Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2181
Печать

Дар доираи андешидани тадбирҳои амниятӣ, ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Хоруғ рӯзи 06-уми октябри соли 2018, тахминан соати 10:30 дақиқа дар дидбонгоҳи кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсат автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами давлатиаш «ТҶ 8808ВВ04» манъ карда шуд.

Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки автомашинаи мазкур ба шаҳрванд Имомназаров Соҳибназар Султонназарович, санаи тавалллудаш 08.03.1993, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Гагарин, хонаи №24 тааллуқ дорад.

Номбурда автомашинаи сиёҳшишаро бидуни иҷозат ва ғайриқонунӣ идора намуда, ҳамзамон ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ итоат накарда, дар баробари ин барои аз ҷои ҳодиса фирор кардан ба кормандони милитсия муқобилият нишон додааст.

Зимни азназаргузаронии автомашинаи шаҳрванд Имомназаров Соҳибназар Султоназарович аз дохили он 1 адад норинҷаки навъи «Ф-1» ва 2 адад корд дарёфт ва мусодира карда шуд.

Нисбати номбурда дар доираи талаботи Кодекси ҷиноятии ҶТ чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: