҳидаи таҳлилӣ анҷом дода шавад, аммо дар пасманзари воқеиятҳои геополитикии зудтағйирёбанда натиҷаи тадқиқот метавонад ҳоло мушаххас нагардида, куҳна шавад.
Аммо новобаста ба ин, набояд фаромӯш кард, ки бо вуҷуди «меъёрҳои духӯра»-и дар Ғарб ҷорӣ, элитаи сиёсӣ зери фишори ҷомеа, дар самти қонунӣ гардонидани дастгирии ташкилотҳои террористӣ ба душвориҳо дучор шудаанд. Сабаби номуваффақии кӯшишҳои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун «мухолифони сиёсии бечора» муаррифӣ кардани ТТЭ ҲНИ аз ин ҷо маншаъ мегирад.
Аммо дар таърихи навини Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ солҳои 1990-ум бо содир кардани ҷиноятҳои террористӣ, ки дар садҳо ҷилд парвандаи ҷиноӣ бо ҳазорҳо далели шайъӣ нуҳуфтааст, номи худро пурра сиёҳ кард. Ҳар қадаре, ки хоҷагони хориҷӣ ва маблағгузорони ТТЭ ҲНИ кӯшиш кунанд ҳам, ин воқеияти таърихиро инкор кардан ё нодида гирифтан ғайриимкон аст.
Тавре мушоҳида мешавад, дар ин замина лоиҳае бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» тавлид шуд. Пас аз баҳогузории шароит ҷомеашинос Акрам Қурбонов дуруст таъкид мекунад, ки «суханрониҳои баландпарвоз дар бораи ин Паймон, изҳорот дар бораи ҳадафҳои он манзараи зебое беш нест. Ҳақиқат ин аст, ки имкониятҳои воқеии онҳо танҳо ба таҳқири фаъолияти мақомоти Тоҷикистон ва раҳгумсозии фазои иҷтимоӣ мерасад. Маҳз ин самти фаъолиятро роҳбари ТТЭ ҲНИ (дар як вақт роҳбари паймони миллӣ ҳам ҳаст - муаллиф) М. Кабирӣ барои пайравони худ афзалиятнок маънидод намуд: «Вазифаи асосии мо - ба мардуми тоҷик фаҳмонидани он аст, ки барои беҳтар шудани вазъият чӣ бояд кард… Тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин имконпазир аст. Мо қаблан ҳам бо ин кор машғул будем, аммо пароканда ва бе барномаи мушаххас. Паймони миллӣ мақсад дорад, ки ҳамаи захираҳои ҳизб ва гурӯҳҳоро барои васеъ кардани доираи фаъолияти иттилоотӣ истифода кунад… Ҳоло ин ягона роҳи самараноки таъсиррасонӣ ба вазъи давлат аст. Аввал бояд мардумро аз муҳосираи иттилоотӣ раҳо кард, дар ин ҳолат онҳо ба мубориза барои ҳуқуқи худ омода мешаванд».
Ба ҳамин тартиб Кабирӣ М. рӯирост изҳор мекунад, ки Паймон бо мақсади пуршиддат намудани вазъи иҷтимоии ҷомеа, барҳам задани суботу амният дар мамлакат, таҳрифу бадном кардани фаъолияти мақомоти давлатии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳон, омода намудани замина барои ҷалби шаҳрвандон ва истифода намудани онҳо дар фаъолияти террористӣ ба коркарди идеологии мафкураи шаҳрвандони Тоҷикистон машғул мешавад.
Самти интихобнамудаи стратегияи иттилоотӣ ва ҳадафҳои ниҳоии он бараъло маълум буда, дар порае аз суханони Кабирӣ М. оид ба омодагии Паймон баҳри ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод намудани роҳи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ нишон дода шудааст.
Иқрори Кабирӣ М. худ гувоҳӣ медиҳад, ки барҳам додани сохти конститутсионӣ ҳадаф, муҳтаво ва муҳаррики аслии Паймон мебошад».
Ҳамин тавр, Паймони миллӣ – ТТЭ ҲНИ аст, ки зери номи нав мехоҳад фаъолиятҳои террористии худ ва ҷиноятҳои содирнамудаашро пинҳон намояд. Аммо бояд дар хотир дошт, ки бо иваз кардани номи худ ТТЭ ҲНИ ҳадафҳои ҷиноятӣ ва алоқааш бо ташкилотҳои террористии байналмилалиро тағйир надодааст.
Маҳз аз ин сабаб коршиносон таъкид мекунанд, ки «бозии элитаи сиёсии ғарбӣ бо ТТЭ ҲНИ ва дар заминаи он ташкили созмони нав, мисли «Паймони миллӣ» метавонад натиҷаи ноустувор ва ё баръакс ба бор оварад. Дар ниҳоят террористони ТТЭ ҲНИ-и бо пули андозсупорандагони давлатҳои ғарбӣ ташаккул ёфта, ҳар лаҳза метавонанд аз зери назорат хориҷ шаванд ва мили силоҳро сӯйи хоҷагони худ гардонанд, ки назирашро аз таърихи амалиёти пинҳонии мақомоти махсус мушоҳида кардан мумкин аст. Дар он ҳолат «ТТЭ ҲНИ ба хор ё зиребае дар дили Аврупо табдил меёбад, ки халосӣ аз он кори душвор хоҳад буд».
Нодида гирифтани ақидаи воқеъбинона баёнкардаи коршинос ғайриимкон аст. Инро таърих собит кардааст.
Алексей АЛЕШИН,
узви ташкилоти ҷамъиятӣ оид ба
ҳимояи ҳуқуқи инсон «Law and People»
Сарчашма: ЦентрАзия
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: