Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 1950
Печать

Бузургтарин рӯзномаи мисрии “ал-Аҳром” дар шумораи навбатии худ аз 17 октябри соли 2018 Конференсияи байналмилалии сатҳи баланди Қоҳираро пушиши хабарӣ дода, дар бораи сиёсати зиддиинсонӣ ва зиддиисломии ТТЭ ҲНИ мақолаи таҳлилӣ ба табъ расонидаст.

Ёдовар мешавем, ки санаи 16 октябри соли 2018 дар меҳмонхонаи “Алмоса”-и Қоҳира зери сарпарастии Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ маросими ифтитоҳи чаҳорум Конференсияи Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон таҳти унвони "Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ" ба кори худ оғоз кард. Дар ҳошияи конференсяи мазкур ҳайати расмии 73 кишвари ҷаҳон бо шумули донишмандони соҳа, пажуҳишгарон, сарони муфтиҳо, вазирони Кумитаи дин, Сафирони фавқулода ва мухтори муқими Миср ва намояндагони баланпояи Ҳукумати Миср ширкат доранд.

 


>> Муфтии Тоҷикистон зарурати содир намудани фатворо дар масъалаи маҳкум намудани ТТЭ ҲНИ талаб намуда, ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористии байналмилалӣ эълон намуд.

Нависанда: Маҳмуд Дайёб

 

 

 

 

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти суханронии худ даъват намуд, ки идораҳои дахлдори динии кишварҳо барои маҳкум сохтани фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар сатҳи ҷаҳонӣ фатвоҳои лозима содир намоянд. Ин амр бо дарназардошти ҷиноятҳои  террористии ТТЭ ҲНИ дар тӯли чил сол аст, ки амали ҷинояткоронаи онҳо дар соли 2015 ба қулла худ расид. Онҳо бо инқилоби нокоми хеш тамоми мардуми осоиштаро дар ваҳму тарс қарор дода, кишварро дар дами ҳалокат кашиданд.

Ӯ дар масъалаи мубориза бо терроризм иброз намуд, ки ТТЭ ҲНИ аз ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин» сарчашмаи идеологӣ мегирад ва дар ин масъала кишвараш бо Миср мубориза мебарад. Созмонҳои исломӣ масъулияти зиёдеро бар души худ гирифта, бо соҳибони фатвоҳои гумроҳкунанда бояд мубориза баранд. Чунончӣ ташкилотҳои террористӣ паси номи “Ислом” пинҳон гардида, талош доранд, то мардумро бо ақидаҳои зиддиҳукуматии худ қонеъ гардонанд.

С.Абдулқодирзода дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии солонаи Муфтиёт изҳор намуд, ки ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин» ва ТТЭ ҲНИ, ки дуюмин соли 1973 бар асоси идеологияи ихвониҳо таъсис ёфтааст, зери шиори “марг волотарин орзуи мост” амал намуда, куштор ва нобудсозии насли одамиятро методи хеш қарор додаанд. Онҳо бо ин шиор фалсафаи хешро оид ба нобудсозии тамаддуни башарият эълон намуданд.   

Қобили зикр аст, ки муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди нишасти Конференсияи имрӯзаро, ки зери унвони “Қоидаҳои фатво дар асл ва дар воқеият” баргузор гардид, роҳбарӣ намуд. Шахсиятҳои бонуфуз ислом аз 73 кишвари олам дар рафти Конференсия ҳузур намуда, намояндагони воломақоми бонуфузи Миср аз ҷумал муовини якуми Маҷлиси намояндагон Маҳмуд Шариф,  Вазири адлия Ҳусом Абдураҳмон, собиқ муфтии Миср д-р Алӣ Ҷумъа ва Вазири Авқоф (Кумитаи дин) Муҳаммад Мухтор Ҷумъа, дар он ширкат варзиданд.

С. Абдулқодирзода ишора намуд, ки ҳамон тавре, ки кишвари Миср дар баробари тероризм ва нест кардани он бо кумаки мардум мубориза мебарад, ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пойдории сулҳу субот дар саросари кишвар талош варзида, бар муқобили терроризм мубориза мебарад.

Ӯ илова намуд, ки Конференсияи имсола оид ба масъалаҳои фатво зери унвони "Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ" амали муҳим ва дастгирикунандаи талошҳои миллӣ дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва тундгароӣ мебошад. Дар ин росто, сипоси махсуси хешро ба Президенти кишвар Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ва муфтии сарзамини Миср доктор Шавқӣ Аллом, барои танзими ин “Чорабинии сол” иброз дошт. Ин чорабинӣ дар вақте сурат мегирад, ки уммати исломӣ ба роҳнамоиҳои донишмандони забардаст, ки умри хешро дар талаби илм фано намуда, сазовори илму мартабаву аҳли фатво гардидаанд, эҳтиёҷ дорад. Донишгоҳи Азҳари Шариф бузургтарин олимон ва донишмандони шинохтаро пайдо намудааст, ки онҳо дар таҷдиди фатво ва мувофиқ кардани он бо руҳи асру замон ва пешрафти ҷомеа нақши бузург бозидаанд.

Ӯ ишора намуд, ки кишвари Миср бо назардошти он масъулияти фикрию ҷойгоҳи илмие, ки дар тӯли таъриху тамаддуни чандҳазорсола ноил шудааст, ин конференсяи ҷаҳониро бори чорум баргузор мекунад, ҳамчунин аз маконати роҳбарии фикрию илмӣ низ бархӯрдор аст, ки ин ҳама нақши асосӣ ва муҳим доштани кишвари Мисрро дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ нишон медиҳад. Бояд қайд кард, ки вазифаи уламо ва донишмандони шариат иҷтиҳод ва истихроҷи аҳкоми шаръию фиқҳӣ ва баровардани фатвоҳои муносиб ба воқеъияти замон буда, фиқҳи муътадилро дар ҳама бахшҳои зиндагӣ устувор бояд намояд.

Ӯ илова намуд, ки халосӣ ёфтан аз хатари терроризм, ки болои дини Ислом омадааст, танҳо бо роҳи гуфтумони қоидаҳои фатво дар масъалаҳои сиёсӣ ва умури давлатдорӣ, таъсири фатво дар пойдории  амну суботи ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад.

 

Ӯ таъкид намуд, ки бисёре аз кишварҳо бар зидди ташкилотҳои террористӣ мубориза мебаранд, зеро ин ташкилотҳо аз афкори ғалат ва инҳирофӣ сарчашма гирифта, андешаҳои тундравона ва тахрибсозро дар ҷомеаҳо мунташир месозанд ва ихтилофу фитнаро дар миёни мардум эҷод намуда, амну суботро аз байн мебаранд ва боиси парокандагии давлат ва порашавии он ба давлатҳои хурди бо ҳам оштинопазир мегарданд.

С. Абдулқодирзода таъкид намуд, ки ҳодисаҳои ахире, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи аъзоёни ТТЭ ҲНИ анҷом дода шуд, ҷониби дигари мубориза бар зидди терроризми байналмиллалиро ошкор сохт. Ин маротиба дастгириҳои ҳамсояи эронӣ барои ин гуна ташкилотҳои террористӣ ошкор гардид. Тафтишот нишон дод, ки шахси ин ҷинояти террористиро бар зидди гардишгарони хориҷӣ содир карда дар тули солҳои 2014-2015 чор бор ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Эрон сафар карда, ба ӯ дар онҷо машқҳои низомӣ ва идеологӣ омӯхтаанд. Ин шахс дар вақти таҳсил гирифтанаш дар Эрон бо яке аз фаъолони ТТЭ ҲНИ шинос гардида, ба саффи ҳизб шомил гардидааст. Баъдтар ин шахс роҳбари гуруҳи махфии террористӣ таъйин гардид.

Қобили зикр аст, ки иҷрокунандагони ин амали террористӣ аз сарҳади Тоҷикистон ба заминҳо Афғонистон гузашта, дар он тарафи сарҳад ба сафи ташкилотҳои террористӣ мепайванданд. Тафтишот нишон дод, ки ҷинояткороне, ки даст ба чунин амалҳои зишт мезананд, синашон аз 18 то 30 сол мебошад, бори дигар стратегияи ҷалби ҷавононро ба сафи ташкилоти террористӣ таъкид намуд.

Ӯ бори дигар таъкид намуд, ки ТТЭ ҲНИ шохае аз ташкилоти террористии ихвониҳо буда, ҳамкориҳои зич байни ин ду ташкилот ошкор гардидааст. Ӯ илова намуд, ки дар замони сари қудрат будани ихвониҳо, Муҳаммад Мурсӣ раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабириро истиқбол гирифта бо ӯ мулоқот анҷом додааст. Аз ин бештар ноиби раиси ин ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ дар шаҳри Қоҳира манзили истиқоматӣ туҳфа гирифтааст, ки ин худ далолат ба зичии ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. Фаъолияти ташкилоти ихвониҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 мамнуъ эълон гардида, ҳатто пас аз омадани ихвониҳо ба сари қудрат ин ҳукм лағв нагардид.

Муфтии Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдулқодирзода масъалаи дахолатҳои харобкоронаи эрониро хотирасон намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Эрон барои ташкилотҳои террористӣ изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки имрӯз оиди дахолатҳои Эрон дар умури на танҳо минтақа, балки дар кишварҳои гунонгуни олам садо баланд намудан лозим аст. Эрон барои пешбурди кории худ аз ташкилотҳои террористӣ ба монанди ТТЭ ҲНИ, ки шохаи осиёгии “Ихвон-ул-муслимин” ва таблиғгари инқилоби исломии охундҳои Эрон мебошад, истифода мебарад.

 

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: