Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2457
Печать

Кудето ва ё тазоњуроти мусаллањонаи гурўњи террористї таҳти сарварии генерали хоини наҳзатӣ - Абдуҳалим Назарзода маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ки аввали сентябри соли 2015 шурӯъ шуда, минбаъд муќовиматњои бенатиљаи онњо дар минтаќаи Ромит идома ёфт, талоши ѓайриоќилона ва кўшиши муѓризонаи дигарбораи ТТЭ ЊНИ бо мақсади табаддулоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ин падидаи номатлуб қазияи террористие буд, ки ҳақиқати он аз як сӯ дар заминаи иғвову исёни 12 рӯзаи рӯдаррӯи мусаллаҳонаи ифротгароён алайҳи нерӯҳои низомии кишвар ва аз сӯи дигар дар иртибот ба далелу мадракҳо ва иқрори теъдоди зиёди ашхоси моҷароҷӯ ба таври возеҳу рушан ошкор  шуд. Амали террористӣ будани моҷарои Ҳоҷӣ Ҳалимро дар заминаи ин ҳама далелу асноди муътамад ҳаргиз ҳеҷ таҳрифкори манфиатҷӯе наметавонад пӯшиш ва малбуси дигаре диҳад. Дар воқеъ агар касе ва ё гурӯҳи сиёсие дар назди худ ҳадаф гузорад, ки ба ин қазияи террориству хиёнаткорона  аз  зовияи дигар нигариста шавад ва ба он тобиши нисбатан муътадил дода шавад, бидуни шубҳа он шахс ва ё гурӯҳ худ хиёнатпеша аст.

Мутаассифона, маҳз ҳамин гуна ашхос имрӯз бо таҳрики баъзе манфиатҷӯёни минтақавӣ, ки чеҳраи ботилашон шинос аст, сару садо баланд кардаанд ва ба ин васила нохудогоҳ ошкор кардаанд, ки луъбатакони саҳнаи театри сиёсии кӣ мебошанд. Дар таърихи 3-4.10.2018  дар сомонаи  KEMYAE SAADAT, ки тавассути марказҳои иттилоотии ҶИЭ идора шуда  бунгоҳи он низ дар ин кишвар ҷойгир аст, дар робита ба тазоњуроти мусаллањонаи гурўњи Абдуҳалим Назарзода силсилаи изҳорот пайдарҳам дар ҳоли нашр шудан аст,  ки таҳиякунандагони матлаб ба таври ошкоро дар он қазияи мазкурро таҳриф кардан мехоҳанд.  

Дар бахши аввали ин навишта муаллиф ва ё муаллифон, ки ҳанӯз сар аз хандақ берун накардаанд, ба танзу киноя ишора ба он мекунад, ки қазияи Абдуҳалим Назарзода “аз сӯи давлати Тоҷикистон  кудето ва иқдоми терруристӣ ном гирифтааст”. Магар ин қазия террористӣ набуд? Агар террористӣ набуд, пас ин муборизаи рӯирости мусаллаҳонаи хиёнаткоронаро, ки ба хотири барандозии давлати конститутсионии мо роҳандозӣ шуда буд, чӣ метавон номид?  Аҷиб аст, ки ба ин суол муаллиф ва ё муаллифон бо вуҷуди изҳороти тӯлонии бепоя ва нақли қиссаву зиндагиномаи ашхос гӯё фурсат наёфтаанд, ки посухе пешниҳод намоянд. Ин гуна мавқеъгирии онҳо бесабаб нест, зеро онҳо худ ҷонибдори сарсахти чунин табаддулоту ҷанг алайҳи давлати қонунии дунявӣ дар  Тоҷикистон ва эъмори давлати теократӣ ба ҷои он мебошанд. Маҳз аз ин рӯ онҳо намехоҳанд ин гуна аъмоли ифротгароёнаро террористӣ унвон диҳанд, аммо аз сӯи дигар ба хотири паноҳ доштани иртиботи худ бо ин амали хиёнаткорона ҳаргиз ҳозир нестанд, ки  онро як амали боиста ҷилва диҳанд.

Нуктаи баҳсбарангези муаллифони мақола он аст, ки эшон бо вуҷуди таъкиди мукаррари ин масъала, ки Абдуҳалим Назарзода ба ТТЭ ҲНИ ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон гўё ҳеҷ алоқаи бевоситае надорад, дар бахши 2-юми навиштаи худ таҳти унвони  “Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода кӣ буд?” шояд нохудогоҳ  иқрор шудаанд, ки “вай (яъне Назарзода) ва тарафдоронаш нақши вежаеро дар тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳои Душанбе дар майдони Шаҳидон ифо карданд. Бо шиддат гирифтани даргириҳо Ҳоҷӣ Ҳалим низ аслиҳа дар даст гирифт ва ба сафи нерӯҳои муттаҳиди оппозисиюн пайваст”.

Аммо дар бахши 7-уми мақолаи мазкур таҳти унвони “Сулҳи Тоҷикистон ва вуруд ба артиш” ин муаллифони беному беҳувийят қавли қаблии худро ба боди фаромӯшӣ дода дар бораи А. Назарзода гуфтаанд: “Замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд, Абдуҳалим Назарзода дар Ҷумҳурии Қазоқистон буд”. Ин ақволи мутафовит ва мутаноқизи нафаронеро, ки барои дурӯғҳои худро ростгуна нишон додан омодаанд бо Қуръон савганд хуранд ва  ё  бо “зан се талоқи тоҷикӣ” қасам ёд кунанд, қазоват кунед. Инҳо, ки ҳатто қавли худро дар як навишта ва дар як лаҳза вобаста ба вазъият инкор мекунанд, хулоса кунед, ки бо қавли дигарон чӣ хоҳанд кард?  Агар ин ашхос бо валвалаву ҳангома гоҳе мавқеъгириҳову гуфтумонҳои Ҳукумати кишвари мо ва роҳбарияти онро инкор кунанд, ҳеҷ ҷои тааҷҷубе нахоҳад буд, чунки дурӯғ гуфтан барои онҳо тибқи маслаки тақия як амри раво ва ҳатто ногузир низ маҳсуб мешавад.

Аз ҳамон бахши 2-юми мақола, ки чизе ҷуз шарҳи ҳоли Абдуҳалим Назарзода нест, бармеояд, ки вай бо вуҷуди ҳама тавсиф ва чеҳрасозиҳои муаллифон то соли 2005, яъне хатми Академияи улуми низомии Федератсияи Русия  ва дақиқтараш то соли 2009, яъне хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  аслан ҳатто маълумоти зарурии касбие надоштааст, ки шоистаи кор дар мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.  Агар ба эътибор гирем, ки мавсуф маҳз ба воситаи квотаи 30%-и  мухолифин ё дақиқтараш ТТЭ ҲНИ ба мақомоти  давлатӣ роҳ ёфта буд, пас ба суҳулат метавон пай бурд, ки сатҳи омодагии кадрии нањзатињо бо ҳама иддаоҳои зиёди он  барои ба даст овардани зимоми маъмурияти як кишвар аслан дар кадом пояе қарор доштаасту дорад.

Дар бахши 3-юму 4-ум  муаллифон бо шарҳу тавзеҳ ва арзёбии ҷузъиёти муборизаи мусаллаҳонаи  аввали сентябри соли 2015 боз ҳам тарзе мавқеъгирӣ мекунанд, ки гӯё ТТЭ ҲНИ ба ин моҷаро ҳеҷ иртиботе надошт, гузашта аз ин гӯё ҳеҷ кадоме аз масъулин ва аъзои ин ҳизб аз қазияи мазкур ва нақшаи роҳандозии он огоҳӣ надоштанд.

Аввалан бояд гуфт, ки ба қазияи  Ҳ. Назарзода иртибот доштани ҳизби мазкур дар робита ба асноду мадракҳои фаровон  ҳақиқати бебаҳсе аст.   Дигар ин ки  тамоми дороиҳои ҳизб ва ба вижа амволу сарвати ҳангуфти роҳбарони он пояи устуворе ҷуз маблағгузориҳои сарпарастони манфиатҷӯи бурунмарзӣ надошту феълан низ надорад. Вагарна Назарзода ва бародарони вай дар кӯтоҳмуддат чӣ гуна метавонистанд ҳар яке соҳиби маблағҳои фаровону чандин корхонаҳо мегардиданд. Вагарна М.Кабирӣ чӣ тавр ва аз кадом ҳисоб метавонист дар шаҳри Турсунзода бозори калонеро (ҶДММ “Саховат”)  хусусӣ карда, ҳар сол аз он ҳисоб беш аз 1миллиону 680 ҳазор сомонӣ фоида ба даст оварад. Ҳамчунин  ширкати калони сохтмониеро бо номи ҶСП "Бинокорсервис" ва  дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои беморхонаеро, ки 10 га замин дошт, аз худ кунад.

Дар ин бахши мақола муаллифон гуфтаанд, ки “Давлати Тоҷикистон дар ҳамин замина (яъне дар иртибот ба ҷинояти Назарзода) Эронро муттаҳам ба ҳимоят аз нерӯҳои иттиҳоди опозисиюн дар даҳаи 1990, ки Ҳоҷӣ Ҳалим низ дар он ҳузур дошт, карда ва аз ҳамин рӯ Теҳронро муттаҳам ба ҳимоят аз теруризм кард”.  Ин мавқеъгирии сохторҳои марбутаи ҶТ ҳеҷ гуна ҳеҷ гуна иттиҳом ва ё туҳмате нест, ки муаллифон мегӯянд, балки ошкор кардани воқеият аст. Иртиботи ҶИЭ бо ТТЭ ҲНИ ва қазияи Назарзода амре тасдиқшудааст, ки дар бораи он далелу асноди зиёд вуҷуд доранд. Тазоњуроти мусаллањонаи гурўњи ифротгароён таҳти сарварии Абдуҳалим Назарзода бо назардошти шакли тазоњур ва мавқеъгириҳои сиёсии пайравонаш бидуни таъсиру њамкорињои ниҳодҳои махсуси ин кишвар набуд.  

Дар бахши 5-уми мақола муаллифон таъкид кардаанд, ки моҷароҳои марбут ба Абдуҳалим Назарзода ва воқеаҳои бо роҳбарии ӯ рӯйдода дар сентябри соли 2015 аз тарафи муаллифон бо назардошти дидгоҳи Ҳукумати Тоҷикистон мавриди таҳқиқ  қарор гирифтааст. Аммо аз мутолиаи бахшҳои баъдии мақола (ҳадди ақал то банди 11) хонандаи огоҳ ба таври возеҳ метавонад мушоҳида кунад, ки муаллифон дар мавриди “таҳқиқ”-и хеш  на фақат аз дидгоҳи Ҳукумати Тоҷикистон, балки аз ҳеҷ дидгоҳе ба ҷуз дидгоҳи худ ва шахсе бо номи эшони Абдусаттор, ки ба қавли худаш узви Риёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва дӯсту ҳамсояи Абдуҳалим Назарзода буд, истифода накардаанд. Ин аст манбаъи иттилооти ба қавле “шаффоф” ва беғаразонаву муътамади онҳо! Бубинед, ки ин таҳрифкорони беҳаёву густох, ки садҳо далелу асноди муътамади сохторҳои масъули давлатии моро беэътимод меҳисобанду бо валвала тардид кардан мехоҳанд, худ  чӣ асноду далели “муътамад”-е  дар ихтиёр доштаанд!

Дар банди 6-уми мақола муаллифон  дигарбора  нохудогоҳ иртиботи Назарзодаро бо шурӯъи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон таъкид дошта, талошҳои вайро дар ин росто бисёр муассир донистаанд. Дар ин бахш нуктаи шигифтангез он аст, ки муаллифон гирдиҳамоиҳову майдоннишиниҳои наҳзатиҳоро  ҳамчун ҷунбиши мардумии  истиқлолхоҳӣ маънидод кардаанд ва ё агар дурусттар бигӯем маънидод кардан мехоҳанд. Чунин пӯшиш додани муборизаҳои бунёдгароёнаи мазҳабӣ худ нишонаи он аст, ки “муҳаққиқон”-и навини ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар интихоби як равиши “таҳқиқ” усули  дурӯғин ва муғризонаеро ҳамчун роҳкори худ қарор додаанд.  Дар он замон барои ҳамагон маълум буд, ки на фақат ҶТ, балки тамоми ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ аслан ҳеҷ монеае дар ҷодаи касби истиқлоли худ надоштанд ва ҳеҷ кадоме истиқлолияти худро бо роҳи муборизаҳои мусаллаҳона ба даст наовардаанд. Пас ҳадафи ин “муҳаққиқон”-и навин аз таҳрифи ин саҳифаи таърихи мо дар чист? Ҳадафи эшон фақат машруъият додани инқилоби номуваффақи исломиашон ҳасту бас, яъне онҳо ба ин васила мехоҳанд бигӯянд, ки гӯё аслан барои ба даст овардани  истиқлолияти сиёсии миллат мубориза бурдаанд. Бародарони “муҳаққиқ”, дурӯғе ба ин бузурги дар даҳони кӯчаки шумо намегунҷад! Ба ҳаққи муқаддасоте, ки аз онҳо фақат ҳамчун шиор истифода мекунед, дурӯғ нагӯед!

Дар бахшҳои 7-ум, 8-ум ва9-уми мақола кӯшиш шудааст, ки аз фарди хоину ҷиноятпешае чу А.Назарзода марде қонунписанд ва гузашта аз ин ватанпарасту қаҳрамон тасвир ва тасаввур карда шавад. Гӯё, ки мавсуф ҳатто шоми 4-ми сентябри соли 2015 ҳам ҳини суҳбати худ бо ҳамсояаш эшони Абдусаттор, яъне узви Риёсати олии ТТЭ ЊНИ ҳеҷ нишонае аз исёнгариро ба муқобили давлат дар гуфтору рафтору афкор надошт. Ин нуктаро муаллифон бар асоси нақли ҳамон эшони Абдусаттор таъкид мекунанд, вале бубинед, ки онҳо дар идомаи сухани худ дар қолаби ҷумлаҳои пур аз хато, ки тавҳин бар забони модарии мост, чӣ гуфтаанд: “Аз вазъияти исломситезӣ ва маҳдудиятҳое, ки бар мардум таҳмил мешуд ҳам табиӣ буд норозӣ бошад. Табиатан Абдуҳалим Назарзода ҳам аз ин вазъият норозӣ буд”. Яъне Назарзода аз диди равонӣ ва амалӣ барои исён омода буд. Ташаккур мекунем, аз ин “муҳаққиқон”-и дурӯғин, ки агарчанде нохоста ва нохудогоҳона бошад ҳам далели дигареро аз дидгоҳи илми равоншиносӣ дар ихтиёри муҳаққиқони воқеӣ гузоштанд ва аз ин тариқ низ  тасдиқ карданд, ки ҷинояти мазкур аз қабл тарҳрезишуда буд.

Дар саросари ин навишта ва ба вижа дар боби 10-уми он аз дидгоҳи илми забоншиносӣ ва шевашиносӣ ба осонӣ метавон пай бурд, ки дар пушти саҳнаи ин фазосозиҳо ва ҷангҳои равонӣ, аз ҷумла эҷоди мақолаи мавриди назар маҳз ниҳодҳои махсуси ҶИЭ истодаанд. Илова ба он ки маркази сомонаи BY  KEMYAE SAADAT, яъне интишордиҳандаи мақолаи мазкур дар ҶИЭ ҷойгир аст ва он тавассути марказҳои иттилоотии ин кишвар идора мешавад, сабки навишти он низ далели гӯёе бар дахолати бевоситаи бародарони таоруфии мост. Корбурди таъбирҳо ва  услуби ҷумлабандиҳои ин навишта радди пои бародарони ҳамзабони моро аз кӯча-кӯчаи сатрҳои ин навишта исбот мекунад, ба вижа ин ҷумла: “Ба ҳар ҳол аммо баъдтар он иттифоқоте, ки шунидаед-ро барои мардум таъриф карданд ва ҳанӯз ҳам ибҳомоти зиёде дар ин замина вуҷуд дорад”. Ҳаргиз дар забони тоҷикӣ касе баъд аз феъл пасванди  “-ро” –ро 

мавриди корбурд қарор намедиҳад, зеро ин услуби корбурди пасванди мазкур куллан хато аст ва  дар адабиёти классикии форсу тоҷик низ ҳаргиз чунин намекарданд. Маълум аст, ки фармоишгарон ба хотири суръати кори худ гоҳ-гоҳе бинобар таъхири гумоштагон дар иҷрои кор маҷбур мешаванд, ки худ қаламро ба даст гиранд ва ҳарза эҷод кунанд.  

 Дар бахши 11 нуктаи ҷолиб ин аст, ки муаллифон барои бегуноҳ нишон додани Мирзокарим (бародари бузурги А. Назарзода) он қадар кӯшиш ба харҷ додаанд, ки ҳимояшавандаи асосии худ, яъне А.Назарзодаро таҳти суол гузоштаанд. Махсусан дар ин маврид, ки гуфтаанд: “Эшони Мирзокарим ҳам илова бар ин ки як тоҷири муваффақ дар кишвар маҳсуб мешуд, шахсияти бисёр хуб ва диндор ҳам буд. Ин воқеаҳое, ки дар 4 ва 5 сентябр иттифоқ афтод, эшон ҳатто хабар ҳам надошт. Мо то ҳудуде иттилоъ доштем, ки ҳатто бо дидгоҳҳои женерол Назарзода мувофиқ ҳам набуд”.  Яъне чӣ? Муаллифон боз нохудогоҳона бархилофи мавзеъгирии умумии худ, ки тазоҳуроти 4-уми сентябрро нақшаи қаблан тарҳрезишуда унвон додан намехоҳанд ва дар гуфтору рафтору афкори Назарзода ҳеҷ нишонае аз исёнгариро ба муқобили давлат ҳатто дар шоми 4-уми сентябр бинобар нақли шоҳидон намудор надонистаанд, далели дигаре бар хилофи хостаҳои худ ва бар нафъи ҳақиқат овардаанд ва он далел ин аст, ки бародараш гӯё бо “дидгоҳҳои женерол Назарзода мувофиқ ҳам набуд”. Пас “дидгоҳҳои женерол Назарзода” хеле махуф будааст, ки бо он ҳатто бародараш мухолиф будааст. Ин нукта ба таври возеҳ нуктаҳои қаблии муаллифонро дар хусуси он ки гӯё Назарзода дар гуфтору афкори худ ҳеҷ осори ихтилоф надошт, рад мекунад.   

Умуман,  тазоњуроти мусаллаҳонаи А.Назарзода нақшаи хоинонаи аз қабл тарҳрезишудае буд, ки наметавонист бидуни пуштвонаи хориҷӣ сурат гирад.  Ин тазоњуроти мусаллањонаи хунин ва нангин, ки боиси марги дањњо нафар ва бесаробонии чандин хонадону ятимии садњо  кўдакону тифлони маъсум гардид, ба љуз кирдори бемантиќ ва амали ифротгароёна чизе нест.Љонфидоињову аз худ гузаштанњо ба хотири ободии Ватан бояд бошад, на ба хотири харобии он. Ҳар касе, ки  ин аъмоли ҷинояткоронаи нохалафоне чун А.Назарзодаро тобиши дигаре додан мехоҳад, худ ҷинояткор ва   нохалаф аст.  

Исомиддин Шарифзода, номзади илмҳои фалсафа

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: