Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2109
Печать

 

Донишмандон бо як овоз таъкид намуданд, ки ташкилоти “Ихвонул-муслимин”-и террористӣ то ин лаҳза бо дуруғу фиреб сарукор мегирад ва қанатҳои хориҷии он – ба мисли ТТЭ ҲНИ ҳамоно бо фаъолиятҳои зӯроварӣ ва терроризмии худ идома дода истодаанд. Баҳри дастрасӣ ба манфиатҳои дунявӣ ва сиёсӣ садҳо шахсони осоиштаро бо номи “дин” ба қатл расонида, бо даъвои “саркубӣ” мехоҳанд ҷонибдор ва дилсӯзии шахсони фиребхӯрда ва ташкилотҳои террористиро ба даст оранд.


 

Дар ҳошияи Конференсия солонаи Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон, ки дар шаҳри Қоҳира баргузор гардид, Шайх Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳозирин талаб намуд, ки фатвоҳои лозима содир карда, фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро дар саросари олам маҳкум созанд. ТТЭ ҲНИ, ки аз идеологияи ихвониҳои мансуб ба Саид Қутб сарчашма мегирад, бояд дар саросари олам ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохта шавад. Ин иқдом бино ба ҷаноятҳоест, ки дар зарфи чил соли охир аз ҷониби ин ҳизб анҷом дода шудааст.

Ӯ ишора намуд, ки ҳодисаи террористии ахир дар Тоҷикистон паҳлӯи дигари мубориза бар зидди терроризмро ошкор намуд, ки доимо дар пасманзари ин тоифа мардум ташкилотҳои байналмиллалӣ ба монанди Эрон меистанд.

Муфтии собиқи сарзаминии Миср, доктор Алӣ Ҷумъа таъкид намуд, ки наҷотёбӣ аз хатари терроризм, ки бар синаи Ислом ҷаҳидааст, танҳо бо роҳи муноқишаҳои низоми фатво дар риштаҳои сиёсию умури кишвардорӣ, омӯзиши омилҳои фатво барои пойдории амну суботи ҷомеа ва пешгирии таъсири фатвоҳои исломи сиёсӣ дар раванди пойдории сулҳ, амалӣ мегардад. Шакке нест, ки давлатҳо бо тамоми дороии хеш бар зидди ташкилотҳои террористӣ ҷанг эълон намудаанд. Ин ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки бар асоси идеологияҳои барғалат ва бегона таъсис ёфтаанд, мехоҳанд ақидаҳои фалаҷкунандаро дар байни ҷомеа паҳн намоянд. Албатта ҳадаф аз ин амали онҳо бесарусомонии амнияти кишварҳо буда, барои парокандагии онҳо талош меварзанд. Мехоҳанд кишварҳоро порча – порча тақсим намуда, онҳоро дар ҳоли ҷангу кашмакашиҳо қарор диҳанд.

Ӯ илова намуд, ки муборизаи ниҳодҳои қудратии Миср бар зидди чунин гуруҳҳои терористӣ, аз ҷумла ташкилоти “Ихвонул-муслимин”, айнан ҳамон муборизаест, ки кишварҳои олам аз он ранҷ мебаранд. Махсусан дастпарвардҳои “Ихвонул-муслимин” ба монанди ТТЭ ҲНИ, ки шохаи ин ташкилот дар минтақаи Осиёи Миёна ба шумор меравад. Байни ин ду ташкилоти террористӣ ҳамкориҳои зич барпо гардида, дар давраи ҳукмронии Муҳаммад Мурсӣ бо роҳбари ТТЭ ҲНИ, Муҳиддин Кабирӣ зиёратҳои дуҷониба сурат гирифта буд.

Ҳамзамон, Раиси ташкилоти Тобаи шаҳри Абу Дабӣ ал-Ҳабиб Алӣ ал-Ҷафрӣ, аз бефаъолиятии соҳаи фатво ва бетаъсирии он ба  мардум, сабаби фаъолшавии ташкилотҳои тундгаро ба монанди ташкилоти “Ихвонул-муслимин” ва қанатҳои террористии он сухан кард.

Ӯ ҷавонони пайрав аз ҳаракати “Ихвонул-муслимин”-ҳои мисрӣ ва дигар кишварҳои олам ба хусус дар Тоҷикистонро қурбонии бозиҳои сиёсӣ номид. Аммо ин амал, шахсони фиребхӯрда ва мағрургардидаро ҳеҷ гоҳ аз ҷавобгарӣ озод нахоҳад кард ва зуд ва ё дер дар назди Худованди таъоло ҳисобот хоҳанд дод. Ӯ илова намуд, ки мо бо саркардагони ташкилотҳои террористӣ дар боби ченаки арзишҳои исломӣ нофаҳмоӣ дорем. Онҳо бо даъвои ҷанг “дуруғгуӣ”-ро барои худ мубоҳ шуморида, зери шиори “ҷанг фиреб аст” бо аҳкоми шариати исломӣ бозӣ мекунанд. Бо ин қоида ТТЭ ҲНИ фаъолияти худро пеш бурда, бо баҳонаи татбиқи шариати исломӣ дар замини Худованд фасодро ҷорӣ менамояд.

 Ҳамзамон доктор Аҳмад Аттия, Вазири Авқоф ва даъвати яманӣ дар суханронии худ таъкид кард, ки паҳншавии падидаи терроризм аз ҷоҳилӣ сарчашма мегирад. Ӯ илова намуд, ки он фаъолиятҳои террористие, ки аз ҷониби ТТЭ ҲНИ дар вақтҳои ахир содир гардидааст, таъкидгари пофишории ин тоифаи гумроҳгардидагон мебошад, ки аз хориҷи чорчуби фармудаҳои Қуръони карим ва Суннати пок амал намуда, мусалмонҳоро таҳти таҳдиди доимӣ қарор медиҳанд. Д-р Аҳмад Аттия талаб намуд, то як фазои муносибе барои таҷрибаомӯзӣ ва фаъолияти муфтиҳо бояд эҷод намуд, то ба ҳадафи асосӣ, ки таблиғи илм ва пешгирии тундгароӣ мебошад, расидан имкон гардад. 

Раиси қисми омӯзишҳои стратегии Дабирхонаи муфтиёти Миср Ториқ Абу Ҳашима иброз дошт, ки имрӯзҳо масъалаи фатво яке аз омилҳои муҳимтарини гуфтумони динӣ ба шумор меравад. Ин амал танзимгари асосии умури ҳаёти ҷомеа мегардад. Ӯ таъкид намуд, ки оқибати фатвоҳои бегона хатари воқеъӣ доранд, зеро ин омил сабаби фаъолтар гардидани ташкилотҳои тундгаро мегарданд. Ва ин намуди фатвоҳо аз шохаҳои бединӣ илҳом гирифта, дарҳои худро барои ҷавонон хоҳад кушод.

Дабири кулли Шӯрои сарони уламо, Доктор Аббос Шумон, сифати ташкилоти “Ихвонул-муслимин”-ро “дуруя” маънидод намуда, иброз дошт, ки ихвониҳо ва ҳаммаслакони осиёгии онҳо – ТТЭ ҲНИ гирифтори касали “дурӯғгӯйӣ” мебошанд. Ва ин падидаи нав барои онҳо набуда, чунин амр ҳамеша наздашон ҳукми мубоҳ дошт. Вале навгонӣ дар ин масъала, марҳилаи беморӣ бо касали “дуруғ” аст. Д-р А.Шумон ба пайравони ихвониҳо пайғоми худро фиристода таъкид намуд, ки агар онҳо дуруғро барои худ мубоҳ шуморанд, дар ин масъалаи хеш озоданд, вале ба онҳо хитоб намуд, то аз Муассисаи Азҳари шариф дур бошанд. Онҳо ба миқдори як нохун ба ин муассисаи бузург зарар расонида наметавонанд. Бо ишора ба М.Мурсӣ, таъкид намуд, ки онҳо вақти дар сари қудрат қарор доштан, ноком буданд, пас чи гуна баъди давлат аз даст рафтан гуё комёб мегарданд.

Доктор Маҷдӣ Ошур, машовири академии муфтии Миср иброз намуд, ки тамоми ташкилотҳои экстримистӣ ба монанди ТТЭ ҲНИ ва дигар ҳаммаслакони онҳо, ки аз ҷомаи “Ихвонул-муслимин” берун омадаанд, бо тангназарӣ ва мухолифаташон аз навовариҳои аср шуҳрат пайдо намудаанд. Онҳо амалҳои ғайриоддӣ ва гунаҳкоронаи худро ҳамчун “Боби иҷтиҳод” мепиндоранд бо вуҷуди он ки ҳамаи он кардаҳо аз чорчуби шариат берун ҳастанд. Барои асоснок намудани амалҳои пайравони худ аз қабили куштору ғорату дуздӣ, бо номи Ислом фатвоҳои носанҷида содир мекунанд.

Ҳамчунин, шайх Абдулатиф Дарён, муфтии Ҷумҳурии Лубнон таъкид намуд, ки манфиатгари асосии ҳолати бетартибии судури фатво аз ноаҳлон, танҳо ташкилотҳои террористӣ ва дар сархати онҳо ташкилоти “ихвонул-муслимин” ва пайравони он мебошанд. Ӯ дар изҳороти худ таъкид намуд, ки амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ – қаноти осиёгии ихвонул-муслимин ба амалҳои “Хавориҷ”-и гумроҳ монанд мебошанд. Қайд намудан лозим аст, ки “Хавориҷ” тафсири гуфтаҳои Қуръонро нодуруст фаҳмида, принсипи зӯровариро барои расидан ба манфиатҳои дунё истифода менамояд. У таъкид дошт, ки амалҳои онҳоро маҳкум сохта, бояд дар паҳлуи шахсоне ки бо идеологияи тундгароии онҳо мубориза мебаранд, қарор гирем.

 Дабири кулли Академияи тадқиқоти исломӣ - доктор Муҳиддин Афифӣ, дар рафти суханронии худ таъкид намуд, ки ташкилоти террористии силоҳбадасти дар атрофи “дин” ҷамъгардида сабаби носуботии ҷомеаҳо мебошанд. Зеро онҳо ба решаи сулҳу суботи ҷомеаҳо латма мезананд ва махсусан дар олами имрӯза, ки дар он падидаи терроризму зӯроварии мусаллаҳ ва ташкилотҳои харобкору фасодзада интишор гардидааст. Онҳо бо даъвои “ҷиҳод” даст ба куштору сӯйиқасду таркишу авбошӣ мезананд. Вале фарқ байни “ҷиҳод” ва “терроризм” равшан буда, амалҳои хушунатомези бимдиҳандаро ҳеҷ ваҷҳ ба ҷиҳоди исломии шаръӣ нисбат додан мумкин нест.

Д-р М. Афифӣ ишора намуд, ки донишмандони Азҳари шариф таъкид намуданд, ки ҷиноятҳои террористии ТТЭ ҲНИ, ДИИШ, ал-Қоида ва дигар ташкилотҳои террористӣ зидди арзишҳои волои ҳаёт, ки Қуръони карим онҳоро зикр намуддаст, мебошанд. Ислом бо идеологияи сулҳпарвару сабуки худ танҳо барои паҳн намудани раҳмату амну сулҳ омадааст ва ихтилоф дар мазҳаб маъно носозгориро надорад. Давоми суханронии худ доктор Муҳиддин Афифӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани инсонияту башарият хонд.

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: