Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2584
Печать

Мусоњибаи хизматгори нањзатињо Алим Шерзамонов бо хабарнигори сомонаи ифротии «Тасним» дар робита бо масъалаи Бадахшон маротибаи дигар собит месозад, ки гурўњњои манфиатхоњи берунї бо њар роњу васила мехоњанд вазъи Тољикистон, бахусус Бадахшон нољур гардад ва наќшањои ѓаразноки онњо тадриљан пиёда шаванд. Бо ин њадаф Алим Шерзамонов, як тан аз њавохоњони нооромињо дар Тољикистон ба истилоњ, суњбати ихтисосї анљом додааст.

Дар ин замина, чанд мулоњизаи худро манзур месозам:
1.Њассосият бахшидан ба масъалаи Бадахшон кори дасти душманони миллат ба мисли Шерзамонов мебошад. Дар як моњи ахир доирањои нањзатї, ки имрўз дар пардаи ба ном Паймони миллии Тољикистон аз худ дарак медињанд, матолиби зиёде навишта, дар расонањо интишор додаанд ва аз сўи хољагонашон муваззафанд, масъаларо њассостар намоянд. Дар атрофи Бадахшон ва тањаввулоти ахир интишор намудани матолиби гуногунмуњтаво њоќї аз он аст, ки бозигарони хориљї даст ба тарњи наве заданианд ва љињати буѓранљ кардани авзоъ аз сели иттилооти дурўѓин корбаст менамоянд. Аз силсилаи сели иттилоот ва тањлилоти дурўѓин мусоњибаи ахири А. Шерзамонов мањсуб меёбад.
2.Шерзамонов, ки аз сиёсат ва тањлилњои сиёсии аслї фарсахњо дур аст, бар мабнои нишондодњои гурўњи нањзатии зиддињукуматї мусоњибањо меорояд, матолиби иѓвоангез нашр мекунад, садо мепароканад ва аз ин тариќ худро реклама њам менамояд. Иддаои ў бар мабнии ин ки Роњбарияти давлат бо набард ба сари ќудрат расидааст, сухани наву тоза нест. Албатта, Њукумати имрўзї дар шароите сари ќудрат расид, ки нањзатиён дар ќаламрави љумњурї ба бедодгарї машѓул буданд ва сокит шудан ва хомўшї ихтиёр кардан дар он вазъият бетарафию тарсуие беш набуд. Чї, Роњбари кишвар бояд сукут меварзид ва мегузошт, ки Тољикистон ба хоку хун оѓушта гашта, Шерзамонњои ваќт дар мамлакат љавлон кунанд?! Манзараи дањшатноки ибтидои солњои навадуми садаи бистумро, ки дар ќолаби наворњо дар васоити ахбори умум мављуд аст, як тамошо намоед ва ба кайфияти њаводис бадиќќат таваљљуњ фармоед, то тоифаи нохалафро, ки зери парчами исломи сиёсї ба чї корњое даст задаанд бинед. Шерзамонов ё аз њаводиси ваќт бехабар аст ва ё дидаву дониста худро ба нодонї мезанад.
3.Шерзамонов мисли ин ки њарфњои пуштибонони хориљиашро такрор мекунад ва масъалаи Бадахшонро бузург љилва медињад, чун медонад, ки бузург љилва додани масъала ва обуранги сиёсї бахшидани он, њам ба манфиати дориањои махсуси хориљї њаст ва њам ниёзњои сиёсию иќтисодии нањзатињоро. «Паймонсозон» аз шахсиятњои калидии Њукумат њарос доранд? Чаро? Чунки ин шахсиятњо найрангњои сиёсї ва дасисаю иѓвоњои нањзатиро рўйирост фош сохтанд ва пеши роњи тавтеањои онњоро гирифтанд. Пеши роњи балвои Назарзодаро гирифтан ва бо далоили муътамад собит кардани љурми элитаи сиёсии нањзатї дар пиёда намудани барномаи табаддулоти давлатї дар Тољикистон роњкорњоеанд, ки сохторњои ќудратї муваффаќона анљом доданд. Зимнан, нањзатиён тавассути матолиби иѓвогарона мекўшанд, ки симои роњбарони сохторњои давлатиро бад нишон бидињанд ва дар њар бадбахтие, ки сарашон омадааст, изи онњоро биљўянд.
4.Маълум аст, ки Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон аз минтаќањои муњиммест, ки Љумњурии Тољикистонро бо кишварњои њамсоя, аз љумла Љумњурии Исломии Афѓонистон њамсарњад кардааст. Авзои сиёсию иќтисодї ва иљтимоии Афѓонистони њамсоя ба њама маълум аст. Ба буѓранљии авзоъ, хариду фурўши аслиња ва гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир зам мешавад. Аз ин лињоз, Њукумати Љумњурии Тољикистон дар бастагї бо маќомоти марбутаи давлатї масъалаи халъи силоњро дар Бадахшон, ки солњост миёни гурўњњои љинояткор радду бадал мешавад, мавриди бозбинї ќарор медињанд ва љињати њалли мушкилоти мављуда аз имконоти ќудратї, фаннї-техникї, интизомї ва њуќуќї истифода мебаранд. Аз тарафи дигар, таъмини амнияти дохилї ва оромиши сиёсї, ки аз авлавиятњои сиёсати давлатї мањсуб меёбад, вазифаи сохторњои ќудратї мебошад. Солњост, ки дар Бадахшон гурўњњои љиноятпеша ва тољирони маводи мухаддир авзоъро нољур месозанд ва љомеаро ба њолати осебпазирї расонидаанд. Аз ин лињоз, ислоњи вазъ вазифаи аввалиндараљаи маќомоти зиддахли давлатї мебошад. Агар, мо гапи Шерзамонов ва «дастуру нишондодњо»-и ўро, ки аслан парвои миллату давлат надорад (ба љуз сармояи худ) бигирем, давлатдорї ва љомеасозї ба масхара кашида мешавад.
5.Аљиб ин аст, ки Шерзамонов аз созмонњои байналмилалї хоњони он аст, ки ба корњои дохилии Тољикистон дахолат намоянд ва масъаларо, ки марбути Тољикистон аст, њаллу фасл намоянд. Дахолат дар умури давлат магар аз љумлаи иќдомоти созмонњои байналмилалї аст? Давлати мо дар умури двлатњои дигар ва созмонњои љањонї њаќќи дахолат надорад. Њар гуна дахолатро дар умури дигар кишварњо ва давлатњо ќонунњои байналмилалї манъ намудаанд. Масъулини созмонњои байналмилалї масъаларо мефањманд, аммо чаро Шерзамонов ва њампаймононаш масъаларо фањмидан намехоњанд ва саъй мекунанд ќазияро бузург нишон бидињанд?!
6.Њассосият бахшидан ба масъалаи Бадахшон барои ТТЭ ЊНИ чун обу њаво зарур аст ва њоло ки дигар масоили доѓ вуљуд надорад, нањзатиён аз Шерзамонови Бадахшї истифода мебаранд, то ба њадафњои худ бирасанд. Тамоми ќазия ва дар гирди он мољаро њамин асту бас.

Фаридун Ориёї

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: